Воситаи муҳими такмили фаъолияти омӯзгор

Воситаи муҳими такмили фаъолияти омӯзгор

Мо, омӯзгорон,  дар тарбияи насли наврас аз мақолаҳои методие, ки дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» чоп мешаванд, бисёр истифода мебарем, аз ҷумла, аз мақолаҳои методии яке аз нигорандагони фаъоли «Омӯзгор», номзади илмҳои педагогӣ Ҳурлиқо Қаюмова.

Мақолаҳои ӯ аз қабили “Дарси муосир масъулиятталаб аст” ,“Такмили таълим дар дарс”,“Корҳои методӣ дар муассисаи таълимӣ”, “Такмили маҳорати педагогӣ”, “Дар таълиму тарбияи педагогӣ масъулияти бештар мебояд”,“ Муҳити таълим –омили  муҳим”, “ Дарс бояд пурсамар бошад”   “Дарси кушод ва аҳамияти он” ва ғайра  боиси такмили донишҳои методӣ ва дарсҳои мо гардида.

Чунонки дар заминаи мақолаи  “Дарси  кушод ва аҳамияти он” мо чунин дарсҳои худро пурмуҳтавотар кардем. Дар ҳақиқат, дарси  кушод имкон медиҳад, ки дар тарбияи омӯзгорони ҷавон, беҳтарин омӯзгорон  бевосита  саҳмгузорӣ намоянд.

Тавассути дарси кушод дар муассисаи таълимӣ аз ҷониби омӯзгорони  таҷрибадор, роҳбари таълимгоҳ, муовинони вай, кормандоне, ки аз таҷрибаи кори  онҳо омӯзгорон ва мураббиён фаъолияти кориашонро сайқал медиҳанд, таҳлил мегардад.

Ба қавли педагог Ҳ.Қаюмова, “Дарси кушод на кори омӯзгорони ангуштшуморро ба назар гирифтану ба намоиш баровардан, балки паҳн намудани таҷрибаи пешқадами омӯзгорон, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва инчунин, таҷрибаомӯзии омӯзгоронро мувофиқи мақсад медонад.

Нақшаи гузаронидани дарсҳои кушод дар оғози  соли таҳсил аз тарафи ҷонишини директор оид ба таълим  дар мувофиқа бо роҳбарони иттиҳодияҳои методии  фаннӣ  барои нимсолаи соли таҳсил таҳия гардида, барои мо, омӯзгорон, дар аввали соли хониш муайян мегардад.

Мо,омӯзгорон, барои гузаронидани дарси кушод нақшаи васеъ тартиб дода, мақсадҳои таълимию тарбиявӣ ва пайдарпайии гузаронидани дарсро нишон медиҳем. Нақшаи дарс аз тарафи роҳбари иттиҳодияи методӣ тасдиқ гардида, нусхабардорӣ ва ба ҳамаи иштирокчиён тақсим карда мешавад.

То оғози дарс мо, омӯзгорон, муовинони  директор оид ба қисми таълим ва тарбия, роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ  ва дигар  иштирокчиён, аз ҷумла, падару модаронро бо мақсади дарс ва хусусияту асосии сохти  он огоҳ менамоем. Ин амалро дар ғойиби хонандагон иҷро мекунем. Аз тарафи иштирокчиён дахолат намудан ба ҷараёни дарс, гирифтани эродҳо, расонидани ягон намуд ёрӣ ба омӯзгор ё хонанда аз тарафи  субъектҳои раванди таълим дар  дарс қатъиян манъ карда шудааст.

Педагог Ҳ.Қаюмова хеле хуб қайд кардааст: «Фаромӯш набояд кард, ки  муаллим султони дарси худ дар синф ба шумор меравад». Мо бо хоҳиши худ метавонем дарсро аз кадом қисмате бошад,  оғозу анҷом бахшем. Муҳим  он ки дарс шавқовар бошаду хонандаро дилтанг нагардонад. Баҳри рангоранг гузаронидани дарс мо метавонем дарсро аз пурсиши вазифаи хонагӣ ё аз баёни мавзӯи дарси нав ё аз суҳбати муқаддимавӣ, ё ин ки аз иҷрои бозиҳои дидактикӣ оғоз намоем.

Дар ин ҳолат шавқу рағбати хонандагон дар ҳузури меҳмонон зиёд гардида, ба саволҳои додашуда яке аз дигаре мекӯшад зиёдтару дурусттар ҷавоб гардонад. Падару модарон  дар рафти дарс бо фаъолияти фарзандони хеш бештар шинос мешаванд.

Таҳлили дарс баъд аз анҷоми он дар иттиҳодияи методӣ баррасӣ мегирад.  Таҳлили дарсро дар худи ҳамон рӯз  ба сомон мерасонанд, зеро дар иштирокчиён хотира ва тасаввуроти равшан боқист.

Нахуст мо, омӯзгорон, фикру ақидаи  худро оид ба дарсҳои гузаронидаамон  изҳор менамоем: то чӣ андоза расидан ба мақсадҳои гузошташуда, кадом лаҳзаҳоро самараноктар мешуморем, кадом норасоӣ дар фаъолияти омӯзгор  дар рафти дарс дида мешуд, қаноатмандӣ аз дарси хеш, чӣ хел ӯ дарси худро баҳо  медиҳад ва ғайра. Пас аз он иштирокчиён хулосаҳои худро баён месозанд.  Таҳлили дарси омӯзгорон дар ду сутун  баррасӣ мегардад; яке дар бораи муваффақиятҳои омӯзгор, дигаре оид ба норасоӣ дар фаъолияти ӯ.  Мо  эродҳои овардашударо аз тарафи таҳлилгарони дарс омӯхта, камбудиҳои ошкоршударо  мепазирем ва кӯшиш менамоем, ки  онҳоро бартараф намоем. Иттиҳодияи методӣ ошкор менамояд, ки кадоме аз методҳои истифодашудаи омӯзгор бештар барои истифода ба дигар омӯзгорон тавсия дода шавад.

Идимо РАҲИМОВА,

омӯзгори мактаби №45-и

шаҳри Душанбе

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*