Хабарҳои тоза

Сарсабзиҳои рӯзи нав

Дар иртибот ба таҷлили Наврӯз орзуву омоли мардум на танҳо шифоҳатан бо хондани суруду таронаҳо ва рубоиҳо, балки тавассути ирои амалҳои суннатӣ, расму оинҳо ва инчунин, дар сурати ашё, ҷонварон, меваю ғизоҳо, рангҳо, аносири табиат ва амсоли инҳо дар шакли рамз ё самбулҳо низ баён мегарданд. Ҳар як ҷашну маросими тоҷи-кон моломоли рамзу маъниҳои нуҳуфта, розҳои таърихию асотирии бостонӣ ва ... Read More »

Замин гулрезу атрафшон

Наврӯзи оламафрӯз дар мекӯбад, нафаси рӯҳбахшу гуворояш эҳсос мешавад. Ҳамагон ба ҳаракат меоянд, «бедор» мешаванд ва ба истиқболи сазовори ин ҷашни куҳанбунёду ҷавонипарвар мекӯшанд: хона меороянд, гирду атрофро тоза мекунанд, либосҳои нав ба тан мепӯшанд ва муҳити хешро намуди идона мебахшанд. *** Дӯстон, ҷашни дилафрӯз муборак бошад, Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад. *** Наврӯз – рӯзи нав, баҳори нав. Ҳама ... Read More »

Агар Наврӯз рӯзи якшанбе ояд…

Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд, Мар он рӯзро «рӯзи нав» хонданд. Абулқосим ФИРДАВСӣ Мақоми ҷаҳониро соҳиб шудани Наврӯз моро дар шароити ҷаҳонишавӣ ба анҷоми амалҳои олии инсонӣ раҳнамун месозад. Аз ҳамин ҷост, ки фалсафаи маънавии Наврӯз дар иҷрои се рукни муҳимтарини ахлоқӣ-пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек  таҷассум ёфтааст. Мо ифтихор мекунем, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон ҷашни ... Read More »

Ҷашни шукӯҳманди табиат

Риояю идомабахшии анъанаҳо дар ҷашни Наврӯз насли ҷавон ва умуман тамоми инсониятро ба меҳру муҳаббат, покдилӣ, ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ даъват менамояд. Ниёгони мо бар ин ақидаанд, ки соли нав бояд бо дили соф, нияти нек ҷашн гирифта шавад, то ин ки то охири сол мардум хушбахту хушрӯзгор бошад. Ҳар шахс-ро лозим аст, ки дар анҷом додани  аъмоли нек кӯшиш намояд, ахлоқи ... Read More »

Сурӯши баҳорон

Наврӯз, ки суруши баҳорон аст, замину замонро эҳё мекунад ва муждаи рӯишу пӯишу сабзишро ба мо армуғон меоварад. Барои миллати шарафманд ва куҳанбунёди мо ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни бостонтарини гетӣ аз тарафи СММ Рӯзи байналмилалӣ эълон шудааст. Ин дастоварди гаронмоя натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгиронаи  чандинсолаи Тоҷикистон ва давлатҳои дӯсту бародар ... Read More »

Чун баҳор ояд, сухан гул мекунад…

Бидуни муҳобо, Наврӯзи Аҷам, дар радифи шоҳкорҳои бешумори беназиру шуҳратёри мардуми  ориётабор, алалхусус, мо, тоҷикон, монанди маъбадаву маъмураҳои фаровону ободон, шаҳристони маъмуру деҳистони мавфур, нарду чавгон, оши палаву шаробу кабоб, «Авасто»-ву алифбоҳо, катибаҳои Бесутуну Нақши Рустам, осори мондагори Имоми Аъзаму Имом  Ғаззолӣ, Луқмони Ҳакиму Анӯшервони  Одил, Ибни Синову Умари Хайём, Абӯрайҳони Беруниву Закариёи Розӣ, Насириддини Тӯсиву Аҳмади  Дониш, устод Айниву ... Read More »

Варзиш — шукӯҳафзои Наврӯз

Наврӯз ҷашнест хеле пурмуҳтаво ва рангину ҷолиб. Он дар таркиби худ анъана, расму оинҳои зиёдеро ба ҳам овардааст. Аз ин ҷост, ки тантанаҳои наврӯзӣ таваҷҷуҳи ҳамагонро ҷалб менамоянд ва  шавқовару оммавианд. Халқи тоҷик табиатан ҳамбастагӣ бо варзиш, бо тарбияи бадан доштааст ва ба ин, аз ҷумла,  бозёфтҳои бостоншиносӣ ва умуман, таърихи  пурҳаводиси ин халқи заҳматписанд гувоҳӣ медиҳанд. Яъне, варзиши тоҷик ... Read More »

Дидори Наврӯз

Чу олам гашт аз нав ёри Наврӯз, Гирифтам домани гулдори Наврӯз. Зимистон бо фиғон рахти сафар баст, Наёвард тоб бар пайкори Наврӯз. Зи файзаш хор ҳам гул мекунад, гул, Бувад ҳуснофаринӣ кори Наврӯз. Харидорони ҳуснаш бешуморанд, Чӣ пуршӯру шарар бозори Наврӯз! Бувад ҳар манзараш як шеъри зебо, Надорад сактае ашъори Наврӯз. Бувад Наврӯз султони табиат, Гулистон аст худ дарбори Наврӯз. ... Read More »

Таҷлили Наврӯз бардавом аст

Маълум, ки Наврӯз андаку кӯчак ҷашне нест. Шукӯҳу шаҳомати он беназиру оламгир аст. Табиист, ки ҷашне чунин берун аз ҳама қолабҳост ва домани густурда дорад. Танҳо шарҳи мундариҷа ва номгӯи расму оинҳое, ки зимни  таҷлили Наврӯз иҷро мешаванд, китобе бузург хоҳад шуд. Аз ин ҷост, ки аз аҳди қадим ҷашни Наврӯз якчанд рӯз идома меёфт, тантанаҳои  наврӯзӣ шукӯҳманду бардавом буданд ... Read More »

Наврӯзи Ҷамшедӣ ва биниши ҳувиятсозӣ

Мусаллам аст, ки дар доираи фарҳанги бумӣ, бо назардошти махсусиятҳои табиат ва иҷтимоъ дар гузаштаи дури мо ҷашнҳои мардумии Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада барои танзими барномаҳои зиндагии инсонӣ пардохта шудаанд. Вақте ки дар бораи Наврӯз сухан меравад, бешубҳа, номи шаҳриёри устуравӣ ва маҳбуби иронитаборон Ҷамшед пеши назар ҷилвагар мешавад. Ҷамшед, воқеан, шоҳ ва шаҳриёри фарзона ва донишмандест, ки мардуми ... Read More »