Усулҳои дидактикии таълим

Дар толори маҷлисҳои Донишгоҳи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Истифодаи усулҳои дидактикии таълим дар такмили ихтисос» баргузор гардид.

Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ ректори МД ДҶТИБКСМ Х.Қурбонзода ифтитоҳ намуда, дар хусуси мавзӯи матраҳшаванда мухтасаран маълумот дод. Сипас, муовини ректори донишкадаи мазкур, Шосафар Акобиров дар мавзӯи «Мазмун, мундариҷа ва мавқеи фанни география дар таълим (ҷанбаҳои дидактикию методологӣ) баромад намуд. Мавсуф зикр намуд, ки асоси технологияи информатсионии фанни географияро дар мактаб харитаи электронӣ (сифрӣ), модули сифрии картографӣ ташкил медиҳад, ки тавассути сифрикунӣ маълумотҳои географӣ дар шакли электронӣ (сифрӣ) бо ёрии таҷҳизоти махсус (дигитайзер) оварда мешавад. Ҳамин тариқ, дар таълими география восита ва методҳои тадқиқотӣ мавқеи асосии фаъолияти эҷодиро ишғол менамояд, ки дар дарсҳои экскурсия ва амалию таҷрибавӣ ба роҳ монда мешавад.

Мактабшиноси маъруф, академики АТТ Маҳмадулло Лутфуллоев дар суханронии худ моҳияти мафҳуми «дидактика»-ро дар раванди таълим шарҳу тафсир намуда, гуфт, тайи солҳои охир дидактика аз педагогика ҷудо шуда, ба илми мустақил табдил ёфт. Дидактика омӯзиши таълим ва донишу саводро дар бар мегирад.

Ходими калони илмии ДҶТИБКСМ, профессор Қурбон Восеъ дар мавзӯи «Адаби ҷавонмардӣ дар дидактикаи такмили ихтисос» маърӯза карда, хотирнишон намуд, ки мафҳуми «ҷавонмардӣ» бо вожаи «ҷонфидоӣ» ҳаммаъност.

«Истифодаи маводҳои дидактикӣ дар таълими савод», — чунин ном дошт маърӯзаи мудири кафедраи методикаи таълим дар муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии ФМ ДДҶТИБКСМ дар шаҳри Кӯлоб Хушвахт Бозоров.

Дотсенти ФМ  ДДҶТИБКСМ дар шаҳри Қӯрғонтеппа Раҷабалӣ Худоёров дар мавзӯъи «Истифодаи аёният ва асарҳои бадеӣ дар дарсҳои алифбои ниёгон, корманди ФМ ДДҶТИБКСМ дар шаҳри Душанбе, Машҳура Маҳкамова – «Усулҳои дидактикаи таълим дар курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ», номзади илмҳои педагогӣ, Ибодулло Абдуллоев – «Асосҳои психологӣ, педагогӣ ва методии таълими забони модарӣ дар синфи сеюм» ва муовини директори ФМ ДДҶТИБКСМ дар вилояти Суғд Сиддиқов ҳарф зада, моҳияти дидактикии таълимро муҳиму мондагор арзёбӣ карданд.

Дар охир ректори Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Хоналӣ Қурбонзода конфронсро ҷамъбаст намуда, афзуд, ки минбаъд низ тибқи нақша – чорабиниҳои донишкада чунин семинару ҳамоишҳои илмӣ баргузор хоҳанд гардид.

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*