«СASA-1000» чӣ манфиат дорад?

«СASA-1000» чӣ манфиат дорад?

Лоиҳаи  «СASA-1000» яке аз лоиҳаҳои  бузургтарини муштараки  Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон буда, барои кишварҳои ширкатдор як қатор  манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ хоҳад овард.

Ин лоиҳа норасоии неруи барқро коҳиш дода,  дар  корҳои тиҷоратии кишварҳои шарик манфиат ва ҷойҳои нави кориро ба вуҷуд хоҳад овард.

«СASA-1000» якумин лоиҳаи минтақавӣ ба ҳисоб рафта, Осиёи Марказиро бо Осиёи Ҷанубӣ пайваст месозад.

Барои Тоҷикистон  ва Қирғизистон ин имконияти воқеӣ бобати содироти неруи барқи изофагӣ дар  фасли тобистон ва дастрас намудани даромади воқеӣ аз чунин содирот  мебошад.

Барои  Покистон ва Афғонистон бошад,  ин қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ва иқтисодиёташон  бо неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза маҳсуб меёбад.

Вобаста ба маҷрои дарёи Вахш истеҳсоли неруи барқ аз 3 то 8 млрд кВ/соат арзёбӣ карда мешавад. Дар доираи татбиқи лоиҳаи «СASA-1000» Тоҷикистон тақрибан 3 млрд кВ/с неруи барқро метавонад ба дигар кишварҳо содир намояд.

Тибқи нақшаи пешакӣ соли 2018 таҳвили неруи барқ тавассути ин тарҳ оғоз меёбад.

АМИТ «Ховар»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*