Ба навиштани ЭССЕ омода бояд шуд

Ба навиштани ЭССЕ омода бояд шуд

Бо мақсади иҷрои дас-туру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон (1 сентябри соли 2015) шурӯъ аз соли 2018 дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ кори хаттӣ (эссе) ҷорӣ карда мешавад.  Акнун довталабон илова ба пурсишҳои тестӣ бояд эссе нависанд. Дар бораи эссе ва тарзи навишту қоидаҳои он дар нашрияҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла, «Омӯзгор» мақолаҳои зиёде ба нашр расиданд.

Чун мавсими имтиҳо-ноти дохилшавӣ наздик меояд, бо фармоиши вазири маориф ва илми мамлакат бо мақсади мусоидат ба омодагии шоистаи довталабон ва дастгирии онҳо номгӯи мавзӯъҳои эссе аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ва забон ва адабиёти рус пешкаш шудааст, ки он дар ин шумораи ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба нашр мерасанд.

Аз довталабон хоҳиш-мандем, ки мавзӯъҳои пешниҳодшударо бодиқ-қат ва амиқ омӯзанд ва омӯзгорони арҷманд дар ин кор ба онҳо  бояд мададгорӣ намоянд.

 

«Омӯзгор»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*