«Мафҳумҳои бунёдии назариёти сиёсии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон»

Дар нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе китоби нав бо номи «Мафҳумҳои бунёдии назариёти сиёсии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» ба нашр расид. Муаллифон – мураттибони китоби мазкур доктори илмҳои таърих, мушовири калони дастгоҳи Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода, сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода,  донишманду муҳаққиқи ҷавон  Арафамоҳ Даминова мебошанд. Китоби номбурда аз бобҳои «Ҷомеа», «Давлату давлатдорӣ», «Амният», «Рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ», «Сиёсати хориҷӣ» ва «Маънавиёт» иборат буда, дар он мазмуну моҳияти мафҳумҳои бунёдии назариёти сиёсии Пешвои миллат ва консепсияи давлатдории Тоҷикистони муосир  баён  гардидааст. Ин китоб ба ходимони ҷамъиятӣ, олимон, омӯзгорон, донишҷӯён ва толибилмон ҳамчун дастури роҳнамо хизмат хоҳад кард.

Н.Охунзода,

«Омӯзгор»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*