Хабарҳои тоза

Илм зинат ва дороии инсон аст

Илм   чандон, ки   бештар хонӣ, Чун   амал   дар   ту   нест, нодонӣ. Илм   зинат ва дороии инсон аст. Илм инсонро ба қуллаҳои  баланд  мерасонад.  Шахсе,  ки   аз  илм  баҳра набардоштааст,  худро  танҳо  ҳис  менамояд. Бузургони адабиёти гузаштаи мо, Абӯабдулло  Рӯдакӣ,  Абӯалӣ  ибни Сино,  Абулқосим  Фирдавсӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдулқодири Бедил, Шайх  Муслиҳиддин  Саъдии  Шерозӣ,  Абдураҳмони  Ҷомӣ  ва   дигарон пайваста дар ҷустуҷӯ ва ... Read More »

Вохӯрии вазир бо сафир

30 июни соли ҷорӣ вохӯрии вазири маориф ва илм Нуриддин Саид ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Залмай Юнусӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба фароҳам овардани шароит барои таҳсили хонандагони афғон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилии донишҷӯён ва интиқоли донишҷӯён аз як ихтисос ба ихтисоси дигар табодули андеша намуданд. Қайд гардид, ... Read More »

Сун Илҳӣ: Донишгоҳи Кемёнг аз рӯйи 99 ихтисос мутахассис омода мекунад

30 июни соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илм вохӯрии муовини аввали вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев бо ректори Донишгоҳи Кемёнги Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ С. Илҳӣ баргузор гашт. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи ҳамкорӣ ва густариши муносибатҳо дар соҳаи маориф ва илмро мавриди баррасӣ қарор доданд. Р. Мирбобоев аз ҳамкории густурда бо Ҷумҳурии Корея, хусусан, бо Донишгоҳи Кемёнги Ҷумҳурии ... Read More »

Бо дастовард аз Булғористон

Аз 24 то 29 июни соли 2017 соли ҷорӣ дар шаҳри Варнаи Ҷумҳурии Булғористон Олимпиадаи байналмилалии наврасон «JBMO — 2017» аз фанни математика баргузор гардид. Дар он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 хонандаи муассисаи таҳсилоти умумӣ иштирок намуда, дар байни 19 давлати дунё мақоми нуҳумро ишғол намуданд. Дар ҷамъбасти олимпиада хонандагони тоҷик бо гирифтани 6 ҷойи ифтихорӣ: 2 медали нуқра ва ... Read More »

Варзиш – қосиди сулҳ

Ба  муносибати  20 – солагии Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон    дар КВД «Маҷмааи варзишии Тоҷикстандарт» даври финалии мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯйи  намудҳои волейбол, футболи хурд, шашка, шоҳмот ва амрестлинг (дастхобонӣ) байни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.  Дар расми кушоди мусобиқа сардори раёсати  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолони  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ... Read More »

Насли нав бояд ҳақиқатро донад

Ба 80 даромадам, моҳе ду ё се бор ба шаҳр меоям, ба хабаргирии фарзандону дӯстон. Дар шаҳр ҳамагӣ як рӯз мемонам, вале дар давоми як рӯз хеле корро ба анҷом мерасонам. Пеш аз хонаи фарзандам ба идораи «Омӯзгор» ва маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» меҳмон мешавам. Росташ, кормандони ин нашрияҳо мисли фарзандонам бароям азизанд. Бо кормандон ҳамсуҳбат мешавам, аз суҳбату хушгӯиҳояшон баҳравар ... Read More »

«Маркази нур» дар Роштқалъа

Дар ноҳияи Роштқалъа бахши муассисаи хизматрасонии иҷтимоии «Маркази нур» барои атфоли имконияташон маҳдуд ба фаъолият оғоз намуд. Дар марказ хизматрасонии мутахассисони равоншинос, физиотерапевт, омӯзгорону мураббияҳо ба роҳ монда шуда, тибқи барномаи махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кӯдакони имконияташон маҳдуд машғулиятҳои таълимиву тарбиявӣ гузаронида мешаванд. Ба иттилои директори муассисаи давлатии «Маркази нур» Камол Шанбезода,  дар ин ноҳия зиёда ... Read More »

Неруи боэътимод

Ҷавонӣ неруи тавоност ва аз ин неру ҳар як ҷавон  бояд пурсамар  ва ба нафъи халқу Ватан истифода намояд. Ҷавонӣ овонест, ки бештар бо омӯзиши  илму дониш, ҳунар ва таҷрибаандӯзӣ ҳамбастагӣ дорад. Бо  ибтикори Пешвои миллат  Соли ҷавонон эълон шудани соли равон худ эътирофи барҷастаи нақши ин гурӯҳи бонуфузи аҳолии кишвар дар ҳаёти мамлакат мебошад. Дар литсейи рақами 2 барои ... Read More »

Умри бардавоми миллат

Санаи тақдирсози миллат дар ёду дидаҳои мардум мемонад ва он дар саҳифаи таърих бо хати заррин сабт меёбад. Чунин саҳифаи хотирмон барои миллати тоҷик рӯзи ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ мебошад. Баъди ба даст овардани ин неъмати бебаҳо, мо, тоҷикон, чун бародарони як оила боз аз нав сарҷамъ шуда, баҳри ободонии кишвари навбунёд камари ҳиммат бастем. Ба ... Read More »

Умри пурбаракати олим

Дар толори бинои асосии  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии «Афкори назарӣ – адабии форсу тоҷик дар асрҳои миёна» вобаста  ба  80 – солагии Арбоби илм ва  техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор   Худоӣ Шарифов баргузор гардид. Ректори ДМТ, академик Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ зимни ифтитоҳи ҳамоиш аз хизматҳои мондагори олими варзида дар соҳаи илми адабиётшиносӣ сухан гуфт. Адабиётшиноси  маъруф, академик Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз ... Read More »