Хабарҳои тоза

Фарзанди ҳунар бош!

Худро шахси хеле хушбахт меҳисобам, зеро дар зери осмони софу беғубор, табиати сабзу хуррам ва биҳиштосои  Тоҷикистони азиз бо хотири ҷамъу осуда  дар ҳалқаи фарзандону набераҳо зиндагонӣ мекунам. Аз тақдири хеш меболам, ки маро ҳамсарам аз хоки Озарбойҷон ба ҳамин кишвари зебо ва оилаи ҳунарманд  овард.  Ҳамин сабаб гашт, ки ман низ болои ҳунарҳои мардуми озар боз ҳунарҳои мардуми тоҷикро ... Read More »

Муносибати босалоҳият ба таълим падидаи нав нест

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ бо муаллифони китобҳои дарсӣ оид ба муносибати босалоҳият дар таълим баргузор шуд. Нишастро вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид ифтитоҳ бахшид. Муовини вазир Латофат Назирӣ қайд кард, ки муносибати босалоҳият дар таълим бо вуҷуди ҳамчун падидаи нав қабул шуданаш, аслан дар таърихи таълиму тарбияи халқи тоҷик падидаи нав нест. Зеро тӯли ҳазорсолаҳо мардуми ... Read More »

М. Раҷабзода: Ҳафтод нафарро хориҷ кардем

Дар соли 2017 Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзодаро 509 нафар донишҷӯ, аз ҷумла шаш нафар бо дипломи аъло ва шуъбаи  магистратураро  сӣ  нафар, аз ҷумла, нуҳ нафар бо дипломи аъло хатм  карданд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон ректори донишкадаи мазкур, профессор Маҳмадулло Раҷабзода. — Имрӯз дар воҳидҳои сохтории донишкада чор факулта – филологияи тоҷик, филологияи ... Read More »

Қонуни манфиатбахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз  дӯши мардум бори гаронро рафъ кард. Ҳоло сокинони мамлакат бо татбиқи қонун маъракаҳои худро бо осонӣ ва бо хароҷоти кам мегузаронанд. Боиси хурсандист, ки ба қонуни мазкур дар кишварҳои ҳамсоя низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онро дастгирӣ карданд. Гузаштагонамон ҳамеша исрофкориро маҳкум мекарданд. Масалан, шайх Саъдӣ ин ... Read More »

Вожаомӯзӣ дар синфҳои ибтидоӣ

Дар дарси забони модарӣ дар синфҳои  ибтидоӣ яке аз роҳҳои рушду сайқал бахшидани нутқи шифоҳии хонандагон ин омӯзиши луғат ва маънии вожаҳо ба шумор меравад. Дар ҳар як машғулият ҳангоми гузаронидани мавзӯи нав омӯзгорро зарур аст, ки хусусиятҳои  гуногуни  тобиши  маъноии калимаҳоро шарҳу тавзеҳ дода, нахуст, маънии вожаҳоро тафсир намояд, баъдан аз матни додашуда муродифу омоним ва антонимҳоро ёфта ба ... Read More »

Бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.02.2018, №355 тасдиқ шудааст

Номгӯи мавзӯъҳои эссе аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик барои довталабони соли таҳсили 2018-2019 Мавзӯъҳо аз адабиёти классикӣ Рӯзгор ва осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Ақидаҳои ватандӯстӣ дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ Ҳаёт ва эҷодиёти Носири Хусрав Рӯзгор ва мероси адабии Низомии Ганҷавӣ Мавзӯъ ва мундариҷаи рубоиёти Умари Хайём «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ – асари таълимию ахлоқӣ Мазмун ва мундариҷаи «Рисолаи дилкушо»-и Убайди ... Read More »

Ихтисоси нав дар соҳаи сайёҳӣ

Зимни нишасти матбуотӣ дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ректори донишкада, профессор Қодирзода Диловар Баҳриддин аз раванди таълим ва сифати таҳсилот дар нимаи дуюми соли таҳсили гузашта изҳори қаноатмандӣ намуд. Айни замон дар донишкада ҳуҷҷатҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ, нақшаҳои таълим барои 24 ихтисос дар зинаи бакалавриат, 8  ихтисос дар зинаи магистратура ва 3 ихтисос дар зинаи РhD  таҳия гардидааст. Қайд гардид, ... Read More »

Сифати таҳсилот 31.7 фоизро ташкил дод

— Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон соли дуюм аст, ки фаъолият  дошта, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2016, № 79 бо назардошти афзоиши аҳолии мамлакат   ва қонеъ намудани талаботи кишвар ба мутахассисони соҳаи тиб, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст, — гуфт ректори донишгоҳ,  доктори илмҳои ... Read More »

Сохтмони мактабҳо ба анҷом расонида мешаванд

Сардори  филиали раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб А. Бобоев  зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод: Дар давоми соли сипаригардида барои бо сифати баланд иҷро шудани корҳои сохтмониву васлгарӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ  1 миллиону 521 ҳазор  сомонӣ барои сохтмони муассисаҳои таълимии минтақаи Кӯлоб ҷудо гардида буд ва аз  ин маблағ дар давоми соли 2017    пурра истифода карда шуд. ... Read More »

Ҳадаф — тайёр намудани мутахассисони арзанда

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бори аввал таҳсил дар магистратура шурӯъ шуд. Аз 37 нафар аввалин магистрантҳо 30 нафарашон хатмкунандагони ҳаминсолаи донишкада мебошанд. Таълимгоҳ ният дорад баъзе камбудиҳо, аз ҷумла, норасоии устодони варзидаро дар ин зинаи таҳсилот рафъ намуда, мутахассисони арзанда тайёр кунад. Ректори донишкада Ҷ. Ғанизода вобаста ба суоли хабарнигорон оид ба Соли рушди сайёҳӣ ва ... Read More »