Хабарҳои тоза

Мулоқот бо донишҷӯён

Дар ҷараёни сафари расмӣ Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Корея бо донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ин мамлакат мулоқот намуд. Дар он зиёда аз 60 нафар донишҷӯи тоҷик иштирок карданд. Ҳоло дар Ҷумҳурии Корея беш аз 100 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз дастовардҳои пуршарафи Истиқ-лоли давлатии Тоҷикистон ёдовар шуда, аз ҷумла, ... Read More »

Хонандагони тоҷик — соҳиби шоҳҷоиза

Аз 8 то 11 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон олимпиадаи байналмилалии лоиҳавӣ аз фанни технологияи информатсионӣ баргузор гардид. Дар он аз 30 давлати дунё  180 лоиҳа ва 360 нафар, аз ҷумла, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 хонанда бо 5 лоиҳа  иштирок намуданд. Дар олимпиадаи мазкур хонандагони Мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе, литсей-интернати муштараки тоҷикӣ –туркии шаҳри Кӯлоб, литсей-интернати муштараки ... Read More »

Фаъолияти аҳли маориф вусъат меёбад

Маърӯзаи муовини аввали вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев «Оид ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2015» Ҳозирини гиромӣ! Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ дар давраи ҳисоботӣ ба вазоратҳои марбутаи ҷумҳурӣ вобаста ба иҷрои муқаррароти бандҳои  соҳавии протоколҳои ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ маълумотномаҳои дахлдор пешниҳод намуда, барои густариши ҳамкориҳо бо Федератсияи Россия ва як қатор ... Read More »

Сабқат ва ғалабаи беҳтаринҳо

(Гузориш аз даври ҷумҳуриявии олимпиадаи  хонандагон аз фанҳои табиӣ-риёзӣ) Рӯзи аввал 11-12 апрели  соли равон  дар гимназия-парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ даври ҷумҳуриявии  (чоруми) олимпиадаи хонандагон аз фанҳои табиӣ-риёзӣ баргузор гардид. Дар он 175 нафар хонанда аз фанҳои  биология, география, математика, технологияи информатсионӣ,  физика ва химия  донишу маҳорати худро санҷиданд. Бояд қайд намуд, ки аз фанҳои номбурда  хонандагони ... Read More »

Ҷашни маърифату хирадварзӣ

Қайдҳо аз Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” Бо ташаббуси китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар, дастгирии бевоситаи Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳамасола дар мамлакат Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор мегардад. Мақсади аслии фестивал баланд бардоштани сатҳи маънавиёт, ахлоқ, рушду ташаккули ҳамаҷонибаи наврасон мебошад. Оғози ҷашни китоб Рӯзи ... Read More »

Ҷ.Ҷӯрабоев: Комёбиҳо назаррасанд

Мусоҳиба бо ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд. Омӯзгорон рейтинг месупоранд -Таъсиси донишгоҳҳо дар замони истиқлол падидаи хуб арзёбӣ мешавад, ба шарте ки дастовардҳои назаррасро соҳиб шуда тавонем. Мехостем, дар бораи фаъолияти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, чанд сухан бигӯед. -Дар соле, ки сипарӣ гашт, меҳвари асосии кору пайкори ҳайати устодону профессорони донишгоҳро ... Read More »

Ҳамоиши судманду ҳадафрас

Ҳафтаи гузашта дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур  чорумин Намоишгоҳ – ярмаркаи  байналмилалии таҳсилот дар Федератсияи Россия барпо гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагони беш аз сӣ мактаби олии таҳсилоти касбии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Белорус ширкат намуданд. Намоишгоҳ – ярмаркаи байналмилалӣ бо сухани муқаддимавии  муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев ифтитоҳ ёфт. Номбурда меҳмононро ... Read More »

Дарҳои мо барои ҳама боз

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар заминаи мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии раёсати «Тоҷикматлубот» Рӯзи дарҳои кушода баргузор гардид, ки дар он наздик ба ҳазор нафар хатмкунанда аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею гимназияҳо иштирок намуданд ва бо вазъи таҳсил, таҷҳизот, пойгоҳи моддию техникӣ ва дастовардҳои донишгоҳ аз наздик ва бевосита ошноӣ пайдо карданд. ... Read More »

Рӯзи парандагон

Дар Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии “Рӯзи парандагон” баргузор гашт.  Директори марказ Х. Холназаров. маҳфилро кушода, доир ба ҳадафи баргузории озмун суханронӣ кард. ӯ, аз ҷумла гуфт: “Бо мақсади пешгирии босуръати кам шудан ва маҳдуд гардидани саршумори ҳайвоноту набототи камшуморе, ки дар хавфи нестшавиянд, олимон онҳоро дар “Китоби сурх” ворид намудаанд, ки ... Read More »

Болу парам рафт

Аз дафтари хотироти Соҳиб Табаров Рӯзи 16.02.2014 бо ёрии ҷиянҳоям мақолаеро аз журнали «Мактаб», №5, соли 2014 бо номи  «Шояд ин охирин Ғарм омаданҳои мо бошад»-ро хонда, он рӯзҳои мудҳишро ба ёд овардам. Барои тақвияти он аз дафтари «Таассуроти ақлу дил» қайдҳои он рӯзҳоро ба ихтиёри шумо, кормандони маҷалла ва ҳафтаномаи «Омӯзгор» месупорам: 15.02.2014, шанбе. Шабам нохуш ва бо бедорхобӣ ... Read More »