Рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ

Рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ

Бахшида ба оғози расмии Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ   дар шаҳри Душанбе бо намоиш ва фурӯши молу маҳсулоти ҳунармандони тоҷик ҳамоиш баргузор гашт. Дар намоишгоҳ аз тамоми ҷумҳурӣ онҳое, ки ба дӯхтани либосҳои  чакан, таҳияи атласу адрас, сабадбофию кулолгарӣ ва табақтарошию кордсозӣ, хуллас, равнақу эҳёи ҳунарҳои мардумӣ машғуланд, иштирок карданд.

Бо суханронии ёрдамчии Президенти Ҷум-ҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳамоиш оғоз ёфт. Зикр гардид, ки таъсиси ниҳоди алоҳидаи соҳавӣ, фароҳам овардани имтиёзҳои андозию гумрукӣ барои беҳтар намудани инфрасохтори сайёҳӣ ва сода гардонидани низоми раводиди туристӣ- аз ҷумлаи тадбирҳоеянд, ки  барои рушди бахши туризм аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардидаанд. Дар давоми соли равон чунин имтиёзу тадбирҳо афзоиш хоҳанд ёфт.

Шоистаи таъкид аст, ки соли гузашта ташрифи сайёҳон нисбат ба соли 2016 қариб 25 фоиз афзудаасту дар радабандии созмону ниҳодҳои байналмилалии туристӣ Тоҷикистон мавқеи худро хеле боло бурдааст.

Таъкид шуд, ки давоми сол беш аз 100 ҳамоишу чорабинии сатҳи гуногун бо ҷалби ширкатҳи сайёҳӣ ва созмонҳои бонуфуз баргузор гардида,  барои тақвияти инфрасохтори бахши мазкур нақшаи махсуси корӣ таҳия гардидааст.  Иштирок дар намоишгоҳи байналмилалии «АТБ Берлин», «Интурмаркет»,  МИТТ Федератсияи Россия  ва Намоишгоҳи сайёҳии Корея-2018  аз шумули нақшаҳои байналмилалиеянд, ки бояд давоми сол ба сомон расонида шаванд.

 

Оромгоҳи Рӯдакӣ дар маърази тамошои сайёҳон

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо мақсади ҷалби бештари сайёҳони ватаниву хориҷӣ масъулини Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрӯд кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки барои меҳмонону сайёҳон ва зоирон шароити мусоиди истироҳату фароғат фароҳам оваранд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, соли 2017 ба муассисаи мазкур 5223 нафар меҳмони ватанӣ ва хориҷӣ ташриф овардаанд, ки ин нисбат ба соли 2016 мутаносибан 20% зиёд аст.

Маврид ба зикр аст, ки «Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрӯд» соли 2008 таъсис ёфтааст. Муассиса бо ҳудуди 2,64 гектар аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарпарастӣ карда мешавад. Дар тавозуни муассиса оромгоҳи устод Рӯдакӣ бо мақбараи муҳташам, осорхонаву китобхона, меҳмонхона, чойхонаву толорҳои махсуси қабулу пазироии меҳмонон, ошхона ва боғу гулгаштҳо қарор доранд.

Оромгоҳи Одамушшуаро дар мавзеи баланду хушҳаво қарор дошта, бо усули меъмории миллии ҷаззоб бунёд  гардидааст.

Таҳияи Н.Охунзода,

«Омӯзгор»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*