Туҳфаҳои солинавӣ ба ятимон

Туҳфаҳои солинавӣ ба ятимон

Дар заминаи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо ба муносибати ҷашну маросимҳо ба назди ятимону бепарасторон рафтан ва онҳо ба ҳадяҳо супоридан аз ҷониби намояндагони муассисаҳои гуногун ҳукми анъанаро гирифтааст. Ин  анъанаи нек дар арафаи фарорасии соли нави 2018 низ идома ёфт.

Ёрдамчии Президенти Ҷум-ҳурии Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ҳамроҳ бо вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид, муовини вазир Латофат Назирӣ ва чанде аз масъулини дигар ба мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав омада, аҳли таълимгоҳро ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ табрик гуфтанд ва ба кӯдакон туҳфаҳои  солинавию либосҳои нав тақдим намуданд. Ҳамчунин, бо мақсади тақвияти вазъи таҳсилу фароғати хонандагон мактаб – интернат ба таълимгоҳ телевизор, мошинаи ҷомашӯӣ, чангкашак, яхдон ва дитар ашёи маишию фароғатӣ туҳфа карда шуд. Зимни мулоқот бо кӯдакони ятим Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Нуриддин Саид аз  онҳо даъват намуданд, ки хубу аъло хонанд ва боодобу  ватандӯст бошанд. Дар ин мулоқот раиси ноҳияи Шаҳринав Нусратулло А.Аюбзода ва намояандагони шуъбаи маорифи ноҳия иштирок доштанд.

«Омӯзгор»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*