Хабарҳои тоза

Сухангустари иқлими сухан

Ҳофизи Шерозӣ суханвари беҳамто, шоири лисонулғайб, нобиғаи асри XIV форсу тоҷик Машриқу Мағрибро бо суханони ноб ба ҳайрат андохта. Шиблии Нуъмонӣ дар ситоишаш гуфта: Гар худовандӣ талаб дорӣ дар иқлими сухан, Бандагии Ҳофизи Шероз мебоист кард. Инак, тафсири як ғазали Ҳофиз Онон, ки хокро ба назар кимиё кунанд, Оё бувад, ки гӯшаи чашме ба мо кунанд?! Луғат: а) Онон – ... Read More »

Замира Рустамова — ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2016»

8w3a4460

Ҳамасола бо мақсади дарёфтан ва гус-тариш бахшидани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарғиби навҷӯию эҷодкорӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон» гузаронида мешавад. Озмуни  навбатӣ аз 27 то 29 соли 2016 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ифтитоҳи он муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Латофат Назирӣ аз дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам ... Read More »

Ташаббуси башардӯстонаи Тоҷикистон

d780c9937eaa0740d755c01554d39c01

22 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии СММ якдилона қатъномаеро, ки ба барномаи сеюми байналмилалии «Об барои рушди устувор» оғоз мебахшад, қабул намуд. Ин барнома аз соли 2018 то соли 2028 идома меёбад. Қатъномаро 177 давлати узви СММ ҷонибдорӣ карданд. Бори аввал ташаббуси эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»-ро Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд. Ин кишвар таҳияи муносибати ҳамоҳангшуда ... Read More »

Таълими салоҳиятнок: қадамҳои нахустин, мушкилот ва дастовардҳо

2-39

Соли 2016 дар зинаи таҳсилоти ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ низоми таълими салоҳиятнок ҷорӣ карда шуд. Вобаста ба татбиқи низоми мазкур, мушкилоту дастовардҳо ва дурнамои он суҳбате доштем бо директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Шарифмурод Исрофилниё, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон менамоем. - Мувофиқи талаботи Стратегияи миллии рушди маориф ... Read More »

Бунёди мактабҳои нав

bb5a0197

Мусоҳиба бо муовини сардори раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода — Муҳтарам Дилшод Сафарзода! Чунонки маълум аст, ба нақша гирифтан ва бунёди биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аз фаъолияти асосии раёсати шумо ба шумор меравад.  Мехостем бифаҳмем, ки дар ин самт соли гузашта чӣ корҳо анҷом дода шудаанд? — Бояд зикр ... Read More »

Баррасии масоили глобалӣ оид ба захираҳои об

Бо мақсади амалигардонии иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо ҳамоҳангӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми декабри соли 2016 дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»-ро баргузор ... Read More »

Ҳам ифтихор, ҳам масъулият

Дар ҷаҳони муосир ҳар давлат вобаста ба ҷанбаҳои тавоноиву имконоти хеш, махсусан, дар заминаи сарватҳои табиияш мавқеъ дармеёбад ва дар сурати воқеъбинонаву хирадмандона истифодаву муаррифӣ намудани ин сарватҳояш аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф мешавад. Дар харитаи сиёсии дунё Тоҷикистони мо масоҳати калон надошта бошад ҳам, аз лиҳози захираҳои моддӣ бартариҳои чашмгиреро дорост. Ҷаҳониён дар қатори чанд омили дигар кишвари моро ... Read More »

Неруи созандаи фардои Ватан

Мо, омӯзгорон, аз пешаи пуршарафи худ ифтихормандем, зеро ҷомеа ба зиммаи мо вазифаи масъулиятмандтарин – таълиму тарбияи ояндасозони Ватани азизамонро бо бовару эътимоди зиёд супоридааст. Онҳое, ки имрӯзҳо дар паси мизи мактабӣ нишастаанд, бо гузашти айём дар натиҷаи омӯзиши босамар тақдири кишварро ба даст мегиранд ва баҳри идомаи созандагию бунёдкорӣ дар диёри арҷмандамон ҷидду ҷаҳд менамоянд. Дар ин кор то ... Read More »

Шумора не, сифат муҳим аст

Ҳар як суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели тозаи хирадмандиву дурандешии ин абармарди дунёи сиёсат мегардад ва ифтихори моро аз Президенти муҳтарамамон бештар меафзояд. Сарвари кишвари соҳибис-тиқлоли мо ба соҳаи маориф ва ба аҳли маориф диққати ҳамешагӣ зоҳир менамоянд ва пайваста таъкид мекунанд, ки соҳаи маориф соҳаи тақдирсоз аст ва бидуни рушди бавусъат бахшидан ба он ва такмили  имконоташ ... Read More »

Омили густариши робитаҳои судманд

Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби тамоми сокинони Ватани маҳбубамон гарму самимона пазируфта шуд. Ҳамагон бар он назаранд, ки ин Паём ба рушди тозаву пешрафти бештари кишварамон мусоидат хоҳад кард. Дар заминаи Паём кормандони тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат фаъолияти худро ба ... Read More »