Ҳамеша бо Ватан будам

Ҳамеша бо Ватан будам

Устод Мирзо Турсунзода зиндагии басо ҳикматбору пурҳаводисе ба сар бурда, тамоми ҳастии хеш, меҳру муҳаббаташро ба халқи азизаш бахшид ва ҳамеша дар талоши  ҳифзи манфиатҳои миллӣ (албатта, вобаста ба имконоти замонаш) буд. ӯ тоҷиконро дар паҳнои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кард. Устод тавассути каломи бадеъ ба ҳимояву тарғиби сулҳ дар саросари олам бархост ва аз манфиатҳои мардумони ситамкаши давлатҳои мустамликавӣ ҳимоят кард. Садои ӯ аз ин лиҳоз тамоми Осиёву Африқоро фаро гирифту дар дили истисморгарон ларза афканд. Силсилашеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» устод Турсунзодаро маҳбуби меҳнаткашони ҷаҳон гардонд. Дар бораи неруи бузурги башардӯстона доштани ашъори ба ҳимояи халқҳои мазлуми ҷаҳон бахшидаи шоир адабиётшиносон зиёд навиштаанду сухан гуфтаанд.

Устод Мирзо Турсунзода, воқеан ҳам, ситораи тобноку беғурубест дар фазои беканори назми тоҷик. Ашъори устод солҳост, ки дар ҳар хонадони тоҷик садо медиҳаду дар тарбияи маънавии мардум, ба вижа, насли наврас ҳиссаи беназир мегузорад. Шеъру достонҳои ба мавзӯъҳои Ватан ва ватандӯстӣ, сулҳу ваҳдат, дӯстии халқҳо, меҳру муҳаббат бахшидаи устод муҳри ҷовидонагӣ ба сар доранд. Шоир худ дили ҳассосу пурмуҳаббате дошт, ҳамдили аҳли башар буд ва аз ин ҷост, ки вазъи хешро ҳангоми сухан гуфтан дар ситоиши сулҳу дӯстӣ чунин ба қалам додааст:

Менависам ман суруди

сулҳро бо хуни дил,

Бо тапиданҳои ноорому

рӯзафзуни дил.

Ва низ чунин шиори ҷовидонаву саҳеҳу фарогир (ба таври муъҷаз) иншо мекунад:

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,

Аз амонӣ гуфтугӯ дорем  мо.

Назми муосири тоҷикро, махсусан, бидуни ашъори ватандӯстонаи устод Турсунзода тасаввур кардан имконнопазир аст. Солиёни зиёдест, ки ин гуна ашъори шоир  насли наврасро дар рӯҳияи пос доштани арзишҳои миллӣ ва арҷгузории Ватан тарбия менамоянд.

Шеърҳои «Замин», «Мамлакати тиллоӣ», «Тоҷикистон», «Ватан», «Гул кун ба бахти мо, Ватан!», достонҳои «Барои Ватан», «Писари Ватан», «Ҷони ширин» ва амсоли инҳо саршор аз ғояҳои оливу ҷовидонаи ватандӯстианд. Чунин ба назар мерасад, ки сухани мавзуни устод дар мавзӯи Ватан бештар шевову ҷозибаноку муассир ба гӯш мерасаду зуд ба дилҳо корагар мешавад. Шоир ҳамеша ва ҳама ҷо фикри Ватани маҳбуб ба сар дорад, дар бораи Ватан бо ифтихор меандешад. Ин қитъаи машҳури устод намунаи олии шеъри ватандӯстист:

Агарчи борҳо будам ман аз

ёру диёрам дур,

Ба сайёҳӣ маро карданд

гарчи дӯстон машҳур,

Вале ман дар ҳам ҷо, дар

ҳама кунҷу канори даҳр

Ҳамеша бо Ватан будам,

ҳамеша бо Ватан масрур.

Шоир дар дил ҳамеша бо Ватан гуфтугӯ дораду рози хеш бо ӯ мегӯяд, дар хориҷи дур низ садои гуворои Ватан ба гӯш дорад, Ватанашро мешунавад: «Ватан, дар ҳар куҷо омад ба сар  форам  ҳавои ту, Ман аз он сӯи уқёнус бишнидам садои ту…»

Мо, омӯзгорон, дар тарбияи шоистаи насли   наврас аз эҷодиёти ин шоири забардасту волосухан ҳам ҳангоми дарсҳо ва ҳам зимни машғулиятҳои беруназсинфӣ васеъ истифода мебарем. Дар солҷашни 105-солагии устод Мирзо Турсунзода алоқамандии мо бо назми ҷовидонаи ӯ бештар ва фарогиртар аст.

Гулнора АМИНОВА,

омӯзгори гимназияи  №1 барои хонандогони болаёқати

шаҳри Душанбе

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*