Хабарҳои тоза

Чаро барномаи давлатӣ иҷро намешавад?

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои амалӣ намудани ҳамкории байни секторҳои давлатӣ ва хусусӣ дар самти беҳтар намудани  дастрасии кӯдакону наврасон ба таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи майи соли 2014 бо қарори №295  «Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020»-ро қабул намуд. Мутаассифона, амалишавии барномаи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи ... Read More »

Беҳ мебуд, агар…

Дар тамоми давру замонҳо воситаи беҳтарини санҷиши дониши одамон имтиҳон ба ҳисоб мерафт. То санҷиш набошад, хулосабарорӣ мушкил аст. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ имтиҳон тариқи низоми тестӣ мегузарад. Ин усул олиҷаноб аст, чунки ба дохилшаванда ба ғайр аз дониши худаш касе ёрӣ расонида наметавонад. Пештар имтиҳон дар мактабҳои миёна тестӣ мегузашт. Якҷо бо саволҳои тестӣ ... Read More »

Омӯзиши касб – муҳим

Бо  афзоиши аҳолии ҷумҳуриамон ва зиёд гардидани  қувваи қобили меҳнат таваҷҷуҳ ба касбҳои коргарӣ меафзояд. Маблағҳои дар ин самт ҷудогардидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба фарогирии калонсолон ва занону ҷавонон бо шуғли пурсамар равона гардида, ҳунарҳои дастӣ ва касбҳои мардумӣ ривоҷ дода мешаванд. Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамавақт барои баланд бардоштани кас-бомӯзии  калонсолону ҷавонон ва мутобиқ гардонидани сатҳи кас-бияти онҳо ба талаботи  бозори  меҳнат  ... Read More »

Озмунҳои гурӯҳӣ самароваранд

Баргузории озмунҳои гурӯҳии хонандагон дар ташаккули коллективии хонандагон ва баланд бардоштани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, омӯзгори физикаро лозим меояд, ки чунин навъи чорабиниро байни синф ва дастаҳои алоҳида мунтазам ташкил ва баргузор кунад. Омӯзгор бояд барои гузаронидани озмун омодагии хуб бинад. Ба хонандагон супориш диҳад, ки мавзӯъҳои фасли муайяни китоби дарсиро, ки дар дарсҳо онро  хондаанд, такроран ... Read More »

Таълимгоҳе дар Оббурдон

«Посбон»-и мактаб Дар ноҳияи Мастчоҳ сафарамон идома дошт. Дар ҷамоати деҳоти Оббурдон аз назди бинои бошукӯҳи мактабе даргузар шудем. Субҳи рӯзи якшанбе буд. Майле дар диламон пайдо шуд, ки саҳни таълимгоҳ ва атрофи онро тамошо бикунем. Гумон кардем, ки чун рӯзи истироҳат аст, дар мактаб касе нест, вале баробари вориди саҳни он шудан аз куҷое ба истиқболамон марди пуррапайкари хушсурате ... Read More »

Кор шамшер мекунад, на ғилоф!

Мусоҳиба бо мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ Нуриддин Боқиев — Муаллими муҳтарам, мо дар бораи аҳли маорифи ноҳияи Мастчоҳ ва фаъолияти бавусъату комёбиҳои шоистаашон суханони нишотбахш бисёр шунидаем ва инак, хурсанд аз онем, ки лаҳзае чанд бо шумо, сарвари омӯзгорони ноҳия, суҳбат меорем. Ростӣ, ҳеҷ гумон надоштем, ки суҳбатамон дар чунин биное куҳнаву фарсуда сурат мегирад. — Барои оғози суханатон ... Read More »

ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

Дар театри мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ чорумин фестивал — озмуни истеъдодҳои наврас — «Табассум» баргузор гардид. Фестивал – озмун аввал дар сатҳи ноҳияҳои вилоят ва шаҳри Хоруғ баргузор гардида, ҷамъбасти он дар маркази маъмурии ВМКБ шаҳри Хоруғ бо иштироки 33 нафар ғолиб баргузор гардид. Ба иттилои директори ташкилоти ҷамъиятии «Де Памир» Ёралӣ Бердов, тайи чор ... Read More »

Мухтасару пурмаъно

Ҳабиб Искандаров мактабшиноси маъруф буда, оид ба ҳар масъалаву мушкилоти соҳаи маориф андешаи хоси худро дорад. Доираи мулоҳизаву муҳокимаҳои устод на танҳо паҳлуҳои мушаххаси илму таълиму тарбият, балки масъалаҳои умумии соҳаи маориф, илми педагогика, баррасии назару ақидаҳои донишмандони соҳаро дар бар мегирад. Ин аст, ки таълифи навбатии муаллим бо номи «Баъзе масъалаҳои муҳимми маориф ва шинохти чеҳраҳои мактаб» ҳамчун асари ... Read More »

Садамаи осебовар чист?

Садмаи осебовар гуфта, ҳолати вазнини умумии организмро меноманд, ки ба он тадриҷан бад шудани ҳамаи функсияҳои ҳаётӣ хос аст. Ин ҳолат дар натиҷаи осебёбӣ пайдо шуда, ба он беҳад вайрон шудани танзимкунӣ (регулятсия)-и асабӣ, вайроншавии гардиши хун (гемодинамика) ва мувозинаи ҳормоналӣ хос аст. Ду марҳилаи садамаро фарқ мекунанд: а) марҳилаи ошуфтагӣ (изтиробӣ, ҳаяҷонӣ) — дарҳол баъди осебёбӣ пайдо шуда, ба ... Read More »

Маъюбонро дастгирӣ мебояд

Таълими интегратсионӣ ҳоло яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии кишварҳои демократӣ ба шумор меравад. Дар конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак эълон гардидааст, ки ҳуқуқи одамони маъюб бо интегратсия ба ҷамъият таълими якҷояи онҳо бо хонандагон солим мебошад. Ташкил намудани таълими кудакон бо имконияти маҳдуд дар мактабҳои умумӣ омодагии муайянеро талаб мекунад. Айни ҳол дар шаҳри Душанбе чунин ... Read More »