Соли ҷавонон пур аз комёбиҳо буд

Соли ҷавонон пур аз комёбиҳо буд

Дар нишасти матбуотии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов теъдоди  зиёди рӯзноманигорон  ҳузур доштанд, ки ин, пеш аз ҳама, далели таваҷҷуҳи онҳо ба соҳаи варзиш ва эътирофи  нақши шоистаи ин боргоҳи таълиму тарбия дар рушди соҳаи мазкур дар кишвар  буд.

Нишасти матбуотӣ бо суханронии ректори донишкада, доктори илмҳои педагогӣ Шодӣ Сафаров оғоз ёфт.

— Дар таълимгоҳи мо, — гуфт ӯ, -дар зинаҳои бакалавр ва мутахассис вобаста ба беш аз 30 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд. Дар донишкада чандест, ки низоми кредитӣ татбиқ мегардад. Сатҳи таълиму тарбия мунтазам боло меравад, ки ба ин бештар ба донишкада ҷалб кардани теъдоди зиёди устодони  варзида ва пайваста ба бозомӯзиву такмили ихтисос машғул шудани устодони собиқадор мусоидат менамояд. Варзиш, ки дар меҳвари фаъолияти таълимгоҳ қарор дорад, марҳила ба марҳила вусъат меёбад ва шогирдони  мо дар сабқатҳои бонуфуз мунтазам дастболо мешаванду шарафи варзиши кишварро ҳимоя мекунанд. Дар соли 2017, ки бо ибтикори Пешвои миллат, Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон шуда буд, варзишгарони тоҷик (теъдоди  зиёдашон дастпарварони Донишкадаи тарбияи ҷисмонианд) дар мусобиқаҳои  ҷаҳонӣ  соҳиби 425 медал (121 тилло, 116 нуқра, 188 биринҷӣ) гардиданд. Шогирди донишкада Беҳрӯзи Хоҷазод Соли ҷавононро шукӯҳу мондагории бештаре бахшид; ӯ пас аз 42 сол корномаи варзишии ҷаҳонпаҳлавон Сайидмуъмин Раҳимовро такрор намуда, дар сабқати ҷаҳонии гӯштии самбо ба дарёфти медали тилло мушарраф гашт, ҷаҳонпаҳлавон шуд. Дар мусобиқаҳои  ҷумҳуриявӣ низ дастовардҳои шогирдони мо зиёданд. Масалан, шаш сол боз дастаи волейболбозони донишкада дар байни 39 мактаби олии ҷумҳурӣ пайвас-та  ба пирӯзӣ  расида, унвони чемпиониашонро устувор нигоҳ медоранд.

Аҳли донишкада дар таҳияи барномаҳои таълимӣ, иншо ва нашри китобҳои дарсию методӣ, тарғиби варзиш, нигориши мақолаҳои  илмӣ, корбасти воситаҳои техникии таълим, таҷлили санаҳои таърихӣ ва ҷашнвораҳои миллӣ, ободонии пойтахт… ҳиссаи сазовор мегузоранд.

Дар қисмати дуюми нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ ва масъулини дигари таълимгоҳ ба суолҳои рӯзноманигорон посух гуфтанд. Намояндаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Қ.Самадов ба фаъолияти аҳли донишкада дар нимсолаи дуюми соли гузашта баҳои баланд дод.

Пас аз анҷоми нишасти матбуотӣ бо ҳидоят ва роҳбарии ректор Ш.Сафаров рӯзноманигорон осорхонаи  ҳунарҳои мардумии донишкадаро, ки ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таъсис ёфтааст, тамошо карданд.

А. МУРОДӢ,

«Омӯзгор»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*