Бунёдгузори артиши миллӣ

Бунёдгузори артиши миллӣ

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст».

Оре, ҳифзи Ватан, дастовардҳои истиқлолият ва сулҳу осоиш вазифаи муқаддас ва шарафи бузург аст. Ва ин вазифаҳои муҳимро мо – мардуми Тоҷикистон, вақте сарбаландона иҷро карда метавонем, ки аввалан ба моҳияти истиқлол, арзишҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд сарфаҳм равем ва ба воситаи чунин дарки воқеӣ ба таҳаввулоти мафкуравии гиромидошти ин меъёрҳо, ки омили аслии мавҷудияти ҷомеаи мутамаддин ва ободии рӯзгори ҳар фард аст, муваффақ гардем. Дар ин замина шарти муҳимтар он аст, ки эҳсоси соҳибватан буданро дар худ парвариш диҳем ва дар ақлу идроки худ расидан ба қадри неъмати бебаҳои ватандориро мароми зиндагии хеш созем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора гуфтаанд:

«Ватандорӣ бахти бузург аст, вале ба қадри истиқлолияти миллӣ ва давлати соҳибихтиёр расида тавонистан аз он ҳам болотар аст. Зеро соҳибватан будан, тақдири фарзандон, тақдири миллат, забон ва иқтисоду фарҳанги хешро дар даст доштан на ба ҳар халқу миллат ба осонӣ муяссар мегардад».

Хизмат кардан ба Ватан, аслан хизмат кардан ба падару модар, барои некуаҳволии фарзандон ва ободии рӯзгори худи инсон аст.

Имрӯз вазифаҳои ҳар як шаҳрванди некхоҳ ва ҳар тоҷики ватандӯст, аз хурд то бузург, афзудан ба дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».

Бунёд ва таҳкими Қувваҳои мусаллаҳ ва дигар сохтору воҳидҳои ҳарбии таъмини амният ва мудофиаи Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ва дар корномаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи дурахшоне мебошад.

Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили амният ва истиқлоли мамлакат ва ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои марбута муҳофизати Ватан ва дифоъ аз манфиатҳои мамлакатро вазифаи асосии давлат ва кори тамоми халқ муайян намуда, тамоми масъалаҳои вобаста ба таҳкиму такмили артиши миллӣ, фаъолияти он, омодагии доимии ҷангии қушӯнҳо ва ҳаёти ҳарбиро дар маркази диққати худ қарор дода, барои боз ҳам беҳтар кардани шароити хизмат ва аҳволи моддию маишии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ менамояд.

«Мо баъди ҳазор сол ба шарофати истиқлолият соҳиби артиши миллӣ шудем. Шукронаи онро мекунем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи худро бунёд карда тавонистем. Вале ин ҳанӯз кам аст. Дар назди неруҳои низомии мо корҳои бисёре истодаанд. Мо мехоҳем, ки низомиёни мо чун падару бобоёни худ бо халқ ҳамдилу ҳамнафас бошанд, аз ҷониби шаҳрвандон чун ҳимоятгари Ватан пазируфта шаванд. Аз ин рӯ, ҳар як афсару сарбозро лозим аст, ки беҳтарин анъанаҳои ҳарбиро ривоҷ диҳанд, аз интизоми намунавӣ, матонат ва садоқати ба халқу Ватан доштаи наслҳои гузашта сабақ гиранд».

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баробари бар уҳдаи давлат ва мақомоти роҳбарӣ ва ҳайати фармондеҳию афсарӣ гузоштани ҳалли масъалаҳои таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохтору воҳидҳои ҳарбӣ, вазифаҳо ва масъулияти тамоми табақаҳои иҷтимоӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, мактабу маориф, иттиҳодияҳои эҷодӣ ва падару модаронро барои ба хизмати ҳарбӣ омода намудани ҷавонон ва дар мафкураи онҳо парвариш додани ҳисси ватандӯстӣ ва муқаддас шуморидани хизмати Ватанро тақозо менамояд.

Роҳбари муаззами мардуми тоҷик ҷавононро неруи пешбар ва созанда номида, итминон дорад, ки насли ҷавони мамлакат дар кори ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва сулҳу осоиши мамлакат аз худ масъулиятнокӣ зоҳир менамоянд.

Сарвари мамлакат сафҳои Артиши Миллиро на танҳо ҷои адо кардани қарзи фарзандиву ватандорӣ, ҳамчунин мактаби камолоти инсонӣ ва шуҷоату мардонагӣ ҳисоб мекунад:

«Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд. Хизмат дар сафҳои артиши миллӣ бояд қарзи виҷдон ва ҳаққи фарзандии ҳар як ҷавони далер бошад. Муҳофизати Ватан муҳофизати обу хоки муқаддаси бобокалонҳои номовари мост. Касе, ки аз хизмати Ватан саркашӣ мекунад, аз хизмати падару модар, аз эҳтироми хоҳару бародари худ саркашӣ мекунад. Даъват ба хизмати ҳарбӣ бояд ид бошад».

Сардори давлат ҷонфидоиҳои насли бузурги моро дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ тимсоли олии ватандӯстӣ, ваҳдат, шуҷоату мардонагӣ тавсиф намуда, барои насли ҷавон дарси ибрат ва сабақи ҷовидона меҳисобад. Президент Эмомалӣ Раҳмон корнамоиҳои қаҳрамононаи насли бузургро бо камоли ифтихор ёдовар шуда мегӯяд:

«Мо имрӯз ҳам бо гузашти даҳсолаҳо бо камоли ифтихор номи қаҳрамонон ва фидокорони Ҷанги Бузурги Ватаниро ёдовар мешавем, хотираи онҳоро пос медорем. Ягон муҳорибае набуд, ки дар он тоҷикон ҳамроҳи намояндагони миллатҳои дигар иштирок накарда бошанд. Маҳорат, диловарӣ, мардонагӣ, шуҷоат ва қаҳрамониҳое, ки фарзандони Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нишон додаанд, сазовори таҳсин аст. Барои корнамоиҳои ҷангӣ 72 нафар фарзандони Тоҷикистон сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ шудаанд ва 17 нафар ҳамдиёрони мо бо се дараҷаи ордени «Шараф» сарфароз гардидаанд. Қаҳрамонии онҳо ҳамеша ифтихори халқи тоҷик ва илҳомбахши Артиши миллии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон хоҳад буд».

Дар тарбияи насли наврас ва омода кардани онҳо барои ҳифзи Ватан ва дастовардҳои истиқлолият ва ваҳдату ягонагии мардуми мамлакат нақши адабиёт хеле муҳим аст. Президенти кишвар нақши созандаи адибон ва адабиётро махсусан қайд карда мегӯяд, ки адабиёт, каломи бадеӣ эҳсоси ватандӯстӣ, нангу номуси ватандории мардумро ба ҷӯш меоварад.

Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунад, ки: «Ваҳдат ва истиқлолияти миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ, кӯшиши пойдору устувор нигоҳ доштани Ватани аҷдодӣ мавзӯъҳое ҳастанд, ки ҳамеша диққати аҳли илму адабро ба худ ҷалб менамуданд. Имсол мо, тоҷикистониён биступанҷумин баҳори соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамонро ҷашн мегирем. Ин ҷашн дар шароите таҷлил мешавад, ки Ватани мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол бар марҳилаи нави тараққиёти худ дохил шуда, бо қадамҳои устувор барои боз ҳам пойдор гардонидани сулҳ, таҳкими арзишҳои давлати демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёд пеш меравад.

Озар Баҳромзода Орифӣ,

корманди Вазорати фарҳанги

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*