Паём ва вазифаҳои нави аҳли маориф

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиме дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии кишвар ба ҳисоб рафта, раванди рушди кишварро дар соли сипаришуда натиҷагирӣ ва барномаи пешбурди соҳаҳаҳои мухталифи онро барои соли 2018 мушаххас менамояд. Дар Паём мутобиқ бо талаботи замон ва дар ҳамбастагӣ бо роҳу усулҳои навтарин амалӣ шудани барномаи рушди кишвар дар соли 2018 муайян шудааст.

Пӯшида нест, ки омили асосии пешрафти ҷомеа дар ҳама давру замон маориф аст. Чунонки маълум аст, дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаи маориф аз буҷети давлатӣ 2,3 баробар зиёд шуда, соли 2017 нисбат ба соли 2016-ум 16 фоиз афзоиш ёфтааст. Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои  молиявӣ Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки аз 1-уми сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла, музди меҳнати кормандони  соҳаҳои илму маорифро  15 фоиз зиёд намояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи-кистон “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълим барои солҳои 2018- 2020”-ро қабул кард. Ин барнома такони ҷиддие дар фаро гирифтани донишҳо, бахусус, фанҳои дақиқ шароити созгор меофарад ва хонандагон дар интихоби касби ояндаи худ тасмимгириҳои ҷиддие мекунанд.

Мувофиқи назарсанҷие, ки созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф анҷом додаанд, соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи 4 нишондиҳанда — дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54-умро соҳиб шуда, дар ин зимн миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол намуд.

Ин дастовардҳо набояд моро қонеъ намоянд. Барои дастёбӣ ба мақомҳои аз ин баландтар моро зарур аст, ки боз ҳам ба масъалаҳои таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар намоем, барои таҳсилоти босифат заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем.

 

Обидҷон МАҲМУДЗОДА,

номзади илмҳои филологӣ,

корманди раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*