Ҳайати эҷодӣ

Муродалиев Ғулом
Муродалиев Ғулом (таваллуд 08.03.1936, деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ёвон), рӯзноманигор, хатмкардаи мактаби ҳафтсолаи №2-и деҳа ва мактаби миёнаи ягонаи маркази ноҳия. Солҳои 1955-1956 муаллими мактаби 7-солаи №2, ба номи В.И. Ленини ноҳияи Ёвон, солҳои 1957-1962 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ) ва то соли 1964 омӯзгори мактаби 8-солаи деҳаи Даҳанаи ноҳия буд.
Аз соли 1964 то ба имрӯз фаъолияти меҳнатиаш дар расонаҳои хабарии мухталифи сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ноҳиявӣ давом дорад: корманди маҷаллаи бачагонаи «Машъал» (1964-1967), корманди рӯзномаи «Маориф ва маданият» (ҳоло «Омӯзгор») (1967-1970), корманди рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (1970-1976), муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Коммунисти Ёвон» (1976-1979), корманди «Тоҷикистони Советӣ» (1979-1982). Солҳои 1982-1986 тарҷумони ҳизбӣ дар Ҷумҳурии демократии Афғонистон, 1986-1990 корманди «Тоҷикистони Советӣ», 1990-1992 сармуҳаррири ҳафтаномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон «Сухан», 1992-1996 ҷонишини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Навиди бозаргон», котиби масъули маҷаллаи «Тоҷикистон», масъули дастгоҳи матбуоти Вазорати кишоварзӣ, 2002 ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи «Маърифат» (ҳоло «Маърифати омӯзгор»), аз соли 2008 то ҳол муҳаррири шӯъбаи ҳафтаномаи «Омӯзгор» мебошад.
Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1968), «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» (2008), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2006) ва Корманди шоистаи Т043Eикистон (2011) буда, бо медали Ветерани меҳнат мукофотонида шудааст.

Марямбонуи Фарғонӣ

Марямбонуи Фарғонӣ (Эшонҷонова Марям) (таваллуд 11.11.1956, деҳаи Ровони ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона, миллаташ тоҷик), рӯзноманигор, нависанда, шоира. Хатмкардаи мактаби рақами 11 (ҳоло рақами 1)-и деҳаи Ровон, донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгории ба номи Садриддин Айнии Самарқанд (1973-1977). Фаъолияти меҳнатиаш аз мактаби деҳа шурӯъ шудааст. Солҳои 1977-1984 омӯзгори фанни забон ва адабиёти мактаби деҳа. Охирҳои соли 1984 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, то ноябри соли 1989 дар Маркази методии Вазорати маориф ба ҳайси методисти калон фаъолият кардааст. Аз соли 1989 ҷиддан ба кори рӯзноманигорӣ пардохта, то ҳол дар ВАО фаъолият дорад. Дар нашрияҳои «Паёми Душанбе», «Садои мардум», «Адабиёт ва санъат», «Фирӯза», «Истиқбол» ва радиои Ҷумҳурии исломии Эрон «Садои Хуросон» кор кардааст. Айни замон корманди ҳафтаномаи «Омӯзгор» мебошад.
Маҳсули фаъолияти адабиаш чор асари насрӣ мураттаб аз қиссаву ҳикояҳо ва ду дафтари шеър аст, ки дар нашриётҳои мухталифи кишвар интишор ёфтаанд: «Афсонаи тамаддун», «Ҳадиси Риштон», «Хуморшикан», «Чаҳор қисса», «Исои ман шав» ва «Нури ахтарпораҳо». Маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳояш бо номи «Ишқи аввал» дар дасти чоп аст. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1992) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1996).
Дорандаи Ҷоизаи адабии байналмилалии ба номи Борис Пастернак (Москва, 1995), Ҷоизаи ИН «Нишони сухан» (с.2006), «Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» мебошад.

Саида Набиева
Саидаи Фазл (Саида Набиева) (таваллуд 13.12.1966, ноҳияи Ҳамадонӣ), рӯзноманигор, омӯзгор. Хатмкардаи мактаби рақами 16-и деҳаи Тагноби ноҳияи Ҳамадонӣ (с.1984), факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб (с.1988). Фаъолияти меҳнатиаш асосан ба се қисм ҷудо мешавад: омӯзгорӣ, рӯзноманигорӣ ва илмӣ. Баъди хатми донишгоҳ дар мактаби рақами 1-и ноҳияи Ҳамадонӣ корро сар карда, аз соли 1996 то соли 2003 дар мактаби рақами 16 чун омӯзгори ихтисосманд фаъолият кардааст. Аз охири солҳои 90-ум бо матбуот ҳамкорӣ пайдо карда, дар бораи масоили муҳими соҳа, аз ҷумла барномаҳои таълимӣ, муносибати ҷомеа ба забон, ахлоқи ҷавонон, инчунин дигар паҳлӯҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти рӯз дар рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Минбари халқ», «Омӯзгор», «Ҷавонони Тоҷикистон», маҷаллаҳои «Адаб», «Маърифати омӯзгор», «Фирӯза» масъалагузорӣ намудааст. Соли 2002 шарафи омӯзгорони вилояти Хатлонро дар озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими сол» ҳимоя кардааст. Соли 2003 тибқи озмун корманди ташкилоти башардӯстонаи «Миссияи Шарқ» гардида, дар ҳалли мушкилоти озуқаи мардуми минтақаи Кӯлоб саҳм гирифт ва ҳамзамон бо вазъи зиндагии мардуми деҳот ошно гардид. Соли 2004 ба пойтахт омада, фаъолияти омӯзгориашро дар мактаби рақами 12-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дар як вақтҳамкориашро бо матбуот, хусусан, бо ҳафтаномаи «Омӯзгор» идома дод. Аз моҳи январи соли 2005 то октябри соли 2011 дар ҳафтаномаи мазкур ба ҳайси мудири шӯъбаи мактабҳо ба фаъолият пардохт. Аз октябри 2011 сармуҳаррири маҷаллаи «Маърифати омӯзгор»-и Вазорати маорифиҶТ мебошад. Ҳамзамон унвонҷӯйи Пажӯҳишгоҳи рушди маориф мебошад.
Дар тамоми ин давра аз курси такмили ихтисоси омӯзгорӣ гузашта, дар чандин семинарҳои омӯзишӣ доир ба фаъолияти рӯзноманигорӣ ва гендерӣ иштирок намудааст.
Дар таълифи китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» (синфи 5), Дастури методӣ барои таълими фанни забони модарӣ (синфи 5), китобчаи «Байтбарак», таҳия ва баргардониши рисолаи «Сарфу наҳви тоҷикӣ»-и Саидризо Ализода, таҳриру тасҳеҳи чанд китоби дарсӣ саҳм дорад. Якчанд тақризаш ба китобҳои дарсиву бадеӣ дар матубот, аз ҷумла, дар маҷаллаи «Садои Шарқ», ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ба табъ расидаанд.
Узви Иттифоқи журналистониҶТ, узви коршиносони Вазорати маориф дар бахши таълифу таҳияи барномаву китобҳои дарсӣ буда, хизматҳояш ду маротиба бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи Тоҷикистон, нишонҳои «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти ҷумҳурӣ», «Аълочии фарҳанги ҶТ» қадр ёфтаанд.

Искандаров Самандар
Искандаров Самандар (таваллуд 25.02.1946, ноҳияи Рӯдакӣ), журналист, хатмкардаи мактаби рақами 96-и маҳаллаи Зарафшон, донишҷӯи шӯъбаи форсии факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (1965-1970). Фаъолияти меҳнатиаш аз мактаби миёна оғоз шуда, дар идораҳои ВАО-и ҷумҳурӣҷараён кардааст: 1970-1971-омӯзгори мактаби рақами 96-и маҳаллаи Зарафшон, 1972-1975 — муҳаррири Идораи барномаҳои бурунмарзии Радиои Тоҷикистон, 1987-1999-аз мухбир то мудири шӯъбаҳои иқтисодӣ, амният, ҳуқуқ, сиёсат ва давлатдории рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» («Ҷумҳурият»), 2002-2009-мухбири махсуси нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-«Минбари халқ». Аз соли 2009 муҳаррири ҳафтаномаи «Омӯзгор». Соли 2007 нашриёти «Адиб» маҷмӯаи очерку лавҳаҳои С. Искандаровро бо номи «Бозтоби замон» ба нашр расонидааст. Маҷмӯаи «Раҳовард» ва «Роғун бунёд мешавад!» дар дасти чоп аст. С. Искандаров ҳанӯз моҳи феврали соли 2007 идеяи бо саҳмия бунёд кардани НБО-и Роғунро тавассути рӯзномаи «Минбари халқ» пешниҳод карда буд.
С. Искандаров солҳои мадиде дар кишварҳои Эрон ва Афғонистон ба ҳайси тарҷумон ифои вазифа карда, солҳои 1984-1986 дар ҷузви қитъаоти маҳдуди Урдуи Шӯравӣ дар Афғонистон, чун ҷанговари башардӯст хизмат кардааст. Узви Иттифоқи журналистони Шӯравӣ (1983) ва «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» (2009) буда, бо орденҳои «Красная звезда» (1986), Грамотаи Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ (1988), чандин ордену медалҳо, аз ҷумла, медали афғонии «Аз мардуми муташаккири афғон» (1989), ордени «Шараф» (1998) мукофотонида шудааст.
Хушвахтов Эҳсон
(Эҳсони Хушбахт) (тав.21.07.1989, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ), журналист. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби чорсолаи №33-и деҳаи Тоҷикистони Сурх гирифтааст. Синфи 6-7-ро дар мактаби рақами 20-и деҳаи Каленин ва синфи 11-ро дар литсейи бачагони болаёқати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (собиқ Хоҷамастон) хатм карда, соли 2007 ба ихтисоси журналистикаи байналхалқии факултети журналистикаи ДДМТ (ҳоло ДМТ) дохил шудааст.
Фаъолияти кории Э. Хушвахтов аз Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» шурӯъ гардида, дар муассисаи мазкур дар вазифаи мухбир ва муҳаррири идораи барномаҳои фарҳангии телефизиони «Сафина» фаъолият кардааст. Муаллиф ва муҳаррири як қатор барномаҳои муаллифии ТВС мебошад. Аз соли 2008 то соли 2010 дар факултети журналистикаи ДМТ ба ҳайси оператор кор кардааст. Ҳамзамон, аз соли 2008 то декабри 2010 дар нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и донишгоҳ фаъолият кардааст. Дар нашрияи мазкур фаъолияташро аз ҳуруфчин, мухбир сар карда, баъдан котиби масъул ва сармуҳарририи нашрияро низ бар ӯҳда дошт. Дар баробари фаъолият дар нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» бо дигар нашрияҳои давлатию хусусӣҳамкорӣдошта, вобаста ба мушкилоти рӯз, мавзӯъҳои ниёзи мардум, масъалаи миллӣ, пайдоиш ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани миллату давлате бо номи Тоҷикон ва амсоли инҳоро инъикос намудааст.
Э.Хушвахтов чор сол боз дар мавзӯи С.Айнӣ ва масъалаи миллӣ пажӯҳишоти илмӣ бурда, вобаста ба мавзӯи мазкур мақолаҳои зиёдеро низ рӯи чоп овардааст.

One comment

  1. Action rqeeuirs knowledge, and now I can act!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>