Хабарҳои тоза

Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016 Ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаи вазири маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидро “Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016” муҳокима намуда, қ а р о р   ... Read More »

Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ

Шуури муқаррарӣ ва муносибатҳо Дар структураи аввали шуури ҷамъиятӣ – «моли тоза»-и ҳар фард заминаи аслии муносибат ба Ватан, Миллат, Падару Модар, дӯстон, эътиқодот,  умуман муҳити ҷисмонӣ ва маънавии атроф шакл мегирад.  Ва муҳимтар аз ҳама, мундариҷаи муносибат ба моҳияти ин истилоҳот муайян мегардад. Рафторҳои иҷтимоӣ аз онҳо вобастагӣ пайдо мекунанд. Фаъолият ва муносибат аз ҷумлаи категорияҳое ҳастанд, ки аз ... Read More »

Ба таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав Вақте ки мо ба гимназияи давлатии рақами 1-и ноҳияи Носири Хусрав омада, бо директори он бонуи соҳибтаҷриба ва омӯзгори  собиқадор Малоҳат Ҳамроева вохӯрдем, хурсандии муаллимаро ҳадду канор набуд. — Ман 3 сол боз вазифаи сарварии муассисаи мазкурро ба уҳда дорам, — гуфт М.Ҳамроева. Бояд гуфт, ки шароитҳои гимназия вобаста ба талаботи ... Read More »

Иғвогар кист?

Мепазад ош дар сафол, вале Рӯсиёҳӣ ба дег мемонад… Дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» (№1(12017), 01.01.2016) вокунише бо номи «Баҳодур ӯроқов хонандаро ба «дом»-и худ мекашад…» дар посух ба мақолаи банда ва Шукрулло Маҳмадалиев дар нашрияи «Пайк» («Маорифчиёни Восеъ вазири маорифро сиёҳ мекунанд?», №47(123), 16.12.2015) нашр шудааст. Аслан ман зидди он нестам, ки акси садо маро асабонӣ карда бошад. Аммо гап сар ... Read More »

Толори варзишию маҷлисгоҳ надорем

Муассисаи таълимии №42-и шаҳри Конибодом факту далелҳои ҷолибу диққат дорад. Аввалан, рӯ меоварем ба шиносномаи он: Шумораи хонандагон – 402 нафар, омӯзгорон – 28 нафар, бо тахассуси олӣ  — 13 нафар, 1-ум – 7 нафар, 2-юм – 6 нафар ва танҳо 2 нафар бе тахассус фаъолият мебаранд. Муассиса ҳар сол дар олимпиадаҳои шаҳрӣ ба комёбиҳо ноил мешавад. Соли гузашта  5 ... Read More »

Махсусиятҳои омӯзиши забони хориҷӣ

Дарси  забони  англисӣ  бо  хусусиятҳои  худ  аз  дарсҳои  дигар  фанҳо  бо  он  фарқ  мекунад, ки  дар  он  бисёртар  ба  ташаккули  қобилияти  муоширати  хонанда  аҳамият  дода  мешавад.  Зимни  омӯхтани  забонҳои  хориҷӣ,  бахусус,  забони  англисӣ  он  масъала  бояд  ба  назар  гирифта  шавад,  ки  хонанда  ба  олами  дигар,  фарҳанги  дигар  ворид  мегардад. Ба  марҳилаи  аввали  омӯзиши  забони  хориҷӣ мо  асосан  синфҳои  1-4-ро  дохил  ... Read More »

Забондонӣ аз луғатдонист

Ҳар як фан истилоҳот, ибораю ифодаҳои худро дорад ва аз ин рӯ, луғатомӯзӣ ба ҳамаи фанҳо мутааллиқ аст. Масалан, омӯзгори география дар ҳар як дарсаш аз чанд вожаи нав истифода менамояд, ки барои хонандагон мафҳум нестанд ва ин вожаҳоро шарҳ бояд дод. Ба ин васила шогирдон боз чанд калимаю ифодаи навро аз худ менамоянд. Луғатомӯзӣ як қисмати муҳиму ҳамешагии дарсҳои ... Read More »

Корномаи ӯ худ мактабест

Агар барои  қабои сабз ба бар намудани замин  баҳор лозим бошад, пас барои сабз гаштани орзуҳои инсон устод нақши баҳорро дорад. Оре, бе устод кас наметавонад аз доираи тафаккур берун гашта, оламу одамро дарк намояд. Яке аз ин гуна шахсиятҳо Аълочии маорифи Тоҷикистон, дорандаи  ордени «Шараф», ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Тӯрақул Ҷумъаев, ҷонишини директор оид ба таълими ... Read More »

Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав — терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ ... Read More »

Ҳамадонӣ:мактаби №3 ба таъмир ниёз дорад

Ҳанӯз моҳи августи соли гузашта дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” мақолаи рӯзноманигор Ҳарамгули Қодир зери унвони «Ҳамадонӣ: Чаро лоиҳаи мактаб хоб аст?» (№169, аз 20.08.2015) рӯйи чоп омада буд. Ҳамон замон масъулини вазорат ба он мақолаи ҷавобӣ навиштанд, ки он низ дар саҳифаҳои рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба табъ расид. Сипас, ба Вазорати маориф ва илм вобаста ба сохтмони муассисаи таълимии №3-и деҳаи Сафедоби ... Read More »