Рисолати аҳли маориф

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеаи кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд ва бахши маориф, ки дар сиёсати давлат ҳамчун соҳаи калидӣ эътироф шудааст, ҳаматарафа таҳлил гардид.

Воқеан, сармояи инсонӣ ҳамчун неруи пуриқтидори маънавӣ бо асноду  мадорики муътамад собит сохтааст, ки пешрафту тараққии ҳар як давлати чи  хурду чи бузург ба он пайванди ногусастанӣ ва амиқ дорад. Ҳамин ғояи судманд дар Паёми Пешвои миллат чунин шарҳ ёфтааст:

“Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд”.

Бунёди ҷомеаи навин дар пояи маънавиёти баланди насли оянда барқарор гардида, мусовӣ бо музаффариятҳои ҷаҳони нав, ки кулли соҳаҳои ҳаётро фаро гирифтаанд, имкон дорад, зеро гуфту гумонҳои омиёна дигар дархӯри бедории завқи ҷавонон намегарданд. Вазъи ба вуқӯъпайвастаи ҳаёти имрӯзаи ҷаҳонро ба эътибор гирифта, Пешвои миллат дар Паём меафзоянд, ки:

“Тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг ба яке аз проблемаҳои глобалии асри ХХI табдил ёфта, талабот нисбат ба сатҳи маънавии инсон, тарбия ва ташаккули наслҳое, ки вазифаҳои азими бунёди ҷомеаи навин дар даврони соҳибистиқлолии миллати тоҷик ба зиммаи онҳо гузошта хоҳад шуд, торафт меафзояд”.

Барои татбиқи ин паёмадҳои нек барояшон дар ҷомеаи навини соҳибистиқлоламон тамоми шароитҳо ҳукмфармост ва ба қавли Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, дили гарму нияти пок дош-тан шарти зарурист. Аз ин ҷост, ки дар Паёми Пешвои миллат дарҷ гардидааст:

“Ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо ба Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд”.

Бо дарназардошти ҳамин ҳолатҳои воқеӣ Пешвои миллат дар Паём таъкид намуданд, ки ба масъалаи таълиму тарбия бояд бештар афзалият дод:

“Мо бояд нишон-диҳандаҳои таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик созем, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшем, дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар гардонем”.

Чунон ки маълум аст, тарбия ва таълим аз дидгоҳи мантиқ тавъам буда, самараи таҳсилот низ дар ҳамин пайвастагӣ ба даст меояд. Биноан падару модаронро лозим аст, ки рисолати азалии хешро иҷро намуда, дар тарбияю таълими фарзандон мисли омӯзгорон саҳм гиранд. Бе тардид, ҷаҳони муосир аз ба буҳрони ахлоқӣ гирифтор шудани ғарб ва зуҳури терроризми ифротгаро дар шарқ сахт нигарон аст. Буҳрони ахлоқии ғарб, ин омилҳои рӯй овардан ба манфиат ва нодида гирифтани ҷанбаҳои ахлоқии ҷомеа буда, авҷи терроризми байналмилалӣ – ин падидаи манфур вобастааст ба сатҳи тарбияти ахлоқии ҷомеаи муосир. Маҳви ин зуҳуроти нафратовар ба ҳамбастагии ҷомеаи ҷаҳонӣ ниёз дорад. Пешвои миллат ҳалли саривақтии масъаларо дар Паёми навин бори дигар таъйид намудаанд;

“Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад”.

Дар раванди тарбия ва таълим моро зарур ва ҳатмист, ки ҷиҳати решакан намудани ин кирдорҳои барои ҷомеаи муосири ҷаҳон хатарзо муборизаи беамон барем, то ки амнияти давлату миллати худро бо неруи маънавию ҷисмонӣ таъмин намоем. Ин кори дастаҷамъонаи омӯзгорон, падару модарон ва аҳли ҷомеаи равшанзамир аст.

Хоналӣ Қурбонзода,

ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф,

Меҳриддин Ғиёсиев,                                                                                             мудири кафедраи психология ва

педагогикаи ҳамин донишкада

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*