Теъдоди лаёқатмандон меафзояд

Теъдоди лаёқатмандон меафзояд

Гузориш аз олимпиадаи даставии хонандагон

16-17 апрели  соли ҷорӣ дар мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Ҳисор олимпиадаи даставии хонандагон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забонҳои англисиву русӣ, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, таърих, химия, физика, биология, математика ва технологияи информатсионӣ байни дастаҳои мактабҳои Президентӣ ва дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоятҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Дар расми ифтитоҳи озмун  муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Тешаев,  сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм  Абдуҷаббор Алиев, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Умед Сафаров, масъулон, омӯзгорон, падару модарон ва намояндагони шаҳру ноҳияҳо ширкат варзиданд.

Муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ иброз дошт, ки  дар даври ҷумҳуриявӣ иштирок кардан худ аллакай пирӯзист ва боз дар ин сабқат муваффақият ба даст овардан шарафмандии дигарест.  Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Тешаев перомуни ҳадафҳои марказ ва тартиби баргузории  олимпиада  суханронӣ кард.

Иштирокдорон бо тартиби баргузорӣ ва шартҳои озмун шинос шуда, аз рӯи ду шарт — кори хаттӣ ва тестӣ ба сабқат пардохтанд. Барои посух ба саволу масъалаҳо (барои саволномаҳои тестӣ 1 соат ва барои масъалаҳо 4 соат) ҷудо гардид.

Бо қаноатмандӣ  метавон гуфт, ки дар рафти озмун нисбат ба солҳои пешин сатҳи баландтари донишу истеъдоди  шогирдон ба мушоҳида мерасид. Иштирокдорони олимпиада вақтҳои холӣ аз мавзеъҳои таърихии  шаҳри Ҳисор дидан намуданд ва бо таърихи пурғановати ин шаҳри бостонӣ ошноӣ пайдо карданд. Ҳамчунин, бегоҳии рӯзи аввал дар ҳузури  иштирокдорони олимпиада маҳфили шеъру суруд баргузор гардид, ки хеле ҷолибу таъсирбахш буд.

Дар олимпиадаи даставӣ холҳои баландтаринро Усмонҷон Ашӯрматов (хонандаи литсей барои хонандагони болаёқати ноҳияи Сино, 95 хол, аз фанни математика), Алишери Анвар (гимназия-интернати Тоҷикистону Россия “Ҳотам ва ПВ”, ноҳияи Сино, аз фанни математика 95 хол),   Ҷобири қурбоналӣ (мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқати ноҳияи Данғара, 94 хол, аз фанни физика) ва Мирзомуҳаммад Каримов (литсейи №1-и шаҳри Хуҷанд, аз фанни математика 93 хол)-ро ба  даст оварда, соҳиби Тавсиянома  барои аз тариқи  суҳбат дохил шудан ба муассисаҳои олии кишвар гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки  аз баъзе фанҳои таълимӣ дониши хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна нисбат ба муассисаҳои типи нав баландтар аст. Масалан, аз фанни технологияи информатсионӣ хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 82 хол ва хонандаи муассисаи типи нав 81 хол, аз фанни биология муассисаи типи нав  75,5 хол ва хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 81, 5 холро соҳиб гардиданд. Ин нишон медиҳад, ки сатҳу сифати дониши хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  баланд гардида, таваҷҷуҳи хонандагон ба фанҳои дақиқ бештар шудааст.

Масъалаи ташвишоваре, ки чандин маротиба таъкид бар он кардаем, ҳозир нашудани гурӯҳе аз хонандагон ба олимпиада мебошад. Ин  аз як тараф  бемасъулиятии масъулини шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо бошад, аз тарафи дигар, омода  накардани хонандагон ба олимпиада аст.

Гузашта аз ин, дар озмуни мазкур дониши нокифоя нишон додани  бисёре аз иштирокдорон ба мушоҳида расид. (бахусус, аз фанҳои забонҳои англисию русӣ). Масалан, аз забони англисӣ аз 17 нафар 15 довталаб аз кори хаттӣ ягон холро соҳиб нагардиданд. Ва  2 нафар,  яке 68  хол ва дигари 55 холро ба даст оварда, соҳиби ҷойҳои 1-ум ва 2-юм гардиданд ва ҳеҷ кас ба ҷойи сеюм лоиқ дониста нашуд.   Аз фанни забони русӣ бошад, аз 17 нафар иштирокчӣ танҳо 1 нафар 54 холро соҳиб гардид, ки ба ӯ ҷойи сеюмро сазовор донистанд.

Баҳриддин Камолиддинов, доктори илмҳои филологӣ, профессори ДМТ қайд кард, имрӯз мушоҳида мешавад, ки таваҷҷуҳи ҷавонон ба омӯзиш ва интихоби касб бештар гардидааст. Довталабоне тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду соли охир ба макотиби  олӣ дохил шудаанд, аз донишҷӯёни замони пеш фарқ мекунанд ва дар омӯзишу мутолиа завқи баланд доранд.

Сармутахассиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Мирзоматов дар хусуси дониши хонандагон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ҳарф зада, иброз дошт, ки дар муқоиса ба солҳои пешин дониши хонандагон хеле боло рафтааст, вале ин ҳанӯз моро қонеъ намегардонад. Бояд гуфт, ки хонандагон дар навиштани иншо ва нақли хаттӣ қобилияти хуб доранд, бо вуҷуди ин, ба  хатоҳои услубию грамматикӣ  роҳ медиҳанд. Масалан, дар олимпиадаи даставӣ аз забон ва адабиёт, ки 17 нафар аз тамоми шаҳру навоҳии кишвар ширкат варзиданд, хонандагонро пайдо кардан мумкин аст, ки ба мавзӯъ сарфаҳм рафта, мустақилона фикри хешро баён карда тавонистанд, вале дар гузоштани  аломатҳои китобат ба ғалатҳо роҳ доданд. Аз ин рӯ, омӯзгорони фанниро, ки  хонандагонро ба олимпиадаҳо омода мекунанд, зарур аст, ки ба ин масъалаҳо диққати ҷиддӣ диҳанд. Ҳамчунин, 20 фоизи саволҳо аз барномаи таълимӣ берун аст ва сол то сол доираи ин гуна саволҳо зиёд карда мешавад. Бинобар ин, хонадагонро зарур аст, ки бо хондани рӯзномаву маҷаллаҳо ва китобҳои бадеию илмӣ дониши хешро такмил бахшанд.

Муҳсин Шарифов, номзади илмҳои педагогӣ, сармутахассиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки натиҷаи озмун аз фанни таърих нишон дод, ки ҳанӯз ҳам хонандагон аз доираи китобҳои дарсӣ берун набаромадаанд ва 20 фоизи саволҳое, ки берун аз барномаи таълимӣ ворид карда шуданд, аксаран ҷавобҳои саҳеҳу қонеъкунанда надоданд. Омӯзгорони макотиби миёна бояд сари ин масъала диққати ҷиддӣ диҳанд ва хонандагонро фаротар аз барномаи таълимӣ омода намоянд. Яъне, шакли васеи омӯзиши фанни таърихро дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ ба роҳ мондан зарур аст.

-Соли дуюм аст, ки тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон олимпиадаи хонандагон аз фанҳои таълимӣ сурат мегирад, ки шаффофият-ро таъмин мекунад. Дониши хонандагон аз фанни биология низ сол ба сол беҳтар гардидааст. Ва аксаран хонандагон ба саволҳои пешниҳодгардида, ҷавобҳои мушаххас доданд ва имсол бори аввал дар олимпиада аз фанни  биология  як хонанда 96 холро соҳиб гардид, — қайд кард Маҳмадтоҳир Нарзуллоев, муовини ректор оид ба таълими ДДОТ ба номи С.Айнӣ, ҳамчунин, раиси ҳакамон аз фанни биология.

Ҳамин тариқ, олимпиада ҷамъбаст гардид. Дар анҷоми олимпиада вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки сифати таҳсилот дар ҷумҳурӣ сол то сол беҳтар мегардад. Ҳарчанд  саволҳои тестӣ берун аз барномаи таълимӣ омода шуда бошанд ҳам, бисёре аз хонандагон ба саволҳо ҷавобҳои қонеъкунанда  доданд.

— Соли оянда дар Низомномаи олимпиадаи даставии хонандагон тағйирот ва ба шарту талаботи он дигаргунӣ ворид менамоем. Ҳамчунин, 50 фоизи саволҳо берун аз барномаи таълимӣ интихоб карда мешаванд ва дар ду соли оянда пурра берун аз барномаи таълимӣ тартиб дода хоҳанд шуд,-гуфт вазир.- Ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ густариш меёбад ва хонандагони донишманду истеъдодманди зиёд  дорем, ки дар олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалию ҷаҳонӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.

Натиҷаҳои олимпиадаи ҷумҳуриявии даставӣ нишон дод, ки дастаи Муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Душанбе бо гирифтани  9 ҷойи ифтихорӣ сазовори мақоми аввал дастаи  Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе  бо гирифтани 4 ҷойи ифтихорӣ сазовори мақоми дувум, дастаи Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон” бо гирифтани 2 ҷойи ифтихорӣ сазовори мақоми сеюм гардиданд.

Таҳлили муқоисавии даста-ҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ва минтақаҳо нишон доданд, ки муассисаҳои таълимии вилояти Суғд бо гирифтани 16 ҷойи ифтихорӣ (7 нафар — ҷойи 1, 4 нафар – дуюм ва 5  нафар — ҷойи сеюм)  мақоми аввал, муассисаҳои таълимии  шаҳри Душанбе бо ишғоли  14  ҷойи ифтихорӣ (3 нафар — ҷойи якум, 5 нафар -дуюм ва 6 нафар – ҷойи сеюм)  мақоми дувум ва муассисаҳои таълимии  вилояти Хатлон бо гирифтани  6 ҷойи ифтихорӣ (1 нафар — ҷойи дуюм ва 5 нафар — сеюм) мақоми сеюмро ба даст оварданд.

Ғолибони олимпиада бо ҷом, медалҳо, Ифтихорнома ва туҳфаи хотиравии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

 

Насриддин Охунзода, “Омӯзгор”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*