Рӯзи илми тоҷик таҷлил шуд

Рӯзи илми тоҷик таҷлил шуд

Дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он Рӯзи илми тоҷик таҷлил гардид.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид иброз дошт, ки ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи апрел дар кишвари мо Рӯзи илми тоҷик қайд карда мешавад. Ин падида зодаи даврони Истиқлолият буда, бо мақсади рушди илм ва қадрдонӣ аз аҳли илм  амалӣ мегардад. Ба ин муносибат муассисаҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ чорабиниҳои зиёди илмӣ, ҳафтаи илм, конференсияву семинарҳо, озмунҳои илмию эҷодии таълимгирандагонро гузаронида, бо ин васила насли нави кишварро ба сӯи илму дониш ҳидоят менамоянд.

Дар идомаи ҳамоиш доктори илми таърих, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қаҳҳор Расулиён дар мавзӯи “Чаҳоряк асри дастовардҳои Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, номзади илми биология, дотсенти ДДОТ ба номи С.Айнӣ Маҳмадтоҳир Нарзуллоев дар мавзӯи “Хусусиятҳои модулҳои сарбории таълимии донишҷӯ”, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессори ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур Мастибек Норов дар мавзӯи “Аҳамияти зироатҳои равғанидиҳанда дар ноил шудан ба худкифоии миллӣ” суханронӣ намуданд.

Ш.Зиёдуллозода,

таҷрибаомӯз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*