Навгониҳо дар соҳа зиёданд

Навгониҳо дар соҳа зиёданд

Нишасти матбуотии  Вазорати маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон 5 феврали соли 2018 баргузор гашт, ки дар он теъдоди зиёди хабарнигорон аз аксари васоити ахбори омма ширкат варзиданд. Ин нишаст бо  посух ба суолҳои рӯзноманигорон оғоз ёфт.

Нахуст суол он буд, ки чаро дар кӯдакистонҳои ҷумҳурӣ ба ҳар навъу ҳар миқдор аз волидон маблағ мегиранд, оё меъёри муайян нест, магар аз буҷет ба ин мақсад пул ҷудо намешавад? Посух чунин буд, ки маблағе, ки аз волидон ҷамъ оварда мешавад, барои хӯроки кӯдакон, хароҷоти хоҷагӣ ва таъмири ҷорӣ дар назар дошта шудааст, ҳаҷми он дар деҳот аз рӯйи як нишондиҳанда аз панҷоҳ сомонӣ ва дар шаҳрҳо аз рӯйи ду нишондиҳанда аз сад сомонӣ набояд зиёд бошад. Суоли дигар ин буд, ки дар баъзе аз синфхонаҳо ҳоло ҳам теъдоди хонандагон аз меъёр зиёд аст. Ҳарчанд ин масъала солҳои охир рӯ ба ҳалшавист, бо сабаби афзоиши табиии аҳолӣ дар баъзе маҳалҳо, асосан, шаҳрҳои калон аз байн нарафтааст.  Мутасаддиён изҳор доштанд, ки меъёр тибқи талаботи маблағгузории сарикасӣ дар деҳот 20, дар шаҳр 25 нафар аст. Ба суоли хабарнигори ҳафтаномаи «Минбари халқ» дар мавриди баробарарзишии ҳуҷҷату дипломҳои илмӣ ҷавоб дода шуд, ки дар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ диплому ҳуҷҷатҳои мамолики узви ИДМ баробарарзишанд, ҳимояи корҳои илмӣ аз соли равон ҳам ба усули анъанавӣ ва ҳам ба таври нав (PhD) ба роҳ монда мешавад. Суолҳои дигари ба низоми бисёрзинагии таҳсилот, гузариш ба таълими фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бо камераҳои назоратӣ таъмин намудани тамоми муассисаҳо, омодагӣ ба ҷашни 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ марбут буданд.  Аз ҷумла, оид ба таҷлили зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ қайд шуд, ки Вазорати маориф ва илми кишвар дар ин бобат Нақша-чорабинӣ тартиб додааст, ки тибқи он гузарондани конфронси ҷумҳуриявӣ дар муассисаҳои таълимии тамоми зинаҳои таҳсилот, доир намудани маҳфилу ҷамъомадҳо, бознашри аксар асарҳои устод ва таъмини китобхонаҳои мактабӣ бо онҳо, навиштани эссе ва иншо аз тарафи мактабиён дар назар дошта шудааст. Оид ба иҷрои бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ироа гардид, ки зиёда аз 15 ҳазор санад тартиб дода, дар даҳ ҳазор ҳолат волидон барои беназорат мондани фарзандон, ба мактаб мунтазам бе тайёрӣ омадани онҳо ва ғайра ҷарима баста шуданд. Ба роҳ мондани низоми таҳсилоти фосилавӣ дар шуъбаҳои ғоибонаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ яке аз масъалаҳои муҳими рӯз гаштааст. Вазири маориф ва илм, Нуриддин Саид бартариҳои ин низом, аз ҷумла, тамоми муддати сол барқарор будани робитаи устод ва донишҷӯ, кам шудани таъсири субъективият ва фасодро зикр карда,  изҳор дошт, ки  гузариш ба он ногузир буда, минбаъд он дар муассисаҳои таҳсилоти ғоибонаи миёнаи умумӣ низ ҷорӣ карда мешавад.

Зимни посух ба суолҳои сершумор вазири маориф ва илм Нуриддин Саид изҳор дошт, ки бо ғамхорию дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маблағгузории соҳа сол аз сол афзоиш ва пояи моддию техникии он рушд меёбад.

Муҳаммадшариф

РУСТАМЗОДА,

корманди Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*