Пайравони Пешвои миллатем!

Пайравони Пешвои миллатем!

30 декабри соли 2017 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат” конфронси илмии ҷумҳуриявӣ баргузор гашт.

Дар он ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид,вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода,  раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва олимону муҳаққиқони ҷавон иштирок намуданд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода дар мавзӯи “Нақши сиёсати давлатии ҷавонон дар рушди Тоҷикистони муосир” суханронӣ намуд. Мавсуф, аз ҷумла, қайд кард, ки дар асоси иқдомҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар насли ояндасози мо шиори “Ҷавонон пайрави — Пешвои миллат”-ро дастури фаъолияти рӯзмарраи  худ қарор дода, дар чорабиниҳои гуногун бо масъулиятшиносӣ иштирок карданд, ки ин ҳама дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии онҳо таъсири мусбат расониданд. Инчунин, ҷавонон дар мавзӯъҳои мубрами рӯз, аз қабили аҳамияти Истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ, нақши Пешвои миллат дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон, моҳияти ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, амнияту якпорчагии давлат, ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ, дӯстию рафоқат, арҷ гузоштан ба таърих ва фарҳанги миллӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим дар шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ конфронсу вохӯриҳои судманд, мизи гирд ва  суҳбатҳо ташкил карданд. Ин гуна чорабиниҳо агар, аз як тараф, баҳри бо ҳам шиносоӣ пайдо намудани онҳо мусоидат намояд, аз ҷониби дигар, ҷавонон мавзӯъҳои мазкурро баррасӣ намуда, доираи ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии худро васеъ гардониданд.

Нуриддин Саид  дар сухан-ронӣ ба сатҳи донишандӯзӣ ва касбомӯзии ҷавонон баҳои баланд дода, иброз дошт, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар самти тайёр кардани кадрҳои илмӣ аз ҷумлаи ҷавонон дар аспирантура чораҳои зиёде андешида шуданд. Давлати соҳибистиқлоли мо дар баробари пешрафти соҳаи маориф ба рушди илм низ таваҷҷуҳ намуда, ҷиҳати ҷудо намудани маблағ барои соҳаи илм ва тадқиқоту пажӯҳишҳо ва тайёр кардани мутахассисони илмӣ қарорҳои мушаххас қабул кард. Дар натиҷа муносибат ба илм дар кишвар дар муддати кӯтоҳ ба куллӣ тағйир ёфт ва майли ҷавонон ба илм бештар гардид.

Аҳтам Абдуллозода зикр намуд, ки эълон гардидани соли 2017 ҳамчун  Соли ҷавонон нишонаи олии дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар қарор дош-тани ҷавонон ва неруи созандаи онҳо буда, дар ҳаёти онҳо ҳамчун соли тарҳрезӣ ва банақшагирии орзуҳои наҷиб, устувории мавқеашон дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвар, инчунин, масъулияти басо бузургашон дар ободию созандагии Ватани маҳбуб  ҷовидона боқӣ мемонад.

Ҳамчунин, дар форум вазири фарҳанг Ш. Орумбекзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва як қатор роҳбарони вазорату идораҳо, коршиносони соҳа перомуни дастовардҳо ва фаъолияти назарраси ҷавонон суханронӣ карданд.

 

Насриддин ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*