Тамос

Суроға: 734024, шаҳри Душанбе, Кӯчаи А. Адҳамов 13,

Нуралиев Ноилшо
Телефони мобилӣ: (+992)(918) 67 55 13
Телефони қабулгоҳ: (+992)(372)225-81-66
Почтаи электронӣ: noilsho@mail.ru

Абдурауф Муродӣ
Телефони мобилӣ:(+992) (93)8030204
Телефони корӣ:(+992) (372)

Маҳмадшарифи Рустам
Телефони корӣ: (+992)(372) 272518
Почтаи электронӣ: sharif1958@mail.ru

Саидаи Фазл (Набиева)
Телефони мобилӣ: (+992)(93)5143801
Телефони корӣ: (+992)(372)225-81-56
Почтаи электронӣ: saida40@inbox.ru

Марямбонуи Фарғонӣ (Эшонҷонова)
Телефони мобилӣ: (+992)(93)4442903
Телефони корӣ:

Муродалев Ғулом
Телефони мобилӣ: (+992)(93)5802475
Телефони корӣ: (+992)(372)272549

Искандаров Самандар
Телефони мобилӣ: (+992)919921720
Телефони қабулгоҳ:(+992)(372)

Ҷабборова Ойхонум
Телефони мобилӣ: (+992)(988)333388

Хушвахтов Эҳсон

Телефони мобилӣ: (+992)(93)5556776, (+992)(907)556776

Почтаи электронӣ: ehson.89@mail.ru

40 comments

  1. Сайти хушру, Закази навбати барои мо хам созед. Пулаки

  2. Барои Cайти http://www.tjmm.tj администратор лозим аст. Дар асоси карордод. Посухи шуморо интизорем!

  3. Чаро мо Донишчуён наметавонем бо Вазири маориф сухбат кунам дар он хусусе, ки мактабхони ш. Турсунзодаро обод намекунанд чаро илтимос чавобашро равон намоед

  4. Комрончон

    Барои админсратор чанд маош медихед
    Комрон

  5. Омузгор

    Барои чи сайт дер-дер обновлят мешад? Газетатон чоп шуду леким дар сайт дер пайдо мешад? Баъд чиба хамаи материалои газета дар сайт нест, махсусан хабархо?

    • Ситорабону

      Ҳафтанома ҳар ҷумъа ба табъ мерасад. Аз ҷониби роҳбарият қарор қабул шудааст, ки танҳо матолиби таҳлилӣ ва проблемавӣ бояд дар сомона ҷой дода шаванд. Барои мутолиаи хабарҳои кӯтоҳ ва эълонҳо ҳафтаномаро дастрас кунед.

  6. вазорати маориф чаро чихати тайёр намудани кадрхои баландихтисоси фанхои дакик аз кабили физика, химия ва риёзиёт чорачуи наменамояд. ба фикри мо ин масъала баъди панч соли охир муаммоми раками як мегардад, зеро омузгорони пуртачрибаи фанхо дакик алакай ба синни нихоии нафака расидаанд. мо бояд дар хамчояги сари ин масъала андешарони намоем. мо медонем хар сол донишгоххои мамлакатро садхо нафар чавонон хатм менамоянд вале онхо мутахассиси дилсузи сохаи худ нестанд агар дониши баланд дошта бошанд хам аз руи ихтисос кор намекунанд ё дониши мукаммал надоранд.

  7. Диловар Салмиов

    маводхои таълимиро дар сомона чой медодед хуб мешуд.

  8. Як макола навиштам чоп накардед, «АХГАРЕ ДАР КУХИСТОН» МАЧБУРАМ БА ВАЗИРИ МАОРИФ НАВИСАМ

    • Ситорабону

      Муаллифи мӯҳтарам, ба идора ташриф овардед, ҳамроҳ мақолаатонро баррасӣ мекунем. Масъулон масъаларо дақиқ мекунанд.

  9. Салом. Бубухшед, аз Шумо хохиш менамоем, ки пиромуни имтиёзхои муаллимони чавон маълумот дихед.

    • Ситорабону

      Муаллиф муҳтарам, кормандони ҳафтаномаи омӯзгор ин масъаларо баррасӣ
      Хоҳанд кард. Барои пешниҳодатон ташаккур.

  10. Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Модаи 43 Конститутсияи (Сарқнонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон
    Таърихи таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба рўзҳои сарду сангини миллат дар давоми ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум рост омад.

    Мо ба фарҷоми пуралами ҳаводиси бархўрдҳои босилоҳи шаҳрвандони кишварамон бо ҳазор афсўсу ҳайрат нигариста, бори дигар ба хулосае омадем, ки бояд тамоми ҷомеа ба тарбияи ватанпарварӣ ва эҳсоси баланди инсондўстӣ рўй орем, зеро фақат инсонҳои ватандўст метавонанд аз манфиатҳои гурўҳӣ, шахсӣ ва хешу таборӣ сарфи назар карда, дар ҳимояи ҳадафҳои умумимиллӣ барои дифои Ватан содиқона талош варзанд.
    Хизмати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар бунёдгузории Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохтору воҳидҳои ҳарбӣ назаррасанд. Дар айёме, ки собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шўравӣ саргарми тақсими мероси ИҶШС буданду танку аслиҳа, тайёраҳои ҷангӣ воситаҳои зидди ҳавоӣ, стансияҳои муосири радиолокатсионӣ ва ғайраҳоро ба мерос мегирифтанд ва дар заминаҳои мусоид Артишҳои миллии худро таъсис доданд. Мутаассифона, дар ҷумҳурии мо ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ идома дошт.
    Дар таърихи 17 сентябри соли 1992-ум Фармони иҷрокунандаи вазифаи Президнети Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид. Таъсиси Вазорати мудофиа, пеш аз ҳама, бо амри зарурат пеш омада буд. То ин муддат ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС артишҳои худро дар шароити осоишта ба низом дароварда буданд.
    Вазорати мудофиаи кишвар ба мақсади заминагузорӣ ба Артиши миллӣ бо роҳи ҷалб намудан ва зери парчами худ фаро гирифтани гурўҳҳои мусаллаҳи худмудофиаи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ оғоз кард. Мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ аз рўи қонунҳои беамони худ дар солҳои 1992-1994-ум ба шадидтарин марҳила расида буд. Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва ба эътидол овардани вазъи бамиёномода як қатор тадбирҳо амалӣ гардида бошанд ҳам, вазъият ҳанўз муташанниҷ буд.
    Қабул гардидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷинояти интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992-ум дар минтақаи мухолифатҳои мусаллаҳона ҷиноят содир кардаанд» ва «Дар бораи тадбирҳои пурзўр кардани ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳои барои саломатӣ ва ҳаёти одамон хатарнок» дарҳол натиҷаи дилхоҳ надоданд. Дар чунин вазъияти душвор, ки қариб тамоми шохаҳои ҳокимият фалаҷ ва корношоям гардида буданд, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари сиёсӣ ба сари давлат омад. Ў бо азми устувор ва ҷасорати беҳамто ҳамчун сиёсатмадори тавоно бо камтарин имкониятҳои воқеӣ, ки аз сабаби вазъи печидаи сиёсӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ ба миён омада буд, баҳри наҷоти Ватан ва миллат ба иҷрои вазифаҳои таърихии худ шурўъ намуд. 18 декабри соли 1992 бо имзои Эмомалӣ Раҳмон қарори раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, заминаи ҳуқуқии ташкили Артиши миллиро фароҳам овард.
    Мудофиаи Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин ҷода Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бамаврид таъкид намудаанд: «Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омўхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дўст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд».
    Хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини сулҳу субот, амнияти давлат ва мардум, таҳкими ваҳдати миллии кишварамон нақши барҷаста ва бузург доранд.
    Пойдорӣ ва устувории пояҳои Артиши миллӣ аз тартибу низоми қатъии афсарону аскарон вобаста мебошад, ки асоси онро риояи ҳатмӣ ва бечунучарои қонун ва оинномаҳои ҳарбӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, интизом ва тарбияи ҳарбиву ватандўстӣ ташкил медиҳад.
    Хизматчиёни ҳарбӣ бояд дар рўҳияи ватандўстиву ватанпарастӣ, худшиносиву ваҳдати миллӣ тарбия ёфта, бо рафтору кирдори худ рамзи далериву шуҷоат ва ҷавонмардиву матонат бошанд.
    Барои он ки ин давлати баъд аз садсолаҳо ба даст омада, ин марзу бум ва ин сарзамини воқеан биҳиштосо насиби ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик бошад, мову шумо ва насли ҷавони имрўз бояд бо эҳсоси гарми ифтихормандӣ давлати соҳибихтиёр ва соҳибистиқлоли худро дўст дорем. Ҳар ваҷаб замини онро чун гавҳараки чашм ҳимоя карда, ба хотири ободиву шукуфоиаш талош варзем.
    Чуноне ки дар «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст, «Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва яке аз рукнҳои муҳимтарини тарбия мебошад.»
    Тарбияи ватанпарастӣ аз оила, кўдакистон, мактаб оғоз шуда, дар ҷомеа ниҳоят, дар сафи Артиши миллӣ рушд меёбад. Дар шуури бачаҳо бедор сохтани ҳисси муҳаббат ба диёр, кишвар ва сарзамин вазифаи падару модарон, ҷомеа ва омўзгорон мебошад.
    Ватандорӣ бояд мояи ифтихори ҳар фарди тоҷики баору номус бошад. Дар ҳама давру замон барои халқу миллати мо ватанпарастӣ яке аз арзишмандтарин муқаддасот ба ҳисоб рафта, гузаштагонамон оид ба тарбияи ҳарбӣ-ватандўстӣ ба тамаддуни башар офаридаҳои ҳикматбор ба мерос гузоштаанд. Ҳамин худшиносию истиқлоли зеҳнии миллат буд, ки ҳаводиси маргбори таърих натавонист моро аз байн барад, балки дар ҳама давру замон онҳое, ки ба сарамон теғ мекашиданд, ба тафаккури ҷаҳонсози ниёгони мо рў ба рў гашта, қурбони теғи обдори ҳикмату фазилат мешуданд. Осори таърихӣ аз қаҳрамонӣ ва шуҷоати халқи тоҷик дар мубориза ба муқобили Искандари Мақдунӣ, Чингизхон, Темурланг ва дигар аҷнабиёни кўчманчӣ шаҳодат медиҳанд.
    Тарбияи ватанпарварӣ маънои ташаккул додани инсонро дошта, ҳадафи он дар ниҳоди наврасон парваридани хислатҳои мардонагиву далерӣ ва эҳсоси муҳаббату садоқат ба Ватан мебошад. Ин масъулият, пеш аз ҳама, ба дўши омўзгорон аст.
    Мувофиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ» шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то рўзи даъват синнашон ба 18 расидааст, ба хизмати ҳарбии муҳлатнок даъват карда мешаванд. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти махсус ва муҳими давлатӣ мебошад.
    Барои омодасозии ҷавонон ба хизмат дар сафи Артиши миллӣ, ки мактаби ҷавонмардист, мактабҳо нақши асосиро мебозанд. Мувофиқи нақшаи таълимии тасдиқшудаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар синфҳои 10 ва 11 мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фанни омодагии дифои ҳарбӣ дар ҳаҷми 1 соат дар ҳар як синф дар як ҳафта омўхта мешавад. Мақсад аз омўзиши фанни мазкур тадриҷан баланд бардоштани савияи донишу малакаи омодагии ҳарбии хонандагон мебошад. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, то имрўз ҳолатҳои ҷой доштани камбудию норасоиҳо дар вазъи таълими омодагии дифои ҳарбӣ, аз як тараф, нарасидани мутахассисон, аз тарафи дигар, нокифоя будани дастурҳои методӣ, маводи ёрирасони таълим ва аёниятҳо дар ин самт ба ташкили тарзи самараноки дарсҳои ҳарбӣ монеа мегарданд. Беҳтар мебуд, агар дар мактабҳо ба ғайр аз омўзиши нақшавии фанни омодагии дифои ҳарбӣ, нақшаи чорабиниҳои умумимактабӣ оид ба ҳамаҷониба омўхтани ин фан тарҳрезӣ карда шаванд. Дарсҳои омодагии дифои ҳарбӣ ба Артиши миллӣ заминаи арзишманди кадриро муҳайё сохта, дар раванди онҳо омўзгорон хонандагони синфҳои болоиро ба хизмати ҳарбӣ омода менамоянд. Мақсад ва мазмуни тарбияи ҳарбӣ-ватандўстӣ ба ҳимояи Тоҷикистон нигаронида шудааст. Агар тамоми чорбиниҳои умумимактабӣ дар самти мазкур мунтазам фаъолият намоянд, ба фоидаи умум хоҳад буд. Дар ин ҷода фаъолияти омўзгори фанни омодагии дифои ҳарбӣ, ҷонишини директор оид ба корҳои беруназсинфӣ, роҳбарони синфҳо оид ба гузаронидани суҳбатҳу вохўриҳо бо сарбозон ва низомиёни қисмҳои ҳарбӣ, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанговарони интернатсионалист, ташкил намудани экскурсия ба қисмҳои низомӣ ва осорхонаҳои миллӣ, омодасозии намоиши сару либоси низомӣ, намоиши филмҳои ҳуҷҷатӣ ва бадеӣ дар бораи қаҳрамонони Ватан, гузаронидани мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ, соатҳои тарбиявӣ дар мавзўъҳои «Ҳаёт саҳнаи қаҳрамонист», «Қарзи насли имрўз дар назди Ватан», «Ҳимояи Ватан вазифаи муқаддаси мост», «Мо барои ояндаи Ватан масъулем!», «Ваҳдати артиш ва халқ», «Қаҳрамонон намемиранд», «Мо ва ифтихори ватандорӣ» барои баланд бардоштани сифатҳои ахлоқӣ ва инкишофёбии сарбозони оянда кўмак расонида, дар тарбияи ҳарбию ватандўстии хонандагон ва ҷавонон саҳми босазое мегузоранд.

    • Забондуст

      Салом ба хонуми Шаҳноз. Дар ин калимаҳо шумо баҷои инки аз у ваё ӯ истифода мекардед аз у зада мисли й истифода кардед. Оё ин иллати хосе дорад? Ё нав дар алифбои тоҷики ин ҳарф ворид шуда аст? Дар бисёре аз калимаҳои худ аз ин истифода кардед, мисли: Рузҳои, бархурдҳои, афсусу, инсондусти, руй, ватандуст, гуруҳи, Шурави, гуруҳҳои, ҳануз, пурзур, у, шуруъ, дуст, руҳияи, дуст, омузгорон, кучманчи, омухта, омузиши, имруз, вохуриҳо, мавзуъҳо. Ва дар ҷои дигар навиштаед Президнети бояд навишта мешуд Президенти. Ҷои таассуф дорад аз шумо!

  11. Бо арзи эхтиром аз шумо 1 суол доштам, Нархи обуна ба хафтаномаи омузгор барои соли 2014 чанд сомони аст, Хохиш мекунам чавоб дихед. Рахмат

  12. Зубайдулло

    Маводи худро ба шумо чӣ гуна фиристем?! Ягон нишонии аниқ ҳаст?!

  13. Забондуст

    Тозагии забон
    Забон абзор, фарҳанг ва тамаддуни ҳар як миллат аст. Бо забон, фарҳанг ва тамаддуни ҳар як миллатро барраси ва ба воситаи он мешиносанд ва баҳо медиҳанд. Аввалин боигарии ҳар як қавм ва миллат забони он аст. Агар як миллат забон дошта бошад, ҳарчанд таҳти назорати кишвари дигар қарор бигирад, агар забон ва фарҳанги он қави бошад, он кишварро таҳти сайтараи худ қарор медиҳад ва худашро дар баробари фарҳанги бегона ҳифз карда метавонад. Дар замоне ки муғулҳо ба сарзамини мо ҳамла карданд, фарҳанг ва забони мо онқадар қави буд, ки на танҳо таҳти фарҳанги муғулҳо дигаргун шуд, балки муғулҳоро ошиқ ва шефтаи фарҳанг ва забони форсӣ тоҷикӣ кард. Дар замоне ки кишвари мо таҳти нуфузи Шуравӣ буд, бо ин ҳама фишор ва мухолифатҳо бо забонҳои ғайри русӣ натавонистанд, фарҳанг ва забони моро аз байн бибаранд, балки забони мо рӯз то рӯз зиндатар ва шукуфотар шуд. Фарҳанг ва забони тоҷикӣ тавонистааст дар муддатҳои тулони худро ҳифз бикунад ва бар дигарон таъсир бигузорад. Нақши шоирон ва нависандагон ва забоншиносон дар ҳифз ва нигаҳдории забони худ бетаъсир нест ва онҳо тамоми саъй ва талоши худро ба кор гирифтаанд, то битавонанд саҳми худро дар ғани гардонидани забони худ, дошта бошанд ва ба воситаи асарҳои худ забони моро муҳтоҷ ба забони дигар накунанд. Мо имрӯз бояд он заҳматҳое, ки дигарон барои ҳифзи забон кардаанд, бояд пос бидорем. Мо агар имрӯз забони худро аз фарҳанг ва луғатҳои бегона ҳифз накунем, наметавонем барои ояндагон ин забони ноби тоҷикиро боқи бигузорем. Бо таъкидоти Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон ҷаноби оли Эмомали Раҳмон дар ҳифз ва нигаҳдории забони тоҷикӣ баён фармудаанд, бояд ҳамагон саъй кунем, ки ин амр амали гардад.
    Мо бояд аз ҳамин зинаи аввал фарзандонамонро бо тарзи дурустии забони тоҷики ёд диҳем то дар оянда бо мушкилоте рубуру нашаванд. Ҳамон тавре ки шоир мефармояд:
    Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ
    То сурайё меравад девор каҷ
    Бояд аз ҳамин хишти аввалашон тарзи дуруст навшитанро ёд диҳем ва ба онҳо дуруст биёмузем. Чун фарзандони мо бо ҳамин дафтар ва рузномаҳо рубару ҳастанд ва ҳарчи ки дар инҷо мебинанд фикр мекунанд ки ин дуруст навишта шуда аст ва ибрат мегиранд ва агар ин хатоҳое вуҷуд дошта бошанд фарзандони мо намедонанд ва фикр мекунанд ки дуруст аст ва ҳамин тавр менависанд ва оянда ба чунин хатоҳое рубару мешаванд.
    Имрӯза баъзе дафтар ва рӯзномаҳои Тоҷикистон дар берун аз Тоҷикистон чоп мешаванд. Хуб мешуд ки касоне ки тарҳи ин дафтарҳо ва рӯзномаҳоро барои чоп омода мекунанд, диққати бештаре мекарданд, то ба забони мо камбудие ворид нашавад.
    Ман як рӯзномаро ки мутолиа кардам, дидам ки дар он пур аз иштибоҳи рӯи рост аст ва тасмим гирифтам, ки камбудиҳои онро гушрас намоям:
    1. Дар забони тоҷикии мо ҳарфе ба ин шакл «ў» надорем ва ин аз фарҳанги бегона аст ва мутаассифона дар рӯи рӯзнома ба ин тавр навишта шуда аст «Рўзнома» ба ҷои «Рӯзнома». Ин ишбоҳи ошкор аст.
    2. Дар забони тоҷикии мо мутобиқати сифат ва мавсуф надорем яъне агар интаври бошад ки «Соатҳои дарсҳо» дар забони тоҷикӣ бояд «соати дарсҳо» ё «соатҳои дарс» бошад.
    Дар ҷое ки бояд «ӣ» зада истифода шавад, ба ҷои он аз «й» истифода намудаанд, ки ин аз ҷиҳати дастури забонӣ иштибоҳи ошкор аст ва бояд диққати бештар ба харҷ дода шавад. Ба ҷои инки навишта шавад «вазифаи хонагӣ», навишта шуда аст «вазифаи хонагй». Дар ҷои дигар ба ҷои инки навишта шавад «донишомӯзӣ», навишта шуда аст «донишомўзй», дар ин калима дуто хато вуҷуд дорад, ки дар ҳарфҳои тоҷикии мо «ў» надорем ва ба ҷои «ӣ» зада навишта шуда «й».
    Дар ҷои дигаре навишта шуда аст «забони тоҷикй», дар ҳоле ки бояд навишта мешуд забони тоҷикӣ, забони русӣ, табиатшиносӣ, забони хориҷӣ, тарбияи ҷисмонӣ ҳам ҳамин ишколот вуҷуд дорад, ба ҷои «ӣ» навишта шуда аст «й».
    Дар ҷои дигар навишта шуда аст, ки математика ва зери он навишта шуда алгебра, дуруст аст ки математика барои синфҳои 1 то 4 аст ва аз он ба баъд алгебра аст, вале ба ҷои он метавонистанд бинависанд, ки «Риёзӣ» ҳам барои синфҳои ибтидоӣ ва ҳам барои синфҳои болои.
    Дар ҷои дигар, ки ҳам мутолиа мекардам навишта шуда аст, ки «Чугрофия» дар ҳоле ки бояд навишта мешуд, ки «Ҷуғрофиё» ё «Ҷуғрофия» ва ин иштибоҳи ошкор аст.
    Дар ҷои дигар навишта шуда аст, ки «тасзири» дар ҳоле ки бояд навишта мешуд, ки «тасвири» ва ин хеле бад аст, ки ба ҷои як калима, калимаи комилан дигар навишта шуда аст.
    Дар баъзе аз ҷойҳо калимоте истифода шуда аст, ки ба назари ман калимоти мушкилфаҳм аст ва барои шогирдоне ки тоза мехоҳанд забонро бифаҳманд, мушкил аст. Навишта шуда аст, ки «Дунёфахми» дар ҳоле ки бояд «Ҷомеашиносӣ» ваё «Дунёшиносӣ» навишта мешуд. »
    Дар ҷои дигар навишта шуда аст, ки «Адабиёти тоҷик» ва поёнтари он навишта шуда аст, ки «Адабиёт» ва ба идомаи он бояд чизе навишта мешуд, масалан адабиёти рус ваё адабиёти ҷаҳон.
    Ин хатогиҳои ошкор аст, ки забони адабии тоҷикиро коста мегардонад.

  14. Забондуст

    Ҷавоби манро ба ин бифиристед ваё иртибот барқарор намоед!

  15. Забондуст

    Лутфан дар мавриди мақолаи ман назари худро нависед аз шумо мехоҳам ба ман ҷавоб диҳед! Чоп мешавад ваё на? Мудирияти сомона

    • Ситорабону

      Дар мавриди мақолаи шумо: ман онро ба раҳбарияти «Омӯзгор» ҳатман мерасонам.

  16. Забондуст

    Муҳтарам Ситорабону ҷавоби маро диҳед ман мунтазирам!

  17. Забондуст

    Муҳтарам Ситорабону ҷавоби маро диҳед ман мунтазирам! Ягон кас ҳаст ҷавоби моро диҳад?

    • Ситорабону

      Салом, Забондӯсти гиромӣ. Аз шумо узр мехоҳем. Сомонаи ҳафтанома чандест, ки дар модератсия қарор дошт.

  18. Забондуст

    Чаро ки худ улгу барои дигарон ҳастед дар сайтатон бархе аз ҳарфҳо пайдо мешавад ки дар забони тоҷики вуҷуд надорад мисли У зада ин дар узбеки аст на дар тоҷики

  19. Parviz Muhammadjon

    Хуб мешуд агар масъулини нашрия барномахо,конунхо, стратегия,консепсия ва низомномахоро да рубрикаи «Унвонахо «дар шакли микрасофт ворд ё пдф чой медоданд ин икдом боиси ташаккули «Хукумати электрони » ва ёрии хамачониба ба омузгор мегардид.

    • Ситорабону

      Барои пешниҳоди хубатон сипосгузорем. Мо ҳатман аз пайи иҷрои пешниҳодоти ҷолиби хонандагони азизамон мешавем.

  20. Салом. Ман як хонандаи рузномаи Омузгор мебошам…

  21. Бехтарин сайт аст рахмат ба созандагони сайт ва коргаронаш!

  22. Сипехр Хомидов

    Тачлили рузи мудофиаи шахрванди
    Рузи 24-апрели соли чори дар муассисаи тахсилоти миенаи умумии раками 19-и дехаи Сангистон, нохияи Айни бо ташаббуси рохбари харбии хамин муассиса Носиров Рачаббой рузи мудофиаи шахрванди ба таври намунави гузаронида шуд. Дар ин чорабини хонандагони синфхои 9,10 ва11 фаъолона иштирок намуда, чорабиниро бо тантана гузарониданд.
    Дар аввал рохбари харбии мактаб Носиров Р ба сардори ситоди мудофиаи шахрванди Рахимов М гузориш доданд ва сипас сардори ситоди мудофиаи шахрванди дар бораи мудофиаи шахрванди ба хонандагон маълумот доданд. Пас аз ин хамаи хонандагон ба синфхонахо ворид шуданд ва рохбари синфхо дарсхои кушод гузаштанд. Баъди ба итмом расидани дарсхои кушод оиди мудофиаи шахрванди садои бонги хатар баланд шуд ва хамаи хонандагону омузгорон ба чойхои бехавф шитофтанд. Рохбари харбии мактаб чорабиниро кушода эълон намуд ва гуруххои гайринизоми ба амалиет шуруъ намуданд. Аввалин шуда гурухи «химияви-радиатсиони» (сардори гурух-Мухаммедов Сомон) ба бино ворид шуда, микдори зарари моддахои радиатсиониро муайян намуданд. Дуюм «гурухи разведка» (сардори гурух-Каримов М) ба бино даромада, онро аз назар гузаронида баргаштанд. Сеюм «гурухи начотдихи» (сардори гурух-Алиев М) ба бино ворид шуда, шахсони мачрухро ба берун интикол доданд ва чахорум гурухи «санитари» (сардори гурух-Унайтуллоева А) ба шахсони мачрух ерии аввалини тибби расонида онхоро ба беморхона фиристоданд. Панчум гурухи «тартиботи чамъияти» (сардори гурух-Хомидов С) ба бино даромада, горатгароне, ки аз ин фурсат истифода бурда, компютерхои мактабро ба ягмо бурдани буданд, дастгир намуда, ба наздиктарин нуктаи ШКД фиристоданд. Шашум гурухи «сухторхомушкуни» (сардори гурух-Шодиев А) ба бино даромада, оташе, ки хам аз дарун ва хам аз берун аланга мезад, сарбаландона хомуш намуда баргаштанд. Хафтум гурухи «садамави-баркароркуни» (сардори гурух- Абдуллоев М) симхои зарардидаи барку телефон ва кубурхои обгузарро таъмир ва баркарор намуда баргаштанд. Пас аз амалиетхои гуруххои гайринизоми мусобикаи мудофиаи шахрванди байни дастахои «Сипар» (синфхои 10) ва » Вахдат» (синфхои 11) шуруъ шуд. Шартхои мусобика(пушидани никоби зиддигази, пушидани либоси махсуси мухофизати, сохтани бандинаи пахтагину докагин ва саволу чавоб оиди мудофиаи шахрванди)-ро харду гурух сарбаландона ичро намуданд. Намояндагони шуъбаи маорифи нохия ва сардори ситоди мудофиаи шахрвандии мактаб хамчун аъзои хакамон одилона рафтор намуда,ба дастаи «Сипар» 43хол ва ба дастаи «Вахдат» 46 хол доданд.
    Иштироки фаъолонаи хонандагонро ба назар гирифта, ба сардори гурухи «санитари» Унайтуллоева А, ба сардори гурухи » Разведка» Каримов М, ба сардори гурухи «тартиботи чамъияти» Хомидов С ва ба аъзои гурухи «Начотдихи» Рахимов Ш ифтихорномахо супорида шуд. Бо хамин рузи намунавии мудофиаи шахрванди дар мактаб чамъбаст гардид. Фикру акидахои хонандагон низ дар охир шунида шуд:
    — Ман, Хомидов Сипехр, хатмкунандаи муассисаи тахсилоти миенаи умумии раками 19, сардори гурухи «Тартиботи чамъияти» хастам. Аввалан миннатдории хешро ба рохбари харбии мактаб ва сардори ситоди мудофиаи шахрванди баен менамоям, ки чунин чорабиниро ба накша гирифта гузарониданд. Аз нуктаи назари ман ин чорабини ба дарачаи оли гузашт. Мо чавонон аз ин чорабини бисер чизхои мухимро барои худ гирифтем ва дар оянда кушиш ба харч медихем, ки онро дар амал татбик намоем. Максади асосии гузаронидани рузи мудофиаи шахрванди аз он иборат аст, ки мардум бояд дар холатхои фавкуллода худро мухофизат карда тавонанд ва баробари шунидани садои бонги хатар ба чойхои бехавф фирор кунанд. Ин албатта ба манфиати ободии кишвар аст, чунки агар чомеа солим бошад, кишвар низ ободу зебову гулгулфукуфон мешавад.
    — Ман Мухаммедов Сомон, хонандаи синфи 11-и хамин дабистон, сардори гурухи «химияви-радиатсиони»мебошам. Аз рохбари харбии мактаб хеле миннатдорам, ки маро барои иштирок ба ин чорабинии намунави интихоб намуда, сардории гурухро ба ман бовар намуданд. Ин чорабини хамин кадар ба хакикат наздик буд,ки хатто калам аз тасвираш очизи мекашад. Ман тарафдорам, ки хамасола чунин чорабинихо гузаронида шавад, чунки ин ба фоидаи сокинон аст.

    Чабборова Шафоат, омузгори фанни забони русии МТМУ-и раками 19, дехаи Сангистон, нохияи Айни

  23. шукрулло

    Аз тачрибаи омузгори м.м.т.у №14 Вохидов Ф
    «Шаклу воситахои пурзур кардани маърифати фаъолона дар дарсхои математика»
    Дар лоихаи накша доир ба фанни математика гуфта шудааст, ки хонандагонро дар рухияи мехнатдусти, ватандусти тарбия намоем . Барои ин талабот нисбат ба хонандагон доир ба донишу фикрронии онхо дар хар як мавзуъ, дар хар як дарс бояд ба эътибор гарифта шавад. Бояд хар як омузгор максади худро пешаки гузорад ,ки у бо кадом кор барои халли он тахкурси гузорад. Пеш аз хама бояд диккати худро ба тарбия дар процессии таълим, дуюм тарзи пурзур кардани дониши хонандагон, сеюм ба халли масъалахои аз хаети имруза гирифташуда чалб кардан лозим аст. Дар кори тарбия ба хар як муаллим лозим аст, ки таълими хонандагон дар мактаб ин саршавии хаети мехнатии онхо буданашро фахмонад. Хонандагонро таъкид кардан лозим аст, ки ба кадри мехнати худ расанд, дар дарсхо бодиккат ва боэхтиет бошанд, харакат кунанд, материали дарсро омузанд. Харакат кардан лозим аст, ки хонандагон ба мехнати фоиданок одат кунанд, дар сари вакт хар як корро ичро кунанд. Худи муаллим бояд пеш аз хама ба ин кор намуна бошад ва ба хонандагон хамеша ери расонад . Ба хонандагон фахмонидан лозим аст, ки донистани материали омухташуда зарур аст. Донистан ин пеш аз хама фахмонида тавонистани материали омухташуда аст, бинобар ин худи хонанда дар хона бе ери вазифаро хал мекунад, е ки ягон теоремаи омухташударо исбот мекунад. Ба хонанда фахмонидан лозим аст, ки агар масъала е мисол бо тези хал нашавад ба шарти масъала е мисол бояд диккат дода рохи халли онро дилгир нашуда чустучу кунад. Бояд хар як муаллим масъала е мисолро хонанда чи хел бояд хал кунад, омузонад яъне ба хонандагон рохи халли масъала е мисолхои гуногунро фахмонад. На хамаи муаллимон ба васеъшавии дониши хонандагон диккат медиханд.
    Бо максади том программаи таълимро омухта тарзи омузонидани программаи таълимро пешаки худи муаллим бояд донад. Ба хар як кисми мавзуъ саволномахо тартиб додан лозим аст. Хамин хел саволхои тартиб додан лозим аст ,ки диккати хонандагон ба он равона карда шавад. Масалан: «Дар вакти сохтани кадом иншоот ва предметхо бештар ададхоро кор фармудан шарт ва зарур аст?» Ин тавр сар мешавад, мавзуъи хамворихои координати дар синфи 5 хонандагон бо навбат чавоб медиханд: Дар сохтани зали кино, доскаи шахмат, харитаи географи, мисоли дигар дар мавзуи «Ададхои натурали ва касри» хамаи хонандагон бояд донад, ки ададхои натурали дар вакти шуморидан кор фармуда мешавад, адади натурали ин 1(як) буда, ададхои пасоянди бо рохи ба адади 1 (як) чамъ кардани адади пешоянда хосил мешевад (1+1=2, 2+1=3, 3+1=4 n, n+1) баъд гуфтан лозим аст, ки ададхои натурали беохиранд хангоми навиштани ададхои натурали онхоро ба синфхо, ки хар як синф аз 3 (се) разряд иборат аст, чудо мекунанд. Хар як хонанда бояд компонетхоро донад , конунхои чамъ ва зарбро фахмонад, чунки мачмуи ададхои натурали аввалин омузиши систематики мачмуи ададхо дар курси математика мебошад. Ба хонандагон символи мачмуи ададхои натурали n-ро нишон додан лозим аст , ба хонандагон роххои халли муодилаи соддатарини ax+d=c-ро омузонидан лозим аст. Бо ерии муодила хал кардани баъзе масъалахо аз имкон дур нест. Хангоми элементхои геометри, масохати росткунча, параллелепипед ба мафхумхои бузургии ченкуни (дарози, масохат, хачм) диккати махсус лозим аст. Барои мустахкам кардани малакаи хонандагон якчанд мисолхо овардан лозим аст. Малакаи хисобкуниро дида мебароем. Ба мо маълум аст, ки пеш аз хал кардани мисолхои бисерамала тартиби амалро донистан лозим аст. Баъди ин кимати ифода ефта мешавад. Инро бо мисолхо нишон додан лозим аст: 82276:268+228475:325 Ч:1010 Акнун камтар дар бораи тарзи истифодабарии асбобхои накшакаши истода мегузарем. Барои он ки дар хонандагон малакаи бо хаткашак , секунча кор карданро хосил кунем, бехтараш аз когази сафеди берах истифода барем ба максад мувофик аст. Барои хамаи хонандагон сохтанхо аз хаткашак ва транспортир дуруст истифода бурданро ед додан лозим аст ва барои бе хато чен кардани масофаи порчахо аз серкул истифода бурданро омузонидан лозим аст.
    Акнун ба халли масъалахои аз хаети имруза гирифташуда мегузарем. Дар китобхои дарсии синфхои 4-5 аксарияти масъалахо хаетианд. Халли онхо бештар сарфаю сариштакори, харроти ва гайраро талаб мекунад. Дар ин гуна масъалахо сухан дар бораи намудхои наклиет низ меравад. Халли онхо аз хонандагон суръати миенаи харакати сомолет, поезд, одам ва гайра донистанро талаб мекунад, дар ин намуди масъалахо хонандагон бо корхои сахрои низ шинос мешаванд. Мисолхоеро меорем, ки бештар ба он хонандагон дар хаети мактаби вохурда дар якчанд фанхо меомузанд.
    а)Хангоми супоридани энергияи электрикии сарфашуда дар яке аз хонахои истикомати- нишондихандаи счетчик чунин буд: дар 1 июн-9715, дар 1 июл-9758, дар 1 декабр-9176,дар 1 январ-9304. Дар кадом мох ба энергияи сарфашуда бисер пул супорида шуд ва чи кадар?(1 кВт энергияи элекрики 11 дирам аст).
    б) Мошини сабукрав ва боркаш дар як вакт ба як самт ба рох баромаданд. Суръати мошини сабукрав 70км/ст суръати мошини боркаш 50км/ст аст. Баъд аз 8 соат масофаи байни онхо чи кадар аст?
    Ба хамин тарик шакли пурзур кардани маърифати фаъолона ба процессии тарбия вобаста аст. Дар процессии накли материали программа муаллим ба дониши хонандагон такя карда мисолхои хаети орад. Барои шавку хаваси хонандагонро ба фанни математика пурзур намудан дар омузиши материали нав бештар аз мисолхои хаети истифода баранд. Экскурсияхо ташкил карда хонандагонро бо таърихи математика шинос намояд. Хонандагонро ба чавобхои кутоху пурмазмун одат кунонад.
    Агар ба гуфтахои боло диккат дода шавад тарбияи фаъолонаи мехнатдустии хонандагон нагз ба рох монда мешавад.

  24. омузгор

    Ба редаксияи азиз
    аз тарафи коллективи МДТ «Литсейи касбии техникии наќлиёти автомобилии ш.Душанбе»

    А Р И З А

    Ба Шумо маълум менамоем, ки муддати ду мох аст, рохбари нав Шарифов Саидмурод Раљабалиевич бо мо кор мекунад. Лозими зикр аст, ки ин шахс аз рўи ихтисоси худаш ба кор наомада аст. Педагог хам нест. Бо кормандон, яъне муаллимон муомилаи хуб надорад, дар сўхбат муаллимонеро, ки 10-15 сол собиќаи кори доранд, тахќир карда, паст зада, аз кор хорич кардани аст. Бо хамаи мо аз худ маѓрури ва такаббури нишон дода истодааст.
    Ба сабаби сохаи кори худро нафахмидан ва маѓрур будан, бесавод будан дар касби наќлиёт ва техникаи муосир дар чамъомаду мачлисхо суханрони карда наметавонад ва балки иштирок хам намекунад. Масалан дар яке аз вохурихое, ки ба наздики бо иштирокчиёнри Чанги Бузурги Ватани доштем, ў бо як чумла на ин ки онхоро табрик накард, балки дар чамомадгох хозир нашуд, яъне ў нишон дод, ки маѓрур, бетачриба, бесавод ва сазовори ин вазифаи бар душ доштааш нест. Мо муаллимонеро, ки ў тахќир мекунад, боз дар хама чорабинихо ва баромадхо иштирок карда айби Шарифов Саидмуродро пўшонида истодаем. Боз лозими зикр аст, ки ба чои оне, ки базаи модди-техникии муассисаро таъмин намояд, то ин ки донишчўён шароити хуби касбомўзи дошта бошанд, ў баръакс маблаѓхоро ба дигар самт ѓайри маќсаднок сарф карда истодааст. Лекин аз Шумо мепурсем, ки ин хол то кай давом мекунад. Ба мо мутахассиси сохаи техники ва педагоги собиќадор лозим аст. Чаро ў беасос моро тахдид карда аз кор рондани аст. Аз гуфтахои дар боло зикршуда бармеояд, ки як бесавод мутахассисони босаводи собиќадорро аз кор хорич кардани аст, вале касе пеши рохи ўро гирифта наметавонад. Магар хамин рафтори ў ќаноатбахш аст?!
    Редаксияи азиз мо хохиши онро дорем, ки ба мо шахси арзандаро фиристед, (албатта педагог бошад) чунки ин шахс аз кўчаи педагогика нагузаштааст. Ё ин ки мо, худ аз байни муаллимони собиќадор, педагог, ботачриба ва дар сатхи маъмурият шахси арзандаро интихоб ва пешниход намоем. Дар ислохи ин кор ва халли ин масъала аз Шумо имдоди халкунандаро умедворем.

  25. илтимос ба ман низомномаи Муаллими солро равон кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>