Хабарҳои тоза

Маориф дар соли 2014 ва вазифаҳо дар соли 2015

Дар маҷлисгоҳи Мактаби байналмилалии Президентӣ ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти вазорат дар соли 2014 ва вазифаҳо барои соли 2015 баргузор гардид. Дар он муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ, вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, кормандони масъули вазорат ва идораҳои тобеи он, роҳбарони муассисаҳои ... Read More »

Чаро оқил кунад коре…

Яке аз масъалаҳои умдаи  рўз  ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар ватани азизамон – Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.   Бинобар ин,  калонсолон ва дигар шахсони масъул бояд ба ҷавонон фаҳмонанд,  ки  ба ҷои беҳудагардӣ китоб мутолиа намоянд, ба волидайни худ ёрӣ расонанд ва ё ба ягон машғулияти фоиданок вақти худро сарф кунанд. Шахси босавод, бохабар ва соҳибдониш  ... Read More »

Дарси одамият – 2

(Тарбияи инсондўстии хонандагон аз куҷо маншаъ мегирад?) Ҳангоми фаъолияти омўзгориам дар мактаб хонандае дар мавзўи «Гуманизми Саъдии Шерозӣ» хоҳиш кард: — Моҳияти гуманизмро амиқтар мефаҳмондед. Кутоҳу муъҷаз фаҳмонидам, ки гуманизм дўст доштани инсонҳост. Ва ин муҳаббат зоҳирию рўякӣ набуда, балки самимонаю беғаразона бояд бошад. Оре, гуманизм дўст доштану меҳр варзидан ба бани башар  аст, новобаста аз ирқу нажоду миллат. Пас, ... Read More »

Муваффақиятҳо назаррасанд

Муваффақияти асосие, ки соли гузашта Донишгоҳи давлатии омўзгории  Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ноил шуд, бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфтани  як бинои 5 ошёна бо 5 синфхонаи компютерӣ мебошад,   — иброз дошт ректори донишгоҳ,  академик  Носирҷон Салимов  дар  нишасти матбуотӣ, ки 12 январи  соли ҷорӣ бо иштироки кормандони донишгоҳ ва намояндагони ВАО баргузор гардид. — ... Read More »

Расм дарсро муассир мекунад

Забономўзӣ аз фазилатҳои муҳими ҳар як шахс аст ва донандаи забонҳо ҳам барои машғул шудан ба фаъолияти шоиста ва ҳам барои муошират хориҷ аз зодбум имконоти зиёд дорад. Мақоли машҳури «Забондонӣ ҷаҳондонист» ин маъниро хеле барҷаста ифода мекунад. Айни муддаост, ки дар таълимгоҳҳои Тоҷикистон солҳои охир ба забономўзӣ ва таълими забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир мешавад. Сарвари кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ ... Read More »

Ҳофизаи таърихӣ ва шинохти маърифат

Вазъи иҷтимоии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мактаби имрўз, пеш аз ҳама, тарбияи меҳанпарастӣ, ватанхоҳӣ ва шаҳрвандиро талаб менамояд. Бо ин мақсад фанни таърих дар баробари дигар фанҳои ҷомеашиносӣ нақши муҳими тарбиявию таълимӣ дорад. Сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бисёр  кишварҳои ҷаҳони мутамаддин пайваста бо илм бо суръати баланд инкишоф ёфта истодааст. Айни замон таваҷҷуҳи бештари ... Read More »

Қаҳрамонон фаромўш намешаванд

Хонандагони гиромӣ! Маро баромадҳои иштироккунандагони Пленуми 4-уми Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷбур кард, ки андешаи худро баён кунам. Раиси Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Мамаднасим Табаров иброз дошт, ки мактаб, кўча, хиёбонҳо дар вилоят ба номи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузошта шудаанд. Раиси шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Қўрғонтеппа Амон Боев қайд кард, ки дар ... Read More »

Ватанам — Тоҷикистон

Намунаи як соати тарбиявӣ Дар Консепсияи миллии тарбия омадааст: «Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва яке аз рукнҳои муҳими тарбия мебошад». Аз ин рў, омўзгорро зарур аст, ки шогирдонро дар рўҳияи ватандўстӣ, хештаншиносӣ тарбия намояд то баҳрии ободии Ватан ҳисса гузоранд. Ба таври намуна мухтасари як соати тарбиявиро, ки ба мавзўи «Ватанам — Тоҷикистон» бахшида шудааст, пешниҳод менамоем: Мақсад: Тарбияи хонандагон дар ... Read More »

Робитаи фанҳои алгебра ва геометрия

Ду ҷиҳати методологии робитаи байнифаннии математикаро бояд қайд кард: 1. Мавқеи математика дар омўзиши (таҳлил ва тадқиқи)  мазмуни фанҳои гуногун (физика, химия, биология, география ва ғайра); 2. Тавсифи амалӣ доштани математика, ки бо универсиалӣ будани сохтор ва қонунҳояш омўзиши масъалаҳои мушаххаси фанҳои табииро ба худ ҷалб мекунад. Дар ҳар ду ҳолат ҳам, мавқеи математика муайянкунандаи асосӣ мебошад, зеро ҳамон як ... Read More »

Мероси падар

Донишманде буд. Ў як хона, як китобхона ва як боғи зебо дошт. Донишманд соҳиби се писар буд. Доимо фарзандонашро насиҳат  мекард, ки ҳамеша ва дар ҳама ҳолат  ба ҳамдигар мушфиқу меҳрубон бошанд. Фарзандон насиҳатҳои падар пазируфта буданд. Ҳамеша сари як дастархон сарҷамъ хўрок мехўрданд, аз ҳоли ҳамдигар пурсон мешуданд ва бо маслиҳати ҳамдигар кор мекарданду умр ба сар мебурданд. Зиндагӣ ... Read More »