Камбудиҳо бартараф мешаванд

Раёсати маорифи вилояти Суғд мақолаи “Омӯзгор” дар Спитамен”  (№ 46 аз 13 ноябри соли 2015), инчунин,  посухи  хабарнигори  нашрия Абдурауф Муродиро  таҳти унвони “Китоб хондан даркор”, ки дар шумораи № 49, аз 4 декабри соли 2015 дар ҳафтанома  ба нашр расидааст, мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дод.

Бояд гуфт, ки чоп шудани  мақолаҳои мазкур аз таваҷҷуҳ ва дилсӯзии муаллифи он ба соҳаи маориф  гувоҳӣ медиҳанд. Ҳамин аст, ки дар навиштаҳо масъалаҳои мубрами соҳа мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Раёсати маорифи вилоят ба муаллифон  барои таҳлили  холисона ва инъикоси воқеъбинонаи  соҳаи маориф дар ноҳияи Спитамен изҳори сипос менамояд.

Барои ислоҳи камбудиҳои  дар фаъолияти  маорифчиёни ноҳияи Спитамен мавҷуда як зумра корҳо ба сомон расиданд.

Аз ҷумла, дар соли таҳсили ҷорӣ 1613 хонанда муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияро  хатм менамоянд. Аз ин миқдор  то санаи 11.04.2016 аз ноҳия 845 нафар аз қайди Маркази миллии тестӣ гузаштаанд, ки ин баробари  47,1 фоизи теъдоди  умумии хатмкунандагон аст.

Дар олимпиадаи вилоятӣ аз мактабҳои ноҳия  68 нафар хонандаи  синфҳои 10-11 иштирок намуда,3 нафар ба олимпиадаи  ҷумҳуриявӣ  роҳхат гирифтанд. 5 нафар хонандаи синфи 10 дар олимпиадаи вилоятӣ  ба дарёфти ҷойҳои  ифтихорӣ сазовор гардиданд.

Дар давоми се моҳи аввали соли 2016 аз 3050 нафар хонандаи мактабҳои ноҳия аз фанҳои забони давлатӣ, забони модарӣ, забони русӣ, забони англисӣ ва математика корҳои санҷишӣ гирифта, натиҷаи он ба  шуъбаи хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят пешниҳод гардид. Мониторинг маълум намуд, ки азхудкунии хонандагон аз ин фанҳо чунин аст: сифати таҳсилот — 35%, сатҳи дониш 76% фоиз ва холи миёна -3,2%  мебошад.

Рӯйхати хонандагони лаёқатманд дар мактабҳо тартиб дода шуда, дар муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби омӯзгорон машғулиятҳои иловагӣ ба роҳ монда шуданд. Ба  маҳфилҳо зиёда аз 752 нафар хатмкунандаи синфҳои 10-11 ҷалб карда шуданд.

Илова бар ин, 154 нафар хонандаи лаёқатманд дар Маркази таҳсилоти иловагӣ ба маҳфилҳои рассомӣ, техникони ҷавон, шашмақомхонӣ ва ғайраҳо ҷалб гардиданд. Дар назди Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар  4 гурӯҳ бо 90  хонанда  машулиятҳои  пулакӣ ва  дар 10 гурӯҳ бо 198  хонанда машғулиятҳои  ройгон ташкил гардиданд.

Дар асоси нақша — чорабиниҳои муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, прокуратура, ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, шуъбаи КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия доир ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, дуздӣ, авбошӣ, экстремизму терроризм, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайрирасмӣ, даст ба ҷиноят задани онҳо ва сӯиқасд ба ҷони худ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ бо иштироки падару модарон вохӯриҳо ташкил карда шуданд.

Фаъолияти маъмурияти мактабҳое, ки хонандагонашон ба ҳуқуқвайронкунӣ роҳ додаанд, таҳти назорати қатъии нозирон гирифта шуд. Бо падару модарони ин қабил  хонандагон суҳбатҳо гузаронида, оид ба тарбияи дурусти фарзанд ба онҳо маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода шуд. Сарварони мактабҳо тибқи нақшаи чорабиниҳои мушаххас амал намуда, ҳар як ноболиғи даст ба ҷиноят задаро таҳти назорати қатъӣ қарор доданд.

Дар  ҳафтаномаи ноҳиявии «Паёми Спитамен», нашрияи «Махзани маърифат»-и шуъбаи маорифи ноҳия  доир ба масъалаи пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуш, аз ҷумла, даст ба худкушӣ задани ноболиғон  мақолаҳо ба табъ  расида, дар байни ҷомеаи омӯзгорони мактабҳо мавриди баррасӣ қарор дода  шуданд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия доир ба хонандагоне, ки падару модарашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд, пурсишҳо гузаронида шуд. Муайян шуд, ки волидони 933 нафар  хонанда  дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд. Инчунин, 64 нафар хонанда  аз оилаҳои носолим муайян карда шуданд. Хонандагони мазкур таҳти назорати доимии роҳбарони синф қарор дошта, ба маҳфилҳо ва чорабиниҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ ҷалб карда мешаванд.

Тибқи нақшаи тасдиқшуда, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия оид ба иҷроиши қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» санҷишҳо гузаронида шуд.

Маълум гардид, ки  раванди омӯзиши забони давлатӣ ва таъмини  иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  таҳти назорати ҷиддӣ гирифта шуда,  дар ин самт корҳои зиёде ба сомон расонида шудаанд. Гӯшаҳои синфӣ ва газетаҳои деворӣ, эълону хитобаҳо ва шиору овезаҳо пурра дар асоси қоидаҳои  имлои забон ва талаботи қонуни забон навишта шудаанд. Ҳамчунин, дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия омӯзиши забони давлатӣ ба роҳ монда шуда, дар ин самт корҳои назаррас ба сомон  мерасанд.

Шуъбаи маорифи ноҳияи Спитамен аз китобҳои иҷоравӣ дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарздор нест. Маблағҳо сари вақт пардохт  шудаанд. Дар давоми се моҳи соли равон 2195 адад китобҳои дарсӣ ва 1456 адад маводи таълимӣ ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шуданд.

Ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои дигаре, ки дар мақола зикрашон рафтааст, шуъбаи маорифи  ноҳияи Спитамен андешидани  тадбирҳои мушаххасро ба нақша гирифтааст.

Раёсати маорифи вилоят  минбаъд ҳаллу фасли мусбии масъалаҳои  дар мақола закргардидаро  таҳти назорати ҳамарӯза мегирад.

 

О.Каримзода,

сардори Раёсати

маорифи вилояти Суғд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*