14 муассиса дар ҳолати садамавӣ

Дар нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Балҷувон М. Зоирзода нисбат ба фаъолияти муассисаҳои таълимии ноҳия иброз дошт, ки дар таълимгоҳҳои ноҳия 7 ҳазору 82 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Соли равон 99 хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия  дар озмунҳои вилоятӣ иштирок карда, ба олимпиадаи ҷумҳуриявӣ  2 хонандаи синфи 11 роҳхат гирифтанд. Мавсуф, ҳамчунин, дар бораи мушкилоту камбудиҳои соҳаи маориф иброз дошт, ки аз 45 муассисаи таълимии  дар ноҳия фаъолият дошта, 14-тои онҳо дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Соли 2017 тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ мебоист ба ноҳия 65 мутахассиси ҷавон ба кор меомаданд. Мутаассифона, танҳо 53 нафар  ба таълимгоҳҳо ҳозир шуданд ва ба ҷойи кор таъмин гардиданд. Масъалаи бунёду тачдид ва таъмиру нигоҳдории муассисаҳои таълимӣ бо истифода аз имконоти молиявии дохилӣ ва ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ дар мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Аз соли 2003 то имрӯз 34 муассисаи таълимӣ дар ноҳия таъмиру тармим ва аз нав барқарор карда шудаанд.

 

Шариф  АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*