Раҳнамои мардум

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 декабри соли 2017 ироа гардид,  воқеан, раҳнамо барои тамоми мардуми Тоҷикистон аст. Сарвари давлат зимни таҳлили самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, дар ибтидо иброз намуданд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоис-таи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад».

Аҳли маорифи ВМКБ, аз ҷумла, ноҳияи Дарвоз супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, барои баланд бардоштани сифати таълим дар мактабҳои ноҳия чораҳои самаранок меандешанд. Қобили зикр аст, ки  дар сои 2017 456 нафар мактабҳои ноҳияро хатм намудан, ки аз ин шумора 70%-и онҳо аз тариқи Маркази миллии  тес-тии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 38 нафари дигар бо квотаи Президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дохил шуданд.

11 январи соли ҷорӣ дар мактаби қишлоқи Кевроқи ноҳия мулоқот бо гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таблиғу фаҳмондадиҳии нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Дар ин мулоқот директори Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи ба номи А.Ҷомӣ  Хуршед Зиёӣ, саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қ. Искандаров,  муовини раиси ноҳия С.Мирзозода ва дигарон иштирок намуда, нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллатро ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ бахшиданд.  Дар ин мулоқот  дар бораи  рушди маориф, боло бурдани сатҳи таълим, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо мутахассисони забондон суханронӣ карданд. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз минтақаҳои ҷолиб барои сайёҳон маҳсуб меёбад, дар ин маврид суҳбатҳои муфид анҷом дода шуд.

Саидалӣ ҚАЛАНДАРОВ,

директори мактаби

рақами 9, ноҳияи Дарвоз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*