Минтақаи Кӯлоб: Фаъолияти кӯдакистонҳо беҳбуд мехоҳад

Минтақаи Кӯлоб: Фаъолияти кӯдакистонҳо беҳбуд мехоҳад

Бо мақсади дар кадом сатҳ амалӣ гардидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.10.2011, № 467 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолияти муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Тавре муовини сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Э.Саидамиров иброз дошт:

— То имрӯз 33 адад муассисаи томактабӣ (аз ҷумла, дар шаҳри Кӯлоб -9, Восеъ-2, Ҳамадонӣ-2, Фархор -10, Темурмалик-3,  Ховалинг-1, Шамсиддини Шоҳин-1, Муъминобод-1, Данғара -3 ва Балҷувон-1) фаъолият доранд. Теъдоди умумии тарбиятгирандагон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 3713 нафарро ташкил медиҳад. Бояд қайд намуд, ки дар робита ба амалӣ намудани Барномаи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои минтақа марказҳои инкишофи кӯдакон таъсис дода шудааст, ки шумораи чунин марказҳо ба 367 адад мерасад. Дар шаҳри Кӯлоб-35, Восеъ-31, Ҳамадонӣ-38, Фархор-56, Данғара-50, Темурмалик-33, Муъминобод-49, Ховалинг-44, Ш. Шоҳин-20 ва Балҷувон-11 адад  бо фарогирии 7927 нафар тарбиятгиранда фаъолият доранд.  Агар вазъи таълиму тарбия  ва таъминоти моддӣ дар баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдакон дар минтақа, дар маҷмӯъ хуб ба роҳ монда шуда бошад ҳам, аммо дар аксари муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳои минтақа қаноатбахш нест. Мушкилоти асосие, ки дар муассисаҳои томактабӣ мавҷуд аст,  ба дигар   ташкилоту  идораҳо табдил додан ва ё ба шахсони алоҳида фурӯхта шудани баъзе биноҳои кӯдакистонҳо мебошад. Масалан, то даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи  Кӯлоб 10  муассисаи томактабӣ фурӯхта ё ба дигар ташкилоту муассисаҳо табдил дода шудааст. Аз ҷумла, дар шаҳри Кӯлоб кӯдакистони №6 ба манзили истиқоматӣ, кӯдакистонҳои №5 ва №6 ба ихтиёри Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва гимназияи он ва кӯдакистони №4 ба нозироти андози шаҳр ва кӯдакистони №10 бошад, ба Кумитаи ҳифзи сарҳадоти ҷумҳурӣ супурда шудааст. Аз ин шумора, танҳо бо ташаббуси шуъбаи морифи шаҳр боғчаи №10 аз ихтиёри Кумитаи ҳифзи сарҳадоти чумҳурӣ бароварда шуда, ба гимназияи №1 табдил дода шудааст. Дар ноҳияи Ҳамадонӣ кӯдакистони №3 ба идораи коммуналии ноҳия ва кӯдакистони №2 ба гимназияи давлатӣ табдил дода шудааст. Бояд қайд кард, ки ба дигар ташкилоту муассисаҳо табдил додани муассисаҳои томактабӣ  дар ноҳияи Фархор 1, Муъминобод 3, Восеъ 8  ва Ховалинг 1 адад ба назар мерасад. Дар вилояти Хатлон бо мақсади ба ҳолати аввала барқарор намудани 22 адад кӯдакистон тибқи Қарори раиси вилояти Хатлон аз 4.02. 2014 №14 «Дар бораи соли рушди соҳаи муассисаҳои томактабӣ эълон шудани соли 2014» ва Нақшаи раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тадбирҳои иловагӣ андешида шуда, тамоми шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҳалли ин масъала дастуру супоришҳои мушаххас гирифта буданд. Баҳри иҷро ва амалигардонии нақшаи тадбирҳои мазкур дар шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб корҳои муайяне ба сомон расонида мешавад. Дар шаҳри Кӯлоб айни ҳол 8 адад муассисаи таҳсилоти томактабии давлатӣ ва як муассисаи томактабии хусусии ба номи «Меҳрона» бо фарогирии 1420 нафар тарбиятгиранда фаъолият дорад. Ҳамчунин,  соли 2014 боми биноҳои муассисаи томактабии №4 дар ҷамоати деҳоти Кӯлоб бо маблағи 120 ҳазор сомонӣ ва кӯдакистони №5 дар ҷамоати деҳоти Даҳана бо маблағи 50 ҳазор сомонӣ аз таъмир бароварда шуданд. Инчунин дар соли 2015 муассисаҳои томактабии №№1,2,7 ва 11 бо маблағи умумии 267 870 сомонӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шудаанд. Ҳамзамон, барои мустаҳкам намудани базаи моддӣ-техникии муассисаҳои томактабӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шуда, муассисаҳои мазкур бо 8 адад мошинаи ҷомашӯӣ, 4 адад кондитсионер, мизу курсӣ, рахту катҳои хоб, ҷевонҳо, намудҳои гуногуни бозичаҳо ва дигар воситаҳои аёнӣ таъмин карда шудаанд. Шуъбаи маорифи шаҳр дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ дар назди муассисаҳои таҳсилоти томактабии №№3,7,11 ва 39 муассисаи таълимии шаҳр марказҳои инкишофи кӯдакон барои 902 нафар наврас таъсис додааст, ки кӯдакон бо таълиму тарбия ва хӯроки яквақтаи ройгон таъмин карда мешаванд. Дар назди муассисаҳои томактабии №№1,3 ва 4 гурӯҳҳои забони русӣ ва забони англисӣ ташкил карда шудааст.

Дар баробари муваффақият-ҳо ба масъалаи кадрӣ  ва ба таври ғайриихтисос фаъолият кардани мураббияҳо ва мудирони кӯдакистонҳо таваҷҷуҳи кам зоҳир карда мешавад. Масалан, дар кӯдакистонҳо ва марказҳои инкишофи кӯдакон  омӯзгорони забон ва адабиёт, забони русӣ, математика ва ғайра касби мураббиягиро ба уҳда гирифтаанд, ки аз нозукиҳои ин касб хабардор нестанд. Бояд қайд намуд, ки кор дар самти баргардонидан ва барқарор намудани кӯдакистонҳое, ки фаъолияташон бо сабабҳои гуногун қатъ гардида буд,  суст ба роҳ монда шудааст. Мутаассифона, танҳо бо ташаббуси шуъбаи морифи шаҳр боғчаи №10 аз ихтиёри Кумитаи ҳифзи сарҳадоти ҷумҳурӣ гирифта шуда, ба гимназияи №1 дода шудаасту халос. Дар шаҳр муассисаҳои томактабие низ ҳастанд, ки ба таъмиру тармим ниёз дошта, ҳолати санитарии онҳо беҳбудиро талаб менамояд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор бо дастгирии соҳибкорону шахсони саховатпешаи ноҳия як қатор муассисаҳои таҳсилоти томактабии аз фаъолият бозмондаро таъмиру тармим карда, ба ҳолати аввала барқарор намуданд. Ҳоло дар ноҳия шумораи муассисаҳои томактабӣ ба 10 адад расидааст, ки дар онҳо 892 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия машғул ҳастанд, ки   саҳми соҳибкорони маҳаллии ноҳия дар ин ҷода арзанда аст. Бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва аз ҷониби сокинони деҳаи Арчаи деҳоти Деҳқонариқ дар заминаи бинои кӯҳнаи собиқ муассисаи таълимии №8 бо тариқи ҳашар боғчаи ба номи Темурмалик бо фарогирии 100 нафар тарбиятгиранда ба истифода дода шуд. Дар деҳаи Хуррамзамини Ҷамоати деҳоти Фархор  сокинони деҳа бо тариқи ҳашар бинои ёрирасони муассисаи таълимии №16 –ро  таъмиру азнавсозӣ намуда, ба боғчаи ба номи Фазл  табдил доданд. Айни ҳол дар ин боғча 75 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 14 нафар сокинони деҳа ба ҷойҳои нави корӣ таъмин гардиданд. Дар ҷамоати деҳоти Гулшан аз тарафи шахсони саховатпеша Шокир Назаров, Расул Бобоназаров ва Мирзохон Ҳафизов кӯдакистони №10 ба номи Ораш бо фарогирии 100 нафар кӯдакон ба истифода дода шудааст. Дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналхалқии «Наҷоти кӯдакон» муассисаи томактабии №2 пурра аз таъмир бароварда шудааст. Дар ҷамоати деҳоти Ғалаба, дар деҳаҳои Марғзор ва Сурхоб биноҳои дуошёнаи дар ҳолати садамавӣ қарор доштаро ба тавозуни шуъбаи маориф гузаронидаанд, ки бо кумаку дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба муассисаи томактабӣ табдил додани он дар назар аст. Бо хоҳишу дархости сокинони деҳаҳои Кӯҳдоман ва Нурмат Сафаров 4 масҷиди ғайрирасмӣ ба муассисаи томактабӣ табдил дода шудааст. Бояд қайд намуд, ки корҳои таълимию методӣ ва таъминоти моддӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия дар сатҳи хуб қарор доранд. Мураббияҳо аз курсҳои бозомӯзӣ сари вақт мегузаранд ва дониши касбии худро такмил медиҳанд. Новобаста ба ин, нарасидани мизу курсиҳо, воситаву таҷҳизоти техникӣ ва таъмирталаб будани баъзе аз кӯдакистонҳо дар ноҳия ба мушоҳида мерасад. Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Восеъ то даврони соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон зиёда аз 10 адад муассисаи томактабӣ бо  фарогирии 1000 нафар кӯдак амал мекарданд. Баъди аз байн рафтани колхозу совхозҳо ин кӯдакистонҳои доимоамалкунанда аз фаъолият бозмонданд. Қисми зиёди бинои кӯдакистонҳо ҳамчун саҳми аъзоёни колхоз ба хоҷагиҳои деҳқонии навташкил дода шуда, қисмати дигарашон фурӯхта шудаанд. Аз ҷумла, боғчаи деҳаи Шобикаи деҳоти Тугарак (хонаи истиқоматӣ), боғчаи шаҳраки Восеъ (хонаи шахсӣ), боғчаи деҳаи Қурбоншаҳиди Ҷамоати деҳоти Гулистон (хонаи шахсӣ), боғчаи деҳаи Кадучии деҳоти Вайсов (хонаи шахсӣ), боғчаи деҳаи Ҷаврези Ҷамоати деҳоти А. Авазов (хонаи шахсӣ) ва монанди инҳо мисоли гуфтаҳои боло мебошанд. Имрӯз дар ноҳия 2 адад муассисаи томактабӣ бо фарогирии  235 нафар наврас фаъолият дорад. Бо мақсади иҷро гадидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.10.2011 № 467 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳия як муассисаи томактабӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ як бинои дуошёнаи кӯдакистони №1-ро таъмиру тармим намуда, барои 100 нафар кӯдакон ба истифода доданд. Дар ноҳияи Муъминобод як муассисаи томактабӣ бо фарогирии 122 нафар кӯдакону наврасон фаъолият дорад. Бояд қайд намуд, ки бо дастгирӣ ва маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия боғчаи мазкур азнавсозӣ ва аз таъмири асосӣ бароварда шуда, шароити мусоид барои тарбиятгирандагон муҳайё карда шудааст. Дар ноҳия муассисаи томактабии №1-ро бо мизу курсӣ, кат ва ҷиҳози хоб, бозичаҳо ва таҷҳизотҳои зарурӣ барои ошхона ва ҳуҷраи тиббӣ таъмин намудаанд. Мураббияҳои кӯдакистон мутахассиси соҳа буда, мунтазам аз курсу семинарҳои бозомӯзии такмили ихтисос мегузаранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шуъбаи маориф барои барқарор намудан ва ба ҳолати аввала баргардонидани 4 адад кӯдакистони фурӯхташуда, ҷаҳду талошҳои зиёдеро амалӣ намуда бошанд ҳам, мутаассифона, ба ягон натиҷа ноил нагардидаанд. Айни ҳол ин кӯдакистонҳо аз тарафи шахсони алоҳида ҳамчун хонаи истиқоматӣ истифода бурда мешаванд.

Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2014, №295 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ  ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020», ки тадбирҳои дастгирии давлатии рушди соҳибкории хусусиро дар самти ташаккул ва рушди муассисаҳои томактабӣ  ва миёнаи умумии хусусӣ муайян менамояд,  дар вилояти Хатлон  365 адад кӯдакистони хусусӣ  ба нақша гирифта шудааст, ки аз тарафи соҳибкорон ва шахсони саховатпеша сохта ба истифода дода мешаванд. Барои амалӣ намудани  барномаи мазкур  Қарори раиси вилояти Хатлон аз 28.05.2014,№107 «Дар бораи Нақша — чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ  ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 ва Нақшаи дурнамои таъсиси муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ дар вилояти Хатлон» қабул гардидааст. Мувофиқи нақша дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар солҳои 2014-2020  бояд 158 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ аз ҷумла, дар шаҳри Кӯлоб-20, Муъминобод-12, Ҳамадонӣ-20, Восеъ-12, Ховалинг-12, Балҷувон-12, Данғара-23, Фархор-14, Шамсиддини Шоҳин-12 ва Темурмалик 21 адад сохта ба истифода дода шаванд. Тибқи Нақшаи дурнамои вилоят дар шаҳру ноҳияҳои минтақа мебоист 11 адад кӯдакистони хусусӣ сохта ба истифода дода мешуд. Танҳо дар шаҳри Кӯлоб 1 адад муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ аз тарафи соҳибкор Зардиев сохта ба истифода дода шудаасту  халос. Аммо дар 9 ноҳияи боқимонда ягон адад кӯдакистони хусусӣ сохта нашудааст, ки аз иҷро нагардидани барнома шаҳодат медиҳад.

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*