Волидонам нахустустодони мананд

Волидонам нахустустодони мананд

Ман борҳо бо ин омӯзгори маърифатманду соҳибистеъдод суҳбат доштам. Суҳбати гарму самимӣ ва таъсиргузоре дорад ӯ. Дар ҳар мавзӯе сухан оғоз бикунед, таноби суханро аёну ноаён ба мавзӯи мактабу маориф мекашад. Ва дар ин мавзӯъ бо ихлосу меҳри саршор сухан мегӯяд. Ифтихор аз он дорад, ки омӯзгор аст ва масъулияти фардои  насли наврасро ба дӯш дорад. Ба андешаи ӯ, омӯзгорӣ чун шоирӣ истеъдоди модарзодист ва мактаби олӣ танҳо ҳамин истеъдодро тақвият мебахшаду неру эҳдо мекунад. Чанде пеш боз як суҳбате доштам бо муаллима Фароғат Аслонова, суҳбате, ки бадоҳатан ба вуқӯъ пайваст ва зимни он муаллима ба чанд суоли ман посух гуфт. Ва ман ба хулосае омадам, ки пешкаши фишурдаи ин суҳбат барои хонандагони нашрияи «Омӯзгор»  судманд ва шоистаи таваҷҷуҳ хоҳад буд.

— Муаллими азиз, имсол дар кишвари маҳбубамон 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад ва низ соли равон 25 сол мешавад, ки шумо фаъолияти омӯзгорӣ доред. Ин мувофиқати хуҷистаро шумо чӣ гуна мепазиред ва он чӣ арзишеро бароятон дорост?

— Истиқлолият ифтихори миллии ҳар яки мо – тоҷикистониён аст. Он кишвари азизи моро ба аҳли ҷаҳон муаррифӣ кард, боиси рушду такомули Ватани деринтаърихамон гашт. Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ мо ба муқаддасоти миллиамон арҷгузорӣ намудем ва давраи навини давлаториамонро оғоз кардаву рушд бахшидем. Нақши истиқлолият дар соҳаи маориф бештар ба мушоҳида мерасад. Аз файзи истиқлолият ин соҳа афзалиятнок эълон гашт ва равиши соф миллӣ касб кард. Метавон гуфт, ки бо таъсири истиқлолият дар соҳаи маориф инқилоби маънавию маърифатӣ ба вуқӯъ пайваст ва мазмуну муҳтавои он вобаста ба пайгирии арзишҳои миллӣ куллан дигар шуд. Ман ҳамчун як шаҳраванди мамлакат аз ин ҳама дастовардҳои истиқлолият ифтихормандам ва қаноатмандам аз он ки дар соҳаи маориф фаъолият дорам. Оре, чунин иттифоқ афтода, ки ман дар соли ба Истиқлолияти давлатӣ шарафёб гаштани Тоҷикистон – Ватани арҷмандам оғоз ба фаъолияти омӯзгорӣ бинмудаам, яъне дар соли 1991. Ин мувофиқат бароям ифтихорист, як навъ рамзи хуҷиставу нек медонам онро бароям. Орзу дорам, ки ҳамбаста ба Истиқлолияти давлатӣ собиқаи корамро дар соҳаи маориф ба панҷоҳ сол бирасонам.

— Чӣ таманнои неке! Бигузор, чунин бошад! Шояд оғози фаъолияти омӯзгориатонро, ки ба давраи басо пурҳаводиси таърихи кишварамон мувофиқ омада, бавусъаттар шарҳ бубахшед.

— Соли 1991 дар мактаби рақами 67-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба омӯзгорӣ пардохтам ва то ҳол дар ин маърифатгоҳ кор мекунам. Ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ дарс мегӯям. Ҳамагон хуб медонем, ки солҳои пурошӯбе буданд нахустсолҳои даҳаи охирини садаи бист. Аксар шаҳрвандони мамлакатро яъсу навмедӣ, тарсу ҳарос фаро гирифта буд, мардум ба фардои кишвар эътимод гум карда буданд. Соҳаи маориф низ дар қабзаи бесарусомонӣ қарор дошт. Теъдоде аз омӯзгорон тарки пеша карда, ба корҳои дигар машғул мешуданд ва ҳатто, ба хориҷа фирор мекарданд. Бо пешаи омӯзгорӣ зиндагӣ ба сар бурдан гарон буд, музди ночизе доштанд омӯзгорон ва гузашта аз ин, наврасон ва волидони эшон ба таҳсил дилгармие надоштанд. Бо ин ҳама, ман бо азми қатъӣ ба кори таълиму тарбия пардохтам ва дар он давра масъулияти асосиям ҳамчун омӯзгор дар мазраи дили наврасон пошидани тухми умеду боварӣ ба фардо, ҳидоят намудани онҳо ба таҳсил, ба дӯст доштани Ватан буд. Ман шоҳиди онам, ки чӣ тавр соҳаи маорифи кишварамон марҳила ба марҳила аз чанголи мушкилиҳо ва навмедиҳо раҳо ёфт ва рӯ ба рушд овард, зинаҳои тараққиёт ва ислоҳотро тай намуд, қомат рост кард. Барои соҳаи маориф ва аҳли таълиму тарбия сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба вижа, таваҷҷуҳи махсуси эшон ба соҳа омили муҳим ва илҳомбахшу пешбар гашт. Сарвари кишвари мо раҳнамо ва пири хиради омӯзгоронанд ва ҳамеша онҳоро ситоишу дастгирӣ мекунанд. Бисёр гуфтаҳои Пешвои миллат аҳли маорифро ифтихорафзоянд. Аз ҷумла, ба ин суханони Президенти муҳтарамамон таваҷчуҳ намоед, ки саршор аз меҳру ихлосу самимият нисбат ба соҳаи маориф ва аҳли маорифанд: «Мактаб даргоҳи муқаддаси омӯзиши илму дониш ва маркази таълиму тарбия буда, барои ташаккул ёфтани ақлу заковат, зеҳну шуур, бедории афкор, одоби шоиста ва ахлоқи ҳамидаи насли наврас заминаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Ва муаллимону кормандони маориф равшанкунандаи хиради башарият ва афрӯзандагони машъали илму маърифат мебошанд».

Фикр мекунам, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта дар маҷмӯъ омӯзгорони Тоҷикистон аз имтиҳони ҷиддиву сангини таърих бо сарбаландӣ гузаштанд.

— Дилбастагии шумо ба соҳаи маориф, ба пешаи омӯзгорӣ, воқеан ҳам, шоистаи таҳсину таваҷҷуҳ аст.

— Ман дар оилаи омӯзгорон ба дунё омадаву дар муҳити маърифатбор ба камол расидаам, ки ин ба қисмати ман, ба рушди маънавиям бетаъсир намонда. Падарам Маҳкам Аслонов, ки ҳоло давлати пирӣ доранд, номзади илмҳои фалсафаанд, солҳои зиёд дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардаанд ва дар Донишгоҳи техникӣ мудири кафедраи фалсафа буданд. Модарам Ибодат Аслонова низ омӯзгоранд, дар соҳаи маориф собиқаи 35-сола доранд. Воқеан, модарам нахустустоди мананд, ба ман дар синфҳои ибтидоӣ дарс додаанд. То имрӯз волидонам раҳнамою дастгири мананд. Ман бисёр махсусиятҳои пешаи пуршарафи омӯзгориро аз волидонам омӯхтаам. Онҳо аз ҳар комёбии ман болидарӯҳ мегарданд ва ба дастовардҳои тоза ҳидоятгарам мешаванд. Вақте ки дар озмуни «Муаллими сол» ба комёбӣ расидам (соли 1996), вақте ки соҳиби нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» гардидам, вақте ки бо Фармони Президенти ҷумҳурӣ бо медали «20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» мукофотонида шудам  … пеш аз ҳама, волидонам ба табрикам расиданд. Ҳатто, ҳар гоҳ ки мақолае дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба табъ мерасонам, сазовори таҳсини волидонам мегардам.

Ҳамвора бар он мекӯшам, ки сазовори номи пуршарафи омӯзгор бошам. Аз ин рӯ, мунтазам ба худомӯзӣ, такмили ихтисос, ба истифодаи усулҳои фаъоли таълим машғул мешавам, дар хонишҳои педагогӣ, иттиҳодияҳои фаннӣ ва ҳамоишҳои гуногуни аҳли маорифи ноҳияву шаҳр бо гузоришу маърӯзаҳо ширкат меварзам… Омӯзгорӣ пешаест, ки бо якрангию фориғболӣ ва қаноатмандӣ аз худ гаравише надорад ва омӯзгори ҳақиқӣ бояд ҳамеша дар такопӯву ҷустуҷӯ ва омӯзиш бошад.

 

Мусоҳиб А.Муродӣ,

«Омӯзгор»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*