Кабинети методӣ – пешбарандаи раванди таълим

Дар Мактаби хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тибқи лоиҳаи «Хониши босифат – ЮСАИД» дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  семинар-машварати ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Кабинети методӣ – пешбарандаи раванди таълим» баргузор гардид. Директори Маркази ҷумҳуриявии методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Ёрмуҳаммадзода перомуни нақши кабинети методӣ дар раванди таълим фикру мулоҳизаҳои хешро баён дошт.

Сипас мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Матлубахон Қобилова бо мисолҳои мушаххас аз таҷрибаи кори хеш перомуни муваффақият ва дастовардҳои кабинети методӣ маълумот дод.

Ҳамчунин мудири кабинети методии ноҳияи Данғара Ҷӯрахон Юсуфов дар мавзӯи «Роҳҳои беҳтар намудани фаъ-олияти Шӯро ва иттиҳодияҳои методии фаннӣ  дар  муассиса-ҳои таҳсилоти умумӣ», мушовири синфҳои ибтидоии кабинети методии шаҳри Кӯлоб М. Мазарифов оид ба мавзӯи « Мавқеи кабинети методӣ дар баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ» суханронӣ намуданд.

Дар рӯзи дуввум иштирокдорони семинар-машварат дар ҳашт дарси кушоди ғайрианъанавии мактабҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки бо усули фаъоли таълим баргузор гардиданд, иштирок намуданд.

 

Нуъмон Раҷабзода,

«Омӯзгор»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*