Тақвияти ҳамкориҳо бо Озарбойҷон

Тақвияти ҳамкориҳо бо Озарбойҷон

6 феврали соли равон вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гасан Дилсуз оғлу Мамедзаде доир гардид, ки дар он ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва илм мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вазири маориф ва илм Нуриддин Саид оид ба низоми  таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, қайд кард, ки ҷониби Озарбойҷон омода аст, ки дар самти тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои нафту газ, ихтисосҳои техникӣ, авиатсия ва дипломатия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон квота ҷудо намояд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*