Истиқлолият ва рушди Бадахшон

Истиқлолият ва рушди Бадахшон

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз минтақаҳои рушдёфтаи фарҳангию иқтисодӣ буда, дар пешрафту тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи бузургу мондагор дорад. Ҳанӯз аз замонҳои гузашта ва қарнҳои мозӣ ин сарзамин бо сангҳои қиматбаҳо ва маъданҳои ба гунаи комилу пурра кашфношуда, хусусан бо лаъли оламшумули худ дар тамоми ҷаҳон нуфузу обрӯ пайдо карда буд.

Давлатдорони олам, шоҳони ғосиб бо ҳуҷуму лашкаркашиҳои пай дар пайи хеш (шурӯъ аз Искандари Мақдунӣ то сарлашкарони аъробу хоқони турк, темуриёну чингизиён ва хонҳои манғитию сипоҳиёни Россияи подшоҳӣ) ҳангоми забткориҳояшон, ҳароина рӯ ба сӯйи Боми Ҷаҳон меоварданд ва орзую омоли ниҳоияшон ба тасарруфи худ даровардани ин марзу бум ва соҳибу «хуҷаини» мутлақи конҳои номакшуфи сангҳои кӯҳии минтақа, ба як ибора ганҷҳои фаровони Бадахшон гардидан маҳсуб меёфт. Бархе аз кишваркушоёни дунё ҳасрати боре ба ин мавзеи афсонавӣ ва диёри офтобӣ гом ниҳодан дар дил сарои дударро падруд гуфтаанд. Ҳатто, баъдҳо дар миёнаҳои асри Х1Х барои дар таҳти назорат ва тасаллути худ нигоҳ доштани Бадахшон байни иддае аз давлатҳо, амсоли Афғонистон, Россия ва Англия муносибатҳо тезу тунд гардида, ба як низою моҷарои сиёсӣ мубаддал гардид. Муборизаю муқовиматҳо то ибтидои асри ХХ идома ёфта, билохира баҳори  соли 1919 дар Бадахшони Кӯҳӣ Ҳокимияти Шӯравӣ ташкил гардид. Тӯли 70 соли мавҷудияти Ҳокимияти Шӯравӣ ВМКБ хеле тараққӣ карда, дар таҳкими соҳаи иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми арзанда гузошт. Бо вуҷуди ин ҳама, ҳанӯз роҳҳои мошингарди минтақа ба дараҷаи зарурӣ сохта нашуда, ба ҷуз ду омӯзишгоҳ дигар биноҳои бузург, аз ҷумла макотиби олии замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор нагирифта буданд. Бо соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ имконот ва шароити мусоиду созгор баҳри ободу шукуфон шудани вилояти мазкур ба миён омад, вале сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ва доман паҳн кардани он ба ин раванд зарбаи сахте расонд. Ҷангу низоъ ва муқовиматҳои дохилӣ ҳаёту рӯзгори амну рифоҳ ва осудаи мардуми ин марзро на танҳо халалдор намуданд, балки мӯҷиби ба харобию вайронӣ мувоҷеҳ гардидани корхонаҳо ва амалан фалаҷ шудани ҳукуматдории маҳаллӣ ва заифии муассисаҳои таълимӣ гардиданд. Рӯҳафтодагию навмедӣ ва адами боварию эътимод ба фардои дурахшон аҳолии минтақаро фаро гирифта, хавфи пора-пора гардидани  Тоҷикистон ва вилояти овозадорро ба миён оварда буд. Вале бо талошҳои пайгиронаи фарзанди содиқи Ватан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон пояҳои ҳукуматдории навини миллӣ барқарор ва амнияту осудагӣ ҳукмфармо ва мустаҳкам гардид.

Дар Бадахшон низ баъди сафарҳои чандинкаратаи Пешвои миллат ва вохӯрию мулоқотҳояш бо мардуми ташнаи сулҳ ва ҷонибдори ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон вазъи сиёсӣ тадриҷан муътадил гардида, амалҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ вусъати тоза пайдо намуданд. Соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, ки тақрибан рӯ ба нестӣ оварда буданд, дубора барқарор ва тараққӣ ёфтанд. Таваҷҷуҳи Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмонро қабл аз ҳама маорифи қаламрави вилоят ва сатҳи таълиму тарбия дар таълимгоҳҳои он ба худ ҷалб менамуд. Ба вуҷуд овардани заминаҳои моддию техникии мустаҳкам, сохтмону бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, таъсис додани литсейю гимназияҳо, коллеҷҳо ва мактаби Президентӣ амали саҳлу осон ба шумор намерафт. Илова бар ин, бо кадрҳои ихтисосманд таъмин намудани макотиби миёнаю олии вилоят, ташкили синфхонаҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳо (лабораторияҳо), бо васоити навтарини технологияю дастгоҳҳои техникии замони муосир муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои  таълимӣ, роҳан-дозӣ кардани фаъолияти марказҳои гуногун, аз қабили марказҳои таҳсилоти иловагӣ, технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, рушди кӯдак, муассисаҳои томактабӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва дар маҷмӯъ, татбиқу амалисозии ислоҳоти куллӣ дар соҳаи маориф аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва зарурӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафтанд. Табиист, ки дар солҳои аввали  соҳибистиқло-лии мамлакат ба вуҷуд овардану пурқувват намудани кори рӯзмарраи муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои номбаршуда маблағҳои ҳангуфтро талаб мекарданд. Аз ин рӯ, таҳти раҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои ҳадафмандонаи ӯ дар минтақае, чун Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру навоҳии он ислоҳоти соҳаи маориф марҳила ба марҳила ба роҳ монда шуд. Шурӯъ аз соли 1996 раванди зикршуда вусъати тоза пайдо карда, вилоят ба комёбию музаффариятҳои беназир дар равнақу ривоҷ додани барномаҳои гуногун дар соҳаи маориф ноил гардид. Зимни сафаре, ки соли гузашта Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят анҷом дод, чун ҳамешагӣ аз вазъи таълиму тарбия дар таълимгоҳҳо ва шароити феълии муассисаҳои таълимӣ аз наздик шиносоӣ ҳосил карда, ба бунёди биноҳои ҷадид мароқ зоҳир намуд ва дар зимн аз барномаю нақшаҳои таҳиягардидаи давлату ҳукумат дар соҳаи маориф дар ин қаламрав бо аҳолии вилоят суҳбати гарму ҷӯшон доир намуд. Сарвари давлат, бавижа ба дарёфту тарбия намудани ҷавонони соҳиблаёқату донишманд ва алалхусус, ба фарогирии духтарони деҳоту рустои навоҳӣ дар ин сарзамини кӯҳистон ба таҳсил дар мактабҳои олии кишвар таваҷҷуҳи  хоса зоҳир намуд.  Ба шарофати соҳибистиқлолӣ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев, мактаби Президентӣ ва Мактаби маълумоти давомдори касбии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ фарзандони сокинони шаҳру навоҳии вилоят сарбаландона таҳсил намуда, баҳри пешрафти минтақа ва дигаргуниҳою тағйироти бузург дар бахши маориф ҷаҳду талош мекунанд. Яке аз масъалаҳои асосӣ дар бахши маориф бо китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии вилоят ба шумор меравад. Бо ин мақсад Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ шурӯъ аз соли 2005 фаъолияти китобхонаҳои мактабиро беҳтар карда, давра ба давра мушкилоти мавҷударо мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Соли гузашта дастрасии хонандагон бо китобҳои дарсӣ вобаста ба эҳтиёҷоташон 70-80 дар сад ва иҷрои Барномаи компютеркунонӣ 220% фоизро ташкил медод. Бад-ин тариқ, сохтмони биноҳои нави мактабӣ дар шаҳру навоҳии вилоят муташаккилона идома ёфта истодааст. Ин омилҳо ба боз ҳам беҳтару баланд гардидани сифати таълиму тарбия ва сатҳи донишандӯзии хонандагони муассисаҳои таълимии қаламрави вилоят мусоидат намуда, иштироки фаъолонаи мактабиён дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз комёбиҳои назарраси аҳли маориф шаҳодат медиҳад. Маблағгузорӣ ба соҳаи маориф сол то сол зиёд гардида, дараҷаи некуаҳволӣ ва зиндагию маишати устодону омӯзгорон хеле беҳтар мегардад. Дар муқоиса бо замони Шӯравӣ сохтмони биноҳои нави таълимгоҳҳо бе майлон афзуда, соли гузашта бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 дар ноҳияи Дарвоз, мактабҳои №№11 ва 28 дар ноҳияи Шуғнон, мактаби №31 дар ноҳияи Ишкошим ва азнавсозии мактаби №31 дар ноҳияи Рӯшон анҷом дода шудааст.

Масъалаи ба курси такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифта шудани омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ хуб ба роҳ монда шуда, дар озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими сол» ба гунаи мунтазам устодону омӯзгорони вилоят ширкат варзида, сазовори ҷойи ифтихорӣ мегарданд. Фаъолияти гуногунҷабҳа ва муназзами маҳфилҳои фаннӣ ва созмонҳои талабагӣ дар таълимгоҳҳои вилоят мувофиқи матлаб буда, ташкилу баргузории конфронсу ҳамоишҳои илмию адабӣ ва мулоқоту вохӯриҳо бо шахсиятҳои маъруф, олимон ва адибон дар тарбияи камолоти маънавӣ ва худшиносии насли наврас нақши бузург мебозад. Бояд қайд кард, ки соли равон таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо шукӯҳу шаҳомати беназир барпо хоҳад гашт. Дарвоқеъ, Бадахшон сарзаминест, ки бо фарзандони фарзонаю соҳибфазилати худ, амсоли арбобони давлатию сиёсӣ Шириншоҳ Шоҳтемур, Мунаввар Шогадоев, адибони забардаст, шодравон Мирсаид Миршакар, Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат, марҳум Ширин Бунёд ва як идда олимони маъруф, чун М.Илолов, Д.Карамхудоев, Ш.Шоҳхуморов ва бисёр дигарон шуҳрати хоса дорад.

Ҷамъомаду ҳамоиш ва тантанаҳои бузурге, ки бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳру навоҳии вилоят баргузор мегардад, дар таҳкими арзишҳои миллӣ, ормонҳои ҳувиятхоҳию ватандӯстона, ваҳдату муттаҳидии мардуми Тоҷикистон ва сулҳу субот дар кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*