Хабарҳои тоза

Дарсҳои омӯзандаи Гулнора

Гулнора Сафарова соли 2005 аз муассисаи таълимии рақами 6-и шаҳраки ба номи Лоиқ Шералӣ ба муассисаи таълими миёнаи умумии рақами 13-и деҳаи Некнот ба кор омад  ва директори муассиса шод-равон  Шаҳобиддин Шарофов ба муаллима синфи якро супорид. Гулнора таҷрибаи  хуби омӯзгорӣ дошт. Ӯ пас аз хатми Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент (ҳоло Коллеҷи омӯзгорӣ) соли 1997 дар муассисаҳои таълимии рақамҳои  53 ... Read More »

Аз пайраҳаи омӯзгорӣ то сарварии мактаб

— Ифтихормандам, ки беш аз 25 сол  ба таълиму тарбияи  насли наврас машғулам. Аз ҳарвақта дида,  имрӯз масъулияти омӯзгор бештар  гардидааст, зеро ӯ бояд дар баробари таълим, инчунин, аз тамоми навигарию иттилооти ҳаёти ҷомеа  ва ҳаводиси байналмилалӣ огоҳ бошад ва хонандагонро аз хатарҳои замони муосир огаҳ намояд, — мегӯяд директори мактаби №16-и ноҳияи Мастчоҳ Орзугул Шарифова. Ин гуфтаҳои муаллима мақоли ... Read More »

Тавба

Ба вай чӣ воқеа рӯй додааст? Чаро якбора забонаш аз гуфтор монда, ҳарфе ба лаб  оварда наметавонад? Ҷон коҳонда сухан гуфтан мехоҳад, аммо… овози гунгонаи пахшхӯрдаю номафҳум аз вораҳои даҳонаш берун мебарояду халос. Наход, гунг шуда бошад? Чӣ даҳшати  бузургест барои инсон аз забон мондан. Магар хоби сиёҳу кобусие дида, сахт тарсидааст? На, на, хобҳои дидаашро ҳеҷ дар ёд надорад. ... Read More »

Рӯзи мавлуд

Дарси адабиёт. Омӯзгор мебоист дар асоси нақша мавзӯъҳои гузаштаро такрор кунад.  Аммо ҳамин лаҳза толибае даст бардошт ва ишора кард, ки пешниҳоде  дорад. — Марҳамат, фикратонро баён кунед. — Устоди азиз, такрор кардани мавзӯъҳои гузашта барои мустаҳкам гардидани донишамон замина хоҳад шуд. Лекин агар шумо иҷозат диҳед ва ҳамсинфонам ризо бошанд, ҳикояи таълифнамудаи маро таҳлил кунем, шарикдарсон фикру мулоҳизаҳояшонро гӯянд, ... Read More »

Сифати таълим беҳ гардид

Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки бо мақсади иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли ҷорӣ барои бунёди бинои маъмуриву таълимии Донишгоҳи тиббӣ санги асос гузошта шуд. Бунёди бинои нуҳошёнаи муосири маъмуриву таълимии донишгоҳ барои боз ҳам беҳтар ... Read More »

Аъзои пайваста ва вобастаи Академияи илмҳо интихоб гардиданд

14 июл дар Академияи илмҳои Тоҷикистон бо мақсади ҷалб намудани олимони намоёни кишвар ба фаъолияти илмии академӣ, пурзўр намудани роҳбарии таҳқиқотҳои бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаҳои гуногуни дониш ва пурра кардани ҳайати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоботи аъзои пайваста  (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳо доир гардид. Интихобот тибқи муқаррароти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оинномаи ... Read More »

Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионӣ ба фаъолият шурӯъ мекунад

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, ки дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионӣ таъсис дода шавад ва ба он донишмандони технологияи инноватсионӣ, ҷавонони болаёқат ва ихтироъкор ба корҳои илмиву пажӯҳишӣ ҷалб карда шаванд. — Моҳи майи соли равон тибқи қарори ... Read More »

158 медали варзишгарони тоҷик дар 6 моҳ

Аҳтам Абдуллозода  раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишас-ти матбуотӣ иброз дошт, ки варзишгарон тоҷик дар нимсолаи аввали соли равон  дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда,  158 медал (46 тилло, 41 нуқра ва 71 биринҷӣ) ба даст оварданд. Гуфта шуд, ки аз ҷониби  кумита  ва сохтору ташкилотҳои он то имрӯз 8944 чорабинии гуногуни илмӣ-амалӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ, ... Read More »

Медали Инъомҷон аз озмуни ҷаҳонӣ

Аз 6 то 15 июли соли 2017 дар давлати Таиланд олимпиадаи ҷаҳонӣ «49th ICho-2017» аз фанни химия баргузор гардид. Дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро 4 нафар хонанда: Инъомҷон Маҷидов, Насимҷон Шамсуддинов, Фахриддин Соҳибназаров аз литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ва Аҳрор Маматқулов  аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 — и ноҳияи Спитамен муаррифӣ карданд. Дар олимпиада аз 77 давлати ... Read More »

Омилҳои ҳамгироии иҷтимоӣ дар шароити истиқлоли давлатӣ

Ҳар як умумияти иҷтимоӣ барои иҷрои нисбатан самараноки вазифаю кӯшиши расидан ба аҳдофи рушди худ ба типи мувофиқи ҳамгироии иҷтимоӣ такя мекунад. Шакли чунин ҳамгироӣ асосан аз муҳтавои равобиту муносибатҳои иҷтимоии байни аъзоёни  ин  умумиятҳо  бармеояд. Интиқоли  шакли  ҳамгироии иҷтимоии  барои  як  умумияти  таърихии  одамон  хос  наметавонад  барои  дигар  шакли  нисбатан  мураккабтари  умумияти  таърихӣ  самаранок  падидор  бигардад.  Аз ин лиҳоз, ... Read More »