Асосгузори давлатдории муосири тоҷик

Бахшида ба 25 – умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  матбааи нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе китоби тозаэҷоди соҳибкори донишманд Абдуқаҳҳор Холов  ва доктори илмҳои таърих, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода бо номи «Эмомалӣ Раҳмон — асосгузори давлатдории муосири тоҷик» ба нашр расид.

Китоби мазкур ба фаъолияти сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шуда, дар он марҳилаҳои ба даст овардани сулҳ, пешрафтҳои чашмгири Тоҷикистон, ки бевосита аз заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат сарчашма мегирад, робитаҳои густурдаи ҷумҳурӣ бо дигар кишварҳои пешрафта, раванди ободкориву бунёдкориҳо инъикос ёфтаанд.

Китоб аз силсиламақолаҳои такмилбахши ҳамдигар иборат мебошад.  Дар пешгуфтори китоб  фаъолият ва кору пайкори  созандаи Пешвои миллат ба таври зайл хулоса ва ҷамъбаст гардидааст: “1. Бунёдгузорӣ ва устуворгардонии пояҳои давлатдорӣ; 2. Ба вуҷуд овардани шароит барои густариши беш аз пеши худшиносии миллӣ ва ғояҳои ватандӯстӣ; 3. Поягузории сиёсати хориҷии кишвар ва таъйин намудани ҳадафҳо, усулҳо, афзалиятҳо ва самтҳои асосии он”.

Дар нахсутин мақолаи китоб, ки “Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузор ва таҳкимбахши пояҳои давлатдории навин” унвон дорад, перомуни мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои захираҳои бойи маъданиву табиӣ, сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, раванди ба даст овардани сулҳ, ки бевосита ба ҷасорату матонат ва ватандӯстии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботманд  мебошад,  сухан меравад. Таъкид мешавад, ки Сарвари давлат дар лаҳзаи бисёр ҳассосу буҳронӣ ба минтақаҳои ноамни ҷумҳурӣ сафар намуда, бо мардум мулоқотҳо анҷом доданд ва тавонистанд сулҳи комилро дар ҷумҳурӣ таъмин намоянд.  Муаллифон бар ин андеша ҳастанд, ки “… ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон на бар мабнои маҳалгароиву минтақагароӣ, балки бо таҳрики неруҳои беруна ва аъмоли зишти ҷонибдорони низоми динии ифротӣ ба вуқӯъ пайвастааст”. Ҳамчунин, муаллифон барои тақвияти фикрашон ба таърих рӯ оварда, аз низоми давлатдории аввалин давлати тоҷикон – Ҳахоманишиҳо, ки дар он замон мардумсолорӣ дар меҳвари давлат қарор дошт ва ин равандро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома бахшида истодаанд, ҳарф задаанд.

Мақолаи “Худшиносӣ – рукни асосии ташаккули давлатдории миллӣ” бевосита ба баланд бардоштани худшиносии ҷавонон ва  дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо бахшида шудааст. Дар воқеъ, дар замони ҷаҳонишавӣ масъалаи худшиносӣ меҳварӣ буда, ба ин масъала Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Муаллифон барои  асоснок намудани андешаҳояшон дар ин маврид  иқтибос аз суханони ҳикматомӯзи Сарвари давлат овардаанд. Барои ташакул ва рушди давлати навин мебояд насли ҷавон худшинос бошад. Чунонки Пешвои миллат дар ин маврид таъкид намудаанд: “Ташаккули давлатдории навин ва рушди ҳамаҷонибаи он бо эҳёи маънавӣ ва худшиносии миллӣ пайванди ногусастанӣ дорад”.

Дар нигоштаи  “Омӯзиши таърих” Пешвои миллат омӯзиш ва фарогирии таърихро аз сарчашмаҳои муҳимтарини густариши худшиносии миллӣ ва ифтихори огоҳонаи ватандорӣ медонанд. Маҳз бо талош ва ташаббусҳои Сарвари давлат дар ҷумҳурӣ ҷашнҳои 1100-солагии давлати Сомониён, 1000-солагии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, 680-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, 90 – солагии Бобоҷон Ғафуров ва дигар бузургони илму адаби тоҷик, ҳамчунин, ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон қадрдонӣ шудани симоҳои  илму адаби тоҷик далели гуфтаҳои боло мебошад. Дар мақолаи  “Забон ва адабиёт” муаллифон дар бораи арҷгузорӣ ва эҳтиром гузоштан ба забони миллӣ, инчунин, ба проблемаҳои ҷойдошта дар ин самт, беэътиною носипосии иддае ба забони модарӣ  андешаронӣ кардаанд:  “Имрӯзҳо дар кӯчаву хиёбонҳо, дар даромадгоҳи баъзе идораву корхонаҳо ва ҳатто дар рӯзномаҳо навиштаҳоеро мушоҳида мекунем, ки бо бемантиқӣ ва хатову ғалатҳои имлоӣ табъи касро хира мекунанд”, — омадааст дар мақолаи номбурда.

Ҳамчунин, дар навиштаҳои “Илм ва маориф”, “Робитаҳои ҳамаҷонибаи минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар”, “Расму оинҳои миллӣ ва ҷашнҳои бузургдошти ниёгон” дар бораи нақши Президент дар рушди соҳаи маориф, сохтмони роҳҳо, эҳёи анъана ва расму оинҳои миллӣ  сухан меравад.

Нигоштаи “Сиёсати хориҷӣ – ҳавзаи дӯстӣ ва равобиту ҳамкорӣ” перомуни нақши Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассир ва ҷолиб мебошад. Муаллифон дар асоси далоилу арқом тавсеаи равобити байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тафсир намудаанд. Ба таъкиди онҳо, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо беш аз 124 кишвари  ҷаҳон равобити иқтисодиву тиҷоратӣ дошта, ҳаҷми умумии сармоягузории хориҷӣ дар иқтисоди миллӣ батадриҷ рӯ ба афзоиш дорад.

Аз ин навишта хонанда вобаста ба ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ, мамолики форсизабон ва дигар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ маълумоти дақиқ ба даст меорад.Дар охири китоб суратҳо аз лаҳзаҳои сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, хориҷи кишвар, вохӯрию мулоқотҳо бо сарварони мамлакатҳои ҷаҳон гирд оварда шудааст, ки  фаъолияти доманадору пурсамари Пешвои миллатро бозгӯ мекунанд.

Дар маҷмӯъ, китоб фаъолияти созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди давлатдории миллӣ инъикос намуда, барои омӯзгорону донишҷӯён, муҳаққиқон ва доираи васеи хонандагон дастури судманд мебошад.

Насриддин Охунзода,

“Омӯзгор”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*