Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2016

Ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаи вазири маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидро “Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи  аввали соли 2016” муҳокима намуда,

қарор кард:

1. Маърӯзаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид “Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2016” ба эътибор гирифта шавад.

2. Раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм (Донахонов И.) вазифадор карда шавад:

— дар ҳамкорӣ бо сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати татбиқи низоми нави маблағгузорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии давлатӣ чораҳои зарурӣ андешида, самаранок истифода бурдани маблағҳои ҷудошударо зери назорат гирад;

— дар ҳамкорӣ бо сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо назорати пардохти маблағро дар муассисаҳои томактабӣ  тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пардохти маблағ барои нигоҳубини кӯдакон аз тарафи падару модарон дар муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ” ба роҳ монад.

3. Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ (Алиев А.А.) вазифадор карда шавад:

— рафти бақайдгирии кӯдакони 7-сола ва таъсис додани гурӯҳҳои омодагӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумиро  мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷаи он ба мушовараи Вазорати маориф ва илм маълумотномаи муфассал  пешниҳод намояд;

— дар ҳамкорӣ бо раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм лоиҳаи “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо асбобҳои мусиқӣ”-ро омода намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

— дар ҳамкорӣ бо Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ва мудирони бахшҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар  шаҳри Душанбе ҷиҳати мутобиқ намудани иҷозатномаи фаъолияти муассисаҳои томактабӣ ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати ҷиддӣ  диҳад;

— дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Вазорати мудофиа ҷиҳати омода намудани Барномаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ  тадбирҳои зарурӣ андешад;

— дар якҷоягӣ бо Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф гурӯҳи корӣ таъсис дода, Консепсияи гузариш ба низоми баҳогузории бисёрхоларо таҳия намуда, раванди озмоиш ҷиҳати гузариш ба низоми баҳогузории бисёрхоларо зери назорати ҷиддӣ қарор дода, ҳар се моҳ аз корҳои баанҷомрасида  маълумоти муфассали таҳлилӣ пешниҳод намояд;

— “Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои солҳои 2017-2021” ва “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ”-ро омода ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

— маълумоти дақиқро оид ба обуна ба нашрияҳои соҳавии Вазорати маориф ва илм  аз раёсат ва шуъбаҳои маориф талаб намуда,   ҳисоботи онҳоро  доир ба масъалаи мазкур ба ҷаласаҳои мушовараи Вазорати маориф ва илм  пешниҳод намояд.

4. Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия (Назаров К.) вазифадор карда шавад:

— таъсиси китобхонаҳои электронии муассисаҳои таълимиро зери назорати ҷиддӣ қарор дода, бо маводи электронӣ таъмин намояд;

— таҳияи филмҳои таълимӣ ва китобҳои электрониро ба роҳ монад.

5. Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо (Сафаров У.) вазифадор карда шавад, ки дар оянда бо мақсади дарёфти хонандагони болаёқат, ихтирокорону истеъдодҳои нав теъдоди дастаҳоро дар шаклҳои гуногуни олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ зиёд намуда, ҷиҳати иштирок ва дастовардҳои хонандагон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ тадбирҳои амалӣ андешад.

6.  Маркази  ҷумҳуриявии муас-сисаҳои таҳсилоти иловагӣ (Афғонов М.) вазифадор карда шавад, ки дар ҳамкорӣ бо Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ ҷиҳати омода намудани Низомномаи Созмони талабагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав чораҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи иҷрои он то моҳи майи соли 2016 ба мушовараи Вазорати маориф ва илм маълумотнома ирсол намояд.

7. Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус (Қодиров С.) вазифадор карда шавад:

— дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва раёсату шуъбаҳои маорифи ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.07.2009. №391 «Дар бораи Қоидаҳои баргардонидани маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби мутахассисони ҷавон, ки ба ҷойи кор ҳозир нашудаанд» ва бартараф кардани норасоии кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ чораҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи иҷрои он моҳи апрели соли 2015 ба мушовараи Вазорати маориф ва илм маълумотнома пешниҳод намояд;

— ҷиҳати аз аттестатсия гузаронидани кормандони Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф чораҳои амалӣ андешида, барои хуб ба роҳ мондани    фаъолияти раёсат ва шуъбаҳои хадамот назоратро аз болои  кори онҳо пурзӯр намояд.

8. Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ (Исоев К.) вазифадор карда шавад:

— дар ҳамкорӣ бо муассисаи нашриявии «Маориф» ҷиҳати дар амал татбиқ намудани «Нақшаи дурнамои чопи китобҳои дарсӣ барои солҳои 2015-2016» тадбирҳои мушаххас андешида, таҳия ва нашри барнома ва китобҳои дарсиеро, ки тибқи Нақшаҳои таълимии муасисаҳои таҳсилоти умумӣ барои соли 2015–2020 таълиф ва такмил мешаванд, зери назорати ҷиддӣ қарор диҳад;

— ҷиҳати мавриди санҷиш қарор додани литсей-интернатҳои шаҳру  ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар самти таъминот бо китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ чораандешӣ кунад.

9. Раёсати сохтмони асосӣ (Зарипов А.А.) вазифадор карда шавад:

— иҷрои нақшаи сохтмони асосӣ ва ба истифода додани иншооти соҳаи маорифро, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ маблағгузорӣ мегардад, таъмин намояд;

— дар доираи амалисозии марҳилаи чоруми Фонди глобалии таҳсилот сохтмони иншооти банақшагирифтаро таҳти назорат қарор дода, баистифодадиҳии иншоотро то моҳи августи соли ҷорӣ  таъмин намояд;

— ҳамкориро бо ширкати хитоии «ТВЕА» мунтазам ба роҳ монда, ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба истифода омода намудани иншоот чораҷӯӣ намояд.

10. Шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм (Гулов А.) вазифадор карда шавад, ки гузаронидани семинарҳои омӯзиширо бо мутасаддиёни муассисаҳои таълимӣ оид ба ҷамъоварии ҳисоби оморӣ ҷоннок намояд.

11. Шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ (Бобиев А.) вазифадор карда шавад, ки иҷрои талаботи «Тартиб ва меъёри истифодабарии ангишту ҳезум дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии ҷумҳурӣ», ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм аз 27.02.2016, №3/3 тасдиқ карда шудааст, таҳти назорати доимӣ қарор дода, минбаъд санҷиши фаъолияти муассисаҳоро дар ин самт тибқи он ба роҳ монад.

12. Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ (Саидзода Р.) вазифадор карда шавад:

— ҳуҷҷатҳои меъёрии ба талаботи замон заруриро дар ҳамкорӣ бо раёсату шуъбаҳои дахлдор таҳия намуда, лоиҳаи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва Таснифоти ихтисосҳои таҳсилоти миёнаи касбиро, ки таҳия шудааст, пас аз мувофиқа бо вазорату кумитаҳои дахлдор моҳи май ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

— дар якҷоягӣ бо раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм, Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ва Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълим, оиннома, нақшаву барномаҳои таълимӣ ва  нақшаи қабули коллеҷи политехникии ДДД-ро таҳия намуда, барои тасдиқ пешниҳод намояд;

— нақша ва барномаҳои таълимиро барои Маркази таълимии касбомӯзӣ дар назди муассисаҳои  таҳсилоти олии касбӣ таҳия намуда, омӯзгорон ва устоҳои таълимиро аз такмили ихтисос гузаронад;

— дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбие, ки омӯзгор тайёр менамоянд, масъалаи таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёна  ва олии касбиро  бо китобҳои дарсӣ мавриди санҷиш қарор дода,  аз натиҷаи он ба вазири маориф ва илм маълумотнома пешниҳод намоянд.

— дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбие, ки омӯзгор тайёр менамоянд, барои таъсиси кафедраҳои методикаи таълим дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дуруст ба роҳ мондани  дарсҳои гуногун дар ин муассисаҳо чораҳои ҳатмӣ ва саривақтӣ андешида, то моҳи июли соли 2016 аз натиҷаи корҳои  анҷомдодашуда, ба ҷаласаи назди вазири маориф ва илм маълумот пешниҳод намоянд.

13. Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ (Авғонов С.) вазифадор карда шавад:

— дар ҳамкорӣ бо ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо истифода аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати омӯзишу аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, бахусус русиву англисӣ ва техникаву технологияҳои навтарин дар байни донишҷӯён чораҳои амалӣ андешад;

— бо дарназардошти таҷдиди назар ва муттаҳид намудани баъзе ихтисосҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тағйироту иловаҳои дахлдорро ба Номгӯи ихтисосҳо мувофиқи Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намояд;

— барои роҳандозӣ гардидани лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» чораҳои амалӣ андешида, татбиқи саривақтии марҳилаҳои асосии лоиҳаи мазкурро таъмин намояд;

— дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон қабули довталабонро ба донишгоҳи мазкур тибқи қоидаҳои қабул ба роҳ монда, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани қабул ба ин муассисаи таълимӣ чораҳои амалӣ андешад;

— дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки омӯзгор тайёр менамоянд, масъалаи таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёна  ва олии касбиро  бо китобҳои дарсӣ мавриди санҷиш қарор дода,  аз натиҷаи он ба вазири маориф ва илм маълумотнома пешниҳод намоянд.

— дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки омӯзгор тайёр менамоянд, барои таъсиси кафедраҳои методикаи таълим дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дуруст ба роҳ мондани дарсҳои гуногун дар ин муассисаҳо чораҳои ҳатмӣ ва саривақтӣ андешида, то моҳи июли соли 2016 аз натиҷаи корҳои  анҷомдодашуда, ба ҷаласаи назди вазири маориф ва илм маълумот пешниҳод намоянд.

14. Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ (Мирзоев Ҳ.) вазифадор  карда шавад, ки ҳамкории дуҷонибаро бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсияи Россия, Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиё густариш дода, дар ҳамкорӣ бо сафоратхонаҳо ва намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ маълумот ва рӯйхати донишчӯёни тоҷикро, ки дар мактабҳои олии хориҷи кишвар таҳсил доранд, дастрас ва ба бонки ягонаи маълумот ворид намояд.

15. Маркази  барномаҳои байналмилалӣ (Шодиев И.) вазифадор карда шавад, ки ҷиҳати дарёфти хонандагони болаёқат аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳиро боз ҳам зиёд намуда, бо мақсади огоҳӣ пайдо намудани шаҳрвандон аз бурсияҳои ҷудонамудаи муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар ҳамкориро бо шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ҷоннок намояд.

16. Раёсати илм ва инноватсия (Зиёев Х.) вазифадор карда шавад:

— барои такмили санадҳои меёрии ҳуқуқӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва инноватсионии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишвар чораҷӯӣ намояд;

— дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», академияҳои илмҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ барои такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба магистратура ва докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) пешниҳодҳо манзур намояд.

17. Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (Бобизода Ғ.) вазифадор карда шавад, ки раванди  озмоиши  низоми нави  баҳогузориро  зери назорати ҷиддӣ  қарор  дода, ҷиҳати таҳияи мавод оид ба низоми салоҳиятнокӣ дар доираи стандартҳои фаннӣ барои хонандагони  синфҳои 1-4 ва  фанҳои забони модарӣ ва математика барои синфҳои 5 ва 6 тадбирҳои мушаххас андешад.

18. Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ (Исрофилов Ш.) вазифадор карда шавад:

— ҷорӣ  намудани  низоми нави баҳогузории бисёрхола бо  назардошти  имконоти моддӣ ва базаи моддию техникӣ  ба роҳ монда шавад;

— муқаррарот барои гузаштан   ба низоми нави баҳогузории бисёрхо-

ла  муайян  карда  шуда, роҳҳои дуруст ва ба мақсад мувофиқи  сабақгардонӣ ва татбиқи он дар таълимгоҳҳо  пайдо  карда  шавад;

— китобҳои дарсӣ, Стандарт, барнома, нақшаҳои тақвимӣ дар асоси салоҳиятнокӣ ва низоми баҳогузорӣ  таҳия гардида, дар раванди таҳияи стандартҳои фаннӣ бештар ба рушди  салоҳиятнокии  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар  бо назардошти  истифодаи таҷрибаи кишварҳои хориҷи дуру  наздики кишвар  таваҷҷуҳ намояд.

19. Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф (Қурбонзода Х.) вазифадор карда шавад:

— ҳамкориро бо шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва мудирони кабинетҳои методӣ таҳким бахшида, ҷиҳати минбаъд баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон, самаранокии курсҳои такмили ихтисос ва дар курсҳои такмили ихтисос фарогирии теъдоди бештари шунавандагон тадбирҳои иловагӣ андешад;

— нақшаю барномаҳои таълимӣ ва курси лексияҳои омӯзгоронро бо дарназардошти стандартҳои нави фаннӣ ва таҳсилоти ба салоҳиятнокӣ нигаронидашуда таҷдиди назар ва мутобиқ намоянд;

— таҷрибаи пешқадами омӯзгорони навовару эҷодкорро омӯхта, тавассути имкониятҳои техникӣ дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар тарғиб намояд;

— ҷиҳати ба курсҳои баландбардории маҳорати касбӣ фаро гирифтани омӯзгорону кормандони  мактаб-интернатҳо, хонаҳои кӯдакон ва муассисаҳои типи нав чораҳои иловагӣ андешад.

20. Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ (Ёрмуҳаммадзода Ш.) вазифадор карда шавад:

— оид ба фаъолияти кабинетҳои методии ҳар як шаҳру ноҳия маълумоти муфассали таҳлилӣ таҳия намуда, то 01. 07. 2016 ба Вазорати маориф ва илм манзур намояд;

— дар самти  таҳияи нақша ва барномаҳои таълимӣ ва стандартҳои тахассусӣ бо муассисаҳои мазкур ҳамкориро зич ба роҳ монда, ҷиҳати дар асоси талаботи “Консепсияи таҳияи барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методии насли нав аз фанҳои таълимии бахшҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва табиатшиносию риёзӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм аз 28.11.2015, №30/26 тасдиқ карда шудааст, таҳия намудани нақша, барномаҳои таълимӣ  ва дастурҳои таълимию методӣ  мусоидат намояд.

21. Маркази таълимии занон “Сарвар” (Маҳмадова Т.)  вазифадор карда шавад:

— барои ба роҳ мондани  таълими фанҳои нави таълимӣ омӯзгорони баландихтисоси касбиро аз ҳисоби номзад ва докторҳои  илм ҷалб намояд;

— дар вақти қабули духтарон ба марказ таносубро вобаста ба интихоб аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ риоя  намояд;

— рӯйхати духтароне, ки таҳсилро бо баҳои аъло ва рафтори намунавӣ хатм менамоянд, ба Вазорати маориф ва илм, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳру ноҳияҳо пешниҳод намояд;

— иштироки духтаронро мунтазам дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва конференсияю семинарҳо ба роҳ монад;

— минбаъд барои омода намудани мутахассисони баландихтисоси  касбӣ  дар ҳамаи соҳаҳо ва ба онҳо додани дониши назариявӣ ва амалӣ  вохӯрии духтаронро бо ходимони намоёни сиёсӣ, бо роҳбарони вазорату идораҳо роҳандозӣ намояд.

22. Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф  (Расулзода А.) вазифадор карда шавад:

— аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимиро тибқи талаботи қонунгузорӣ ба роҳ монда, натиҷаи онҳоро ҷиддӣ баррасӣ намояд;

— баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилотии шаҳрвандонро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ин маврид қабулгардида, ба роҳ монад;

— фаъолияти шуъба ва бахшҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи назди раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро мвариди санҷиш қарор дода, натиҷаи онҳоро дар ҷаласаҳои назди сардори хадамот ҷиддӣ баррасӣ намояд.

23. Шуъбаи аудити дохилӣ (Ризоев Р.) вазифадор карда шавад:

— назоратро аз болои истифодабарии мақсаднок ва самараноки  маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетии муассисаҳои зерсохтории вазорат пурзӯр намуда, барои бартараф намудани камбудиҳои молиявии ҷойдошта корҳои амалӣ-фаҳмондадиҳиро ҷоннок ва ҳама гуна ҳолатҳои характери коррупсионидоштаро зери назорати ҷиддӣ қарор диҳад;

— лоиҳаи Низомнома ва ё тартиби гузаронидани санҷиши  аудитӣ дар муассисаҳои таълимиро омода намуда, то моҳи май ба ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илм барои тасдиқ пешниҳод намояд.

24. Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот (Ҳалимов Р.) вазифадор карда шавад, ки ҷиҳати назорат ва сари вақт ҷавоб ирсол намудан ба муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби раёсату шуъбаҳо чораандешӣ намуда, аз натиҷаи он ҳар моҳ ба вазири маориф ва илм маълумотномаи хаттӣ ирсол намояд.

25. Сармуҳаррирони рӯзнома ва маҷаллаҳои соҳавӣ вазифадор карда шаванд:

— ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, ҳамчунин баргузор намудани вохӯриҳо дар шаҳру ноҳияҳо бо омӯзгорону кормандони соҳа вобаста ба ҷалби муаллифони беруна ва иҷрои нақшаи обуна тадбирҳои судманд андешанд;

— дар доираи талаботи имрӯзи ҷомеа нашри мақола ва гузоришу рубрикаҳоро ба роҳ монда, вобаста ба чорабиниҳои муҳими сиёсии ҷумҳурӣ-Раъйпурсии умумихалқӣ, Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оғози иншооти бузурги аҳамияти ҷаҳонидош-таи КАСА-1000 маводи таҳлилию илмӣ ва характери тарбиявидоштаро  ба нашр расонанд.

26. Директори матбааи вазорат (Сангинмуродов Ш.) вазифадор карда шавад, ки ба сифати маводи чоп диққати ҷиддӣ дода, ҷиҳати таҷдиди заминаи моддию техникии матбаа чораандешӣ намояд.

27. Муассисаи нашриявии “Маориф” (Зайниддинов Н.) вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати сари вақт ба чоп омода намудани китобҳои дарсӣ чораҷӯйӣ намояд.

28. Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе (Ҳафизов М.) вазифадор карда шавад, ки пардохти саривақтии андоз ва барқу обро ба роҳ монда, ба сифати маводи чопшуда диққати ҷиддӣ зоҳир намояд.

29. КВДҶ «Маърифат» (Қимматов С.) вазифадор карда шавад, ки истеҳсоли таҷҳизоти мактабиро дар дохили ҷумҳурӣ роҳандозӣ намуда, ҷиҳати дар оянда ба роҳ мондани истеҳсоли тахтаи синфӣ, роҳаткурсӣ ва курсиҳои ниммулоим тадбирҳои иловагӣ андешад.

30. Директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вазифадор карда шаванд:

— камбудӣ ва норасоии дар сессияи зимистона бударо  таҳлили ҷиддӣ намуда, барои бартараф намудани ин норасоиҳо Нақшаи чорабиниҳо таҳия намоянд ва нисбати пурра аз байн бурдани камбудиҳо дар давраи  сессияи тобистона  чораҳои ҳатмӣ андешанд;

— рафти қабули ҳуҷҷатҳоро тибқи талаботи амалкунанда ба роҳ монда, барои пешгирии амалҳои характери коррупсионидошта чораҳои зарурӣ андешанд;

— қабули соли таҳсили 2016-2017-ро дар асоси қоидаҳои тасдиқшуда  ба роҳ монанд;

— ҷиҳати харидории барномаҳои махсуси омӯзиши забонҳо  ва дар ин замина ҷорӣ намудани омӯзиши забонҳои хориҷӣ  тариқи  компютер ва дигар воситаҳои нави техникӣ  тадбирҳои амалӣ андешанд.

— барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои муҳими сиёсӣ-Раъйпурсии  умумихалқӣ, Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои амалӣ андешида, барои кумак намудан  дар тозагию озодагӣ ва сабзу хуррамгардонии кӯчаю хиёбонҳо бо мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҳамкорӣ намоянд;

— дар доираи чорабинии муҳими сиёсӣ-Раъйпурсии умумихалқӣ,   ҷашну идҳои Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру тармими муассисаҳои таълимиро ба роҳ монда, барои  тозаю озодагии гирду атрофи  онҳо ва насби шиору овезаҳои пурмазмун чораҳои ҳатмӣ андешанд.

31. Раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шаванд:

— дар асоси намунаи  “Шартномаи байни муассисаи давлатии таълимии томактабӣ ва падару модари кӯдак” фаъолияти  муассисаҳои  давлатии таълимии томактабиро ба роҳ монанд;

— ҷиҳати риояи меъёри баҳогузорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо омӯзгорон корҳои фаҳмондадиҳиву омӯзиширо бештар ба роҳ монанд;

— дар ҳар як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (дар ҳолати мавҷуд будани суратҳисоби махсус) воҳиди корӣ-муовини директор оид ба кор бо хонандагони болаёқат (ва дар ҳолати дигар ҳамчун вазифаи ҷамъиятӣ) чораандешӣ намоянд;

— дар якҷоягӣ бо Марказҳои технологияи информатсионӣ ва бахшҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди раёсат ва шуъбаҳои маориф ҳолати кории компютерҳоро дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таъмин намоянд;

— дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  ҷиҳати  иҷрои мактуби вазири маориф ва илм  аз 28.12.2015, №01/1-1060 “Оид ба таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ бо бинои алоҳида ва додани мустақилияти молиявӣ ба ин муассисаҳо” чораҳои таъхирнопазир андешанд;

— ҷиҳати дар муҳлати наздиктарин пардохт намудани маблағи боқимондаи қарзи иҷораи китобҳои дарсии солҳои қаблӣ ва соли ҷорӣ тадбирҳои судманд андешанд;

— ҷиҳати ба курсҳои такмили ихтисоси китобдорӣ ҷалб намудани китобдорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тадбирҳои судманд андешанд;

— маблағи боқимондаи рӯзномаро то анҷоми соли хониш (майи соли 2016) ба суратҳисоби ширкатҳои ноширӣ пардохт намуда, ҳамзамон ҷиҳати ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дастрас кардани рӯзномаи тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илм ба ширкатҳои ноширии ҶДММ «Ганҷ-нашриёт», ҶДММ «Бебок», ҶДММ «Эр-граф» ва ТҶБХ «Олами китоб» ҳамкорӣ кунанд;

— дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллӣ таъмини сӯзишворӣ аз ҷумла, ангишт ва ҳезумро дар муассисаҳои таълимӣ тибқи тартиби омодашуда ба роҳ монанд;

— барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои муҳими сиёсӣ-Раъйпурсии умумихалқӣ, Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои амалӣ андешида, барои кӯмак намудан  дар тозагию озодагӣ ва сабзу хуррамгардонии кӯчаю хиёбонҳо бо мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҳамкорӣ намоянд;

— дар доираи чорабинии муҳими сиёсӣ-Раъйпурсии умумихалқӣ,   ҷашну идҳои Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру тармими муассисаҳои таълимиро ба роҳ монда, барои  тозаю озодагии гирду атрофи  онҳо ва насби шиору овезаҳои пурмазмун чораҳои ҳатмӣ андешанд

32. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини аввали вазир Р. Мирбобоев, муовинони вазир Назирӣ Л., Одиназода Б. ва Усмонзода Ф. вогузор карда шавад.

 

Раиси мушовара,

вазир                         Нуриддин  Саид

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*