Хабарҳои тоза

Аз ту дорем ифтихор!

Кӯдакистони деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Фархор соли 1980 таъсис ёфтааст, вале имрӯз мо наметавонем бигӯем, ки он 36 сол боз фаъолият дорад, зеро дар ин миён муассисаи томактабии мазкур 20 сол аз фаъолият бозмонд ва акнун дарозои фаъолияташ ҳамагӣ 16 солро дар бар мегирад. Соли 1991 дар қабзаи вазъи ногувори иқтисодию сиёсӣ кӯдакистон аз фаъолият бозмонд ва пасонтар ба бошишгоҳи муваққатии ... Read More »

«Омӯзгор» дар ноҳияи Фархор

Макун дард аз табиби хеш пинҳон Ба суолҳои мухбири ҳафтаномаи «Омӯзгор» мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор Ғазалшо Сафарзода посух мегӯяд. - Муаллими муҳтарам, соли равон дар чанд ҷаласаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи маорифи ноҳияи Фархорро дар шумори чанд муассисаи муваффақ ба забон оварданд. Комёбиҳои шуъба бо чӣ ибтикороте ҳамбастагӣ доранд? - Омили басо маъмул ва дерини муваффақ ... Read More »

ВАО ва муборизаҳои геополитикӣ

Бо ташаббуси кафедраи журналистикаи  байналхалқии факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  таҳти унвони  «Фаъолияти ВАО дар пасманзари муборизаҳои геополитикӣ дар Осиёи  Марказӣ» бо иштироки сардабирони як қатор рӯзномаву маҷаллаҳо, устодони факултаи журналистикаи донишгоҳ, рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ  конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Раиси Иттифоқи  журналистони Тоҷикистон, директори Академияи ВАО  Зинатулло Исмоилзода оид ба мавзӯи «Фаъолияти ВАО дар партави манфиатҳои геополитикӣ» суханронӣ ... Read More »

Таҷлили рӯзи парчами миллӣ

Дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов ба ифтихори таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Муовини директори иҷроияи филиал оид ба илм, тарбия ва масъалаҳои иҷтимоӣ Бӯрӣ Шукуров ҷаласаро оғоз бахшида, хотирнишон намуд, ки Парчам дар ҳаёти мардуми мо таърихи куҳан дошта, рамзи нангу шараф, сарбаландӣ ва ифтихори миллист. Рӯзи Парчами миллӣ яке аз ҷашнҳои даврони соҳибистиқлолии ... Read More »

Ҳадаф: такмили сифати таълим

Шарҳи мухтасари Лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ», ки онро Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузорӣ намудааст ва татбиқаш аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2016-2021 амалӣ мегардад Дар баробари амалӣ гардидани лоиҳаҳои дигаре ба мисли Лоиҳаи чоруми гранти Фонди глобалии таҳсилот (ГПО-4), Лоиҳаҳои «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо», Лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна», ки татбиқашон аз тарафи Вазорати маориф ... Read More »

Низомномаи

Олимпиадаи даставии  хонандагони муассисаҳои литсей, мактабҳои Президентӣ ва литсейҳо барои хонандагони болаёқат аз фанҳои табиӣ-риёзӣ Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28. 10. 2016  №16/23 тасдиқ гардидааст. 1. Қоидаҳои умумӣ 1.1.Низомномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидааст. 1.2.Олимпиадаи ... Read More »

Омодагӣ ба олимпиадаҳои байналмилалӣ

Иштирок ва сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидани хонандагони болаёқати ҷумҳурӣ дар олимпиадаҳои фаннӣ ва лоиҳаваии байналмилалӣ нишондиҳандаи рейтинги илмии хонандагони зинаи таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумӣ маҳсуб меёбад. Дар олимпиадаҳои мазкур хонадагони лаёқатманди синни мактабӣ ҷалб карда мешаванд. Тавре ба ҳамагон маълум аст, давомнокии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар бархе аз давлатҳои ҷаҳон гуногун мебошад. Лекин новобаста аз ин, хонандагон метавонанд дар ... Read More »

Ба зимистонгузаронӣ омодаем

Омодагӣ ба зимистон-гузаронӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хуб ба роҳ монда шудааст. Азбаски тирамоҳу зимистони соли гузашта нисбатан гарм омада буд, баъзе аз мактабҳои вилоят миқдори муайяни ангишту ҳезумро захира намуданд. Тибқи иттилои муовини сардори раёсати маорифи вилоят Абдулвоҳид Амонбеков, соли ҷорӣ барои зимистонгузаронии соҳаи  маорифи вилоят 7,5 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Аз 312 муассисаи ... Read More »

Намоиши «Сандуқчаи зулбиё»

Бо саҳмгирии Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (UNISEF) дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USAID) дар толори Маркази давлатии ҷавонони шаҳри Хоруғ чорабинии «Таҳсилот аз хурдсолӣ оғоз меёбад» баргузор гардид. Барои  кӯдакони синни томактабии кӯдакистонҳо, марказҳои инкишофи барвақт ва хонандагони синфҳои ибтидоии шаҳри Хоруғ филми тасвирии «Сандуқчаи зулбиё» (дар 25 қисм), ... Read More »

Дар боби покизагии гуфтор

Баъди  аз сар гузаронидани ҷанги шаҳрвандӣ  дар саҳнаи ахлоқии ҷомеаи мо ҳама чиз ёфт мешавад: ҳам ҷавонони баору номус ва ҳалиму ҷӯянда, ҳам авбоши худсару хирасари бетарбия ва ҷинояткор ва ҳам духтару писарони ҳайрону парешони роҳгумзада, ки ҳанӯз ба кадом роҳ рафтани худ-ро намедонанд. Вазифаи қувваҳои солимфикри ҷамъият ва созмонҳои гуногуни ҷавонон аз он иборат аст, ки маҳз бо ҷавонони ... Read More »