Роҳбарият

Ноилшо Нуралиев

Ноилшо Нуралиев     (таваллуд 20.05.1969, деҳаи Саксанохури ноҳияи Фархор), журналист. Хатмкардаи факултети филологияи тоҷики ДМТ (1996). Дар вазифаҳои муҳаррири хурд, муҳаррири калон, мудири шӯъбаи маънавиёти Ширкати Телевизиони «Пойтахт» (1997- 2006), сармутахассиси Шубаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот-котиби матбуоти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (январи 2007-сентябри 2011) кор карда, аз октябри 2011 дар вазифаи сармуҳаррири ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба фаъолият шурӯъ кардааст. Мавсуф аз охири солҳои 90-ум бо матбуот ҳамкорӣ пайдо карда, дар бораи масоили муҳими соҳа, аз ҷумла барномаҳои таълимӣ, муносибати ҷомеа ба забон, ахлоқи ҷавонон, инчунин дигар паҳлӯҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти рӯз дар рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Минбари халқ», «Омӯзгор», «Ҷавонони Тоҷикистон», маҷаллаҳои «Адаб», «Маърифати омӯзгор» масъалагузорӣ намудааст. Дар баробари ин, Н.Нуралиев муаллифи як қатор барномаҳои телевизионӣ буда, дар тарбияи насли наврас ва роҳнамои ҷомеа саҳм гузоштааст. Узви Иттифоқи журналистониҶТ (2004) ва дорандаи нишони «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» (2009) мебошад.

Абдурауф Илёспури Муродӣ

Абдурауф Илёспури Муродӣ (таваллуд 1.04.1961, деҳаи Хӯҷапанҷи шаҳри Панҷакент), шоир, нависанда ва рӯзноманигор. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент ва факултети филологияи ДДОТ ба номи С. Айнӣ. Дар вазифаҳои омӯзгор ва муовини сарвари мактаби рақами 5-и шаҳри Роғун, муҳаррири рӯзномаи «Нурафшон»-и шаҳри Роғун, омӯзгори мактаб-парваришгоҳи шаҳри Панҷакент, мушовири шӯъбаи маориф, ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаҳои «Дайри муғон» ва «Сомониён» кор кардааст. Солҳои 1996-2001 раиси бахши Бунёди байналмилалии забони тоҷикӣ дар шаҳри Панҷакент буд. Аз соли 2001 то ҳол дар идораи ҳафтаномаи «Омӯзгор» фаъолият дорад. Ҳанӯз аз овони мактабхонӣ ба эҷодкорӣ машғул буд, хабару мақола ва шеъру ҳикояҳояш пайваста дар нашрияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба табъ мерасиданд. Тадриҷан рӯй ба ҳаҷв овард ва бештар дар ин ҷода муваффақ гашт. Китобҳои алоҳидаи ҳаҷвияҳояш бо номҳои «Аз нешханд то нӯшханд» (1999), «Мӯйлаб» (1999), «Анори дона-дона» (2005), «Шукуфти ғунчаи лабҳо» (2006), «Хандадара» (2009) ва «Дарункӯб» (2001) ба нашр расидааст. Шеъру ҳикояҳо, қиссаю сафарнома, лавҳаю очеркҳо, мақолаҳои илмию методиаш ҳамчунин дар китобҳои дигараш «Ҷашнҳои мактабӣ» (1992), «Паёми мушовир» (1996), «Дили гарм» (1997), «Лутфи Худованд» (2000), «Ҷасорат» (2000), «Чошнӣ» (2009), «Биё, то қадри якдигар бидонем» (2009), «Дилнавоз» (2009), «Посдори ҳақиқат» (2009), «Анҷумани дӯстон» (2009), «Ҷилои вожаҳо» (2010), «Паҳнои меҳр» (2010), «Парчами Тоҷикистон» (2011) гирдоварӣ ва нашр шудааст. Дорандаи нишонҳои «Аълочии маорифи ҶТ» (2002), «Аълочии фарҳанги ҶТ» (2003), «Аълочии матбуоти ҶТ» (2004), ифтихорномаи Ҷамъияти «Знание»-и собиқ ИҶШС ва барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ  дар соли 2004 (барои силсилаи мақолаҳо дар мавзӯи ислоҳоти соҳаи маориф ва инъикоси фаъолияти аҳли таълиму тарбия) мебошад. Аз соли 1996 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва аз соли 2004 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

11 comments

  1. Педагог

    Бо рахбарият шинос шудем. Одамони начиб. Омузгор акнун пеш меравад.

  2. Завқиддин

    роҳбарияти омӯзгор илтимос ба ман дар бораи китоб маълумотҳо диҳед.ба ман хеде зарур.илтимос.

  3. О Махмадшарифи Рустам парида бурафтандку

  4. аз устоди гироми Абдурауф хохиш дорам ки ба ман каме малумот медод ман чи тавр метавонам шерхои навиштаамро дар мачалахо чоп кунам. Шер менависам ва бо 1 шоира хамкори дорам чавобашро интизорам Farhod.95tj@mail.ru

  5. ФАРИДУН

    АССАЛОМУ АЛАЙКУМ КОРМАНДОНИ ГАЗЕТАИ «ОМУЗГОР». САРБАЛАНДАМ, АЗ ОН КИ ТАВАССУТИ ИНТЕРНЕТ БО МАВОДХОИ ЧОЛИБИ ШУМО ОШНО МЕГАРДАМ. МАН ХУД ЗОДАИ УЗБЕКИСТОН ХАСТАМ ВА АЛБАТТА ТАВАССУТИ ШАБАКАХОИ ИНТЕРНЕТ ХОНДАНИ МАТЕРИАЛХОИ ТОЧИКИ БАРОИ МАН ШОДИОВАР АСТ. ГАЗЕТА ХЕЛЕ ХУБ АСТ ВА ДАР ИНТЕРНЕТ ЧОЙГИР ШУДАНИ ОН БОЗ ХАМ БЕХТАР. КОРИ ХУБ МЕШУД, КИ ТАМОМИ МАВОДХОРО ДАР ИНТЕРНЕТ ЧОЙГИР МЕНАМУДЕД. БИСЁРИИ МАТЕРИАЛХОРО АЗ СОХТИ PDF-И ГАЗЕТА МЕХОНАМ. БАРОИ ШУМО КОРМАНДОНИ ГАЗЕТА ПЕШРАВИИ КОР, БАРОРИ ЭЧОДИРО ТАМАННО ДОРАМ. ХАМЕША САРБАЛАНДУ ХОНАОБОД БОШЕД.

    • Ситорабону

      Хонандаи азиз, мо хурсанд аз онем, ки Шумо бо мо ҳастед! Афсӯс, аз сабаби маҳдуд будани ҳостинги торнамо, маъмурияти сомона имкони ҷой додани тамоми маводи «Омӯзгор»-ро надорад. Ба ҳамин хотир тасмим шуда буд, ки ПДФ-и ҳафтанома тавассути портали ишюю.ком ба хонандагонамон фаъол бошад. Саломату хонаобод бошед!

  6. Ассалому алейкум дӯсти азизам Абдурауф Муродӣ!
    Иҷозат фармоед Шуморо бо рӯзи зодрӯзатон табрик гӯям!
    Ба Шумо тани сиҳат ва дили беғам, баъдан умри дароз ва дар фаъолияти кории рӯзноманигориатон комёбиҳо орзӯмандам. Доимо тансиҳату тандуруст бошед.
    тел. 91-962-4444

  7. Ассалому алейкум дӯсти азизам Абдурауф Муродӣ!
    Иҷозат фармоед Шуморо бо рӯзи зодрӯзатон табрик гӯям!
    Ба Шумо тани сиҳат ва дили беғам, баъдан умри дароз ва дар фаъолияти кории рӯзноманигориатон комёбиҳо орзӯмандам. Доимо тансиҳату тандуруст бошед.
    тел. 91-962-4444

  8. Хакберди Рахмонов Омузгор

    Салом ба коркунони рузнома бахшида ба 150 солагии шоири точик Накибхон Туграли ахрори ки имсол бо фармони президент чашн гирифта мешавад як маколае навистам илтимос дар газета чой дихед сипосгузорам ба хамаатон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>