Раъно Икромова – ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон — 2017»

Раъно Икромова – ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон — 2017»

Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон — 2017» дар арафаи Соли нави мелодӣ баргузор гардид. Озмун дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо иштироки  муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Латофат Назирӣ оғоз ёфт.

Латофат Назирӣ довталабонро барои роҳ ёфтан дар даври ниҳоӣ аз номи вазири маориф ва илм табрик намуда, дар бораи афзалияти соҳа, бахусус, таваҷҷуҳ ба таҳсилот аз ҷониби омӯзгорон, ислоҳоти соҳа, дастовардҳои соҳа дар мисоли пирӯзии шогирдон дар озмунҳои байналмилалӣ, муносибатҳои нав дар таълим, таълифи китобҳои дарсӣ бо назардошти мазмуни салоҳиятнокӣ ва дигар масъалаҳои соҳа суханронӣ кард. Сипас, сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, ҳамзамон, раиси ҳакамон Абдуҷаббор Алиев довталабонро бо шартҳои озмун шинос намуд.

Бояд гуфт, ки озмуни имсола чанд бартарӣ дошт. Аввалан, муаррифии корҳои эҷодӣ шарти якуми озмунҳои қаблӣ- намоиши дастовардҳои довталабонро пурра иваз кард, ки аз ин ҷиҳат ҳам вақт сарфа ва ҳам нороҳатӣ аз довталабон  кам гардид. Сониян, нисбат ба чанд соли пеш омодагии довталабон ҷиддитар ба назар расид.

Дар озмун 5 довталаб, ки 5 минтақаи кишварро муаррифӣ мекарданд, барои иҷрои 7 шарти озмун ширкат варзиданд. Дар оғоз довталабон ба муаррифии таҷрибаи кори худ шурӯъ карданд.

Муаррифӣ

Идигул Алиева (омӯзгори мактаби №19, ш.Ваҳдат, НТҶ)  дар дарсҳояш аз методҳои гуногуни таълим, аз ҷумла,  диаграммаи  ВЕНН, ангезиши зеҳн, методҳои инфиродӣ, интерактивӣ, муштарак, проблемагузорӣ, истифодаи варақаҳо (карточкаҳо), тестҳо (саволномаҳо) дар се шакл фаровон истифода мебарад. Ҳамчунин, дар ҳаммуаллифӣ саволномае тартиб додааст, ки он барои омодагии довталабон ба имтиҳонҳои дохилшавӣ аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии амалӣ мерасонад. Фаъолияти ҷамъиятиву ташкилотчигияш густурда буда, дар ташкилу баргузории чорабиниҳои мактаб маҳорати хоса дорад.

Собиқаи кории 22-сола омӯзгори фанни биологияи мактаби №11-и, ноҳияи Шуғнон (ВМКБ) Модавлат Чоршанбиеваро пухта гардонидааст. Чеҳрааш гул барин шукуфон, ба бачаҳо ниҳоят меҳрубон ва хушзабон мебошад. Ба он назар аст, ки дарсро аз амалия ба назария бояд ташкил кард. Модавлат танҳо бо ҳалли мавзӯи фанни худ қонеъ намешавад. Барои ӯ саводнокии хаттӣ хеле муҳим аст. Ин аст, ки дар дарсҳо диктанти биологиро бештар ба кор мебарад. Дарс-семинар ва ҷалби хонандагони синфҳои мувозӣ ба мусобиқаҳои гуногун низ аз амалҳои писандидаи ӯст. Шогирдаш дар озмуни ҷумҳуриявӣ ғолиб омадааст…

Дастовардҳои омӯзгори фанни забони англисии мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Кӯлоб (вилояти Хатлон) Шуҳрат Мирзоев дар 6 соли омӯзгорӣ чашмрасанд: 6 тавсияи методӣ навиштааст, шогирдонаш ғолиби озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошанд, технологияро хеле хуб медонад. Барои такмили забондонияш дар Ҷумҳурии Ҳиндустон таҳсил кардааст. Баробари омӯзгорӣ дар литсей, дар ДДК ба номи А.Рӯдакӣ ҳам дарс мегӯяд ва ба пажӯҳиш машғул аст. Чеҳраи хуби омӯзгорӣ дорад: кушода, самимӣ ва пур аз меҳр, ҳунари хуби ҷалби аудиторияро дош-та, бачаҳоро фаъол гардонда метавонад. Маҷлисе, ки барои падару модарон баргузор намуд, дар ёди ҳакамон ва ҳамаи иштирокдорони озмун нақш баст, муаррифӣ ва дарси тарбиявияш ҳам хеле хотирмон буд. Агар ба омӯзиши асноди меъёрӣ таваҷҷуҳи зиёд намояд, аз ӯ беҳтарин мактабшиносро метавон интизор шуд.

Моҳира Худоназарова, омӯзгори мактаби №45-и шаҳри Душанбе собиқаи кории 5-сола дорад; аспиранти ДМТ, забонҳои русиву англисро медонад, аз технология хуб истифода менамояд. Моҳира бо вуҷуди истифода аз слайд 29 ҷузвдон ва 13 дафтарро пешниҳод намуд, ки ин ҳама бозгӯи фаъолияти пурмаҳсули ӯ мебошад.

Раъно Икромова, омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷики мактаби №14-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (вилояти Суғд) 11 сол собиқаи кори омӯзгорӣ дорад. Раъно дар таҳияи тавсияҳои методӣ маҳорати баланд дорад. Дар дарсҳояш аз унсурҳои салоҳиятнокӣ бештар истифода мебарад. Дар ташкили чорабиниҳои беруназсинфӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бо падару модарон ҳамкории  густурда дорад.

Дарс – шакли асосии таълим

Баргузории дарс дар зарфи 45 дақиқа дар синфи ношинос яке аз шартҳои муҳимест, ки симову маҳорати довталабро нишон медиҳад. Дарси Раъно, Модавлат, Моҳира аз бисёр ҷиҳат диққатамонро  ҷалб намуд.

Идигул дар дарси адабиёт (синфи 9) моҳирона дарсро оғоз карда, фаъолияти шогирдонро дар гурӯҳҳо ба роҳ монд. Аз усули пурсиш истифода бурда, бо ин роҳ донишҳои заминавии шогирдонро санҷид ва ҳам онҳоро барои баёни фикри нав ташвиқ кард. Ба луғатомӯзии хонандагон низ таваҷҷуҳи зиёд дошт.

Агар ба ислоҳи шогирдон бештар аҳамият медод ва вақти дарсро зери назорат мегирифт, ҷараёни дарс беҳтар мешуд.

Модавлат дар синфи 7 аз биология бо истифода аз усулҳои суҳбат, маслиҳат, саҳна, намоиш дарси рангин гузашт. Муаллима ниҳоят нишонрас проблемагузорӣ кард ва бачаҳоро барои дарки мавзӯъ водор намуд. Ташкили саҳна дар робита ба мавзӯъ (нафас) бо иштироки хонандагон хотирмон буд. Шогирдон дар дарси мазкур маълумоти дақиқ оид ба ёрии аввалин ба ғарқшуда ба даст оварданд. Узви ҳайати ҳакамон, Умед Маматаминов – омӯзгори фанни биологияи литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ба дарси муаллима баҳои хуб дод ва зикр кард, ки вақти омода кардани слайдҳо ғалатҳои зиёди имлоӣ ба назар расиданд, ки минбаъд бояд ислоҳи худро ёбанд.

Шуҳрат дар синфи 7 аз фанни забони англисӣ дарс гузашт. Барои ҳакамон ҷӯшу хурӯши як ҷавон дар омӯзгорӣ  сазовори таҳсин гашт. Шуҳрат, ки дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст, омӯзгориро барои рӯзгузаронӣ не, аз рӯйи муҳаббат пазируфтааст. Ҷолибияти дигар дар дарси ӯ гурӯҳбандӣ бо истифода аз парчамҳои давлатҳои Англия, Америка ва Тоҷикистон буд. Ба гуфти узви ҳайати ҳакамон, М.Шораҳимова – омӯзгори мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе, Шуҳрат дар ҷараёни дарс методҳои гуногунро истифода кард: дидактика, технология, шунавонидан, хонондан, тарҷума кардан, гурӯҳбандӣ, ислоҳ кардан,  кор бо тахтаи синф, кор бо луғат, кор бо варақа ва ғайра. Агар дар атрофи як матн кор бурда метавонист ва дар гурӯҳҳо хонандагони бештарро барои баррасии мавзӯъ ҷалб менамуд, сифати дарс боз хуб мешуд.

Ҳамчунин, ба ифодаи вожаҳо дар тарҷума аҳамияти бештар диҳад, боварӣ дорем, аз ӯ тарҷумони хуби адабиёти бадеӣ мебаромад.

Моҳира дар синфи 9 аз фанни ҳуқуқ дарс гузашт. Муаллима дониши хуби ихтисосӣ ва маҳорати касбӣ дорад. Ташкили сабқат миёни хонандагон аз тарафи ӯ бисёр устокорона сурат гирифт. Бахусус, либоси судяро ба бар кардани як нафар хонанда, фаъолияти мушовирон ва гурӯҳҳо дарсро шавқовар гардониданд. Хонандагонро ба Китобхонаи миллӣ ҷалб кардан ҷиҳати мутолиаи китобҳо аз ҷанбаҳои дигари мусбати дарси муаллима буд.

Агар моҳиятан баъзе ҷузъиёти муҳиммеро, ки барои бачаҳо шарҳ додан зарур буд, ба инобат мегирифт, дарси дов-талаб ранги дигар мегирифт. Дарси Раъно хеле рангин ва шавқовар гузашт. Муаллима гоҳе аз блитс-пурсиш истифода мебурд, гоҳи дигар проблема мегузошт. Чизи ҷолиб мисолҳои дохили сандуқча ба ҳисоб мерафтанд, ки мазмуни онҳо хонандагонро ба фикр кардан водор менамуданд.

Агар дар синфи 6 хониши ифоданокро бештар истифода мекард ва дар баён баъзан ба саҳлангорӣ роҳ намедод, нуран алонур мешуд.

Маҳорат, касбият ва эътироф

Омӯзгори имрӯза бе донистани технологияи компютерӣ пеш рафта наметавонад. Имсол дар ин самти фаъолияти довталабон пешравӣ ба назар расад ҳам, вале қонеъкунанда нест. Тавре мутахассиси фанни технологияи информатсионӣ, узви ҳайати ҳакамон Александр Исматов — омӯзгори Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе таъкид намуд, то ҳанӯз довталабон аз технологияи иттилоотӣ ба таври васеъ истифода наменамоянд. Бартарӣ дар ин шарт насиби Шуҳрат ва баъд Моҳира буд, ки тавонистанд мустақилона аксари супоришҳоро иҷро намоянд. Довталабон тахтаи электрониро аслан барои ба назар гирифтани ҳакамон истифода намуданд (на барои мақсаднок кор бурдан дар дарс),  ки ҷойи таассуф аст.

Довталабон дар таҳлили дарси ҳамдигар то андозае аз хотирбинӣ кор гирифтанд. Таҳлили Моҳира, Идигул ва Модавлат нисбатан хубтар ба назар расид. Бахусус, Идигул бо назардошти таҳлили маъмулӣ дарси ҳамтои худро бо назардошти меъёрҳои психологиву педагогӣ ва методӣ арзёбӣ намуд.

Раиси ҳакамон Абдуҷаббор Алиев иброз дошт, ки имсол дар баргузории маҷлиси падару модарон довталабон хеле фаъ-ол буданд.

— Тақрибан ҳамаи онҳо дар дарси худ аз хидмати равоншинос ва ҳуқуқшинос кор гирифтанд, -гуфт ӯ. — Дар ин шарти озмун Шуҳрат дасти тавоно дошт. Ӯ тавонист диққати «падару модарон»-ро ба ҳалли мавзӯъ ҷалб намояд. Довталабон дар ташкили дарси тарбиявӣ бо он ки вақт ниҳоят кам буд, ҳунари хуб нишон доданд.

Ҷавоби дуруст додан ба даҳ савол бо мақсади донистани асноди меъёрӣ, аз шартҳои дигари озмун ба ҳисоб мерафт. Дар ин шарт ҳайати ҳакамон ҳамчунин, ба дониши хаттӣ ва баъд шифоҳии довталабон баҳогузорӣ карданд.

Дар маҷмӯъ, ҷавобҳои довталабон аз вилояти Суғд ва шаҳри Ваҳдат дақиқ буданд.

Шинохт

Озмун дар толори Вазорати маориф ва илм ҷамъбаст гардид. Муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ ба шаффофияти озмун баҳои баланд дода, фаъолияти ҳамаи довталабонро ситоиш кард.

— Соли гузашта дар анҷоми озмуни мазкур баъзе таъкидҳо карда будем, ки хушбахтона, қисме аз онҳо имсол бартараф гардиданд. Манзурам, таълифи тавсияҳои методӣ аз тарафи довталабон, бевосита слайд сохтану бо интернет сари кор гирифтан ва ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ майл кардан аст, ки пурра набошад ҳам, дар фаъолияти баъзе аз довталабон дида шуд.

Соли гузашта се нафар аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик иштирок карданд, имсол бошад ду нафар. Интизор доштем, ки яке аз довталабон забони тоҷикиро интихоб намуда, бо назардошти муносибати босалоҳият дарс мегузаронад. Мутаассифона, ин кор амалӣ нагардид. Ҳол он ки дар муассисаҳои таълимӣ дарси забони тоҷикӣ бо назардошти муносибати босалоҳият ба роҳ монда шуда, раҳнамоҳо  ба омӯзгорон дастрас шудаанд.

Ҳайати ҳакамон фаъолияти довталабонро таҳлил намуда, ба онҳо баҳогузорӣ карданд.

Дар ҷамъбаст омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби №14-и Бобоҷон Ғафуров Раъно Икромова ғолиб омад. Латофат Назирӣ барои фаҳмидани хулосаи иштирокдорон ба ҳозирин муроҷиат намуд. Довталаб аз шаҳри Душанбе барои дастгирии Вазорати маориф ва илм, инчунин, таъмини шаффофият аз тарафи масъулин изҳори миннатдорӣ намуд.

Ба ғолиби озмун аз тарафи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ 4000 сомонӣ, ба ҳамаи довталабон нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм, мукофотҳои хотиравӣ тақдим гардид. Намояндаи Кумитаи иттифоқҳои касабаи маориф ва илми ҷумҳурӣ довталабони озмунро табрик намуда, аз номи кумита ба ҳар кадом панҷсад сомонӣ мукофотпулӣ супорид.

Мутаассифона, имсол эътироз дар рафти озмун не, дар таҳлилу эълони ҷамъбаст ҳам не, баъд аз эълони баҳои умумӣ, берун аз толор аз ҷониби намояндагони шаҳри Душанбе баён гардид, ки аз рӯйи одоб набуд.

Пешниҳод

Озмуни имсола боз ҳам чун ҳамасола моро ба андеша водор намуд. Дар такмили Низомнома ва баргузории озмун дар солҳои минбаъда пешниҳодҳои мазкур ба инобат гирифта шаванд, ба манфиати кор хоҳанд буд.

Хуб мешавад, ки ҳар сол аз ҳар фанни таълимӣ довталаб пешниҳод карда шавад. Ин маъниро намояндагони вилояти Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе ба инобат гирифтанд, аммо вилояти Суғд ва НТҶ танҳо омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷикро ба озмун пешниҳод  мекунанд. Як нуқтаи муҳими дигар ба фаъолияти аъзои ҳакамон ва Кумитаи тадорукот рабт дорад. Дар ҳоле ки чанд рӯз ин гурӯҳ вақт сарф мекунанд, заҳмати инҳо бояд қадр карда шавад. Ин пешниҳод солҳо боз барои ҳама озмунҳои соҳавӣ садо медиҳад, тақдими як китоби таърихӣ ё роҳхат ба осоишгоҳ ҳам метавонад эшонро рӯҳбаланд гардонад.

Дигар ин ки, озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон» чанд сол пеш ниҳоят бошукӯҳ сурат мегирифт, пешвозгирии довталабон ва гусели онҳо шакли хотирмон дошт. Шояд дар рӯзи 4-уми баргузории озмун барои дар хотир бештар нақш бастан чорабиниҳои маърифатӣ созмон дода мешаванд, ба мақсад мувофиқ аст. Масалан, тамошои ҷойҳои таърихии шаҳр, театр, ташкили базми «Ширу шакар» бо иштироки адибону ҳофизони шинохта ва ғайра гузаронида шавад. Агар ҷамъбасти озмун дар толори калонтар ва бо иштироки доираи васеи омӯзгорон ва дигар фаъолони ҷомеа сурат гирад, боз ҳам хубтар мешавад. Умедворем, ҳайати Кумитаи тадорукот пешниҳодҳоро омӯхта, минбаъд дар гузаронидани озмун ба назар хоҳанд гирифт.

 

Саида НАБИЗОДА,

узви ҳайати ҳакамон,

Насриддин ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*