Тоҷикистон беҳтарин нишондиҳандаҳоро дар бахши «маориф» ва «амнияту ҳифозат» соҳиб шуд

Тоҷикистон беҳтарин нишондиҳандаҳоро дар бахши «маориф» ва «амнияту ҳифозат» соҳиб шуд

Тоҷикистон дар рейтинги  (раддабандии) рушди кишварҳо дар соли 2017, ки аз ҷониби Маркази бритониёии «Институти Legatum» тартиб дода шудааст, мақоми 102-юмро касб намудааст. Ин маълумот  дар сомонаи расмии ин ниҳод зикр шудааст.

Мувофиқи маълумоти ин рейтинг, беҳтарин нишондиҳандаҳои Тоҷикистон давоми соли равон дар бахшҳои  «маориф» (ҷойи 54) ва «амнияту ҳифозат» (мақоми 49) ба даст оварда шудаанд. Соли гузашта Тоҷикистон дар ин рейтинг  мақоми 100-умро соҳиб гашта буд.

Россия ин дафъа  дар паҳлуи Тоҷикистон, яъне дар ҷои 101-ум қарор дошта, Қазоқистон мақоми 72-юм, Қирғизистон- 82, Белорус- 95-умро ба даст овардаанд. Мақоми аввалро Норвегия ишғол намуда, баъди он Зеландияи нав ва Финландия ҷой гирифтаанд.

Натиҷаҳои таҳқиқот дар асоси омӯзиши як қатор нишондиҳандаҳои кишварҳо муайян карда мешаванд. Ин навбат нишондиҳандаҳои рушди кишварҳо ба нуҳ гурӯҳи алоҳида ҷудо шудаанд: сифати иқтисодиёт, муҳити тиҷоратӣ, идораи давлатӣ, маориф, тандурустӣ, амнияту ҳифозат, озодиҳои шахсӣ, сармояи иҷтимоӣ ва муҳити атроф.

Нишондиҳандаҳои рушди кишварҳои Маркази таҳлилии бритониёии «Институти Legatum» (The Legatum Prosperity Index) маҷмӯи нишондиҳандаҳои омезишёфтаест, ки муваффақиятҳои кишварҳоро вобаста ба рушд ва пешрафти онҳо фароҳам сохтааст. Ин раддабандӣ аз соли 2006 инҷониб нашр меёбад. Мақсади ин таҳқиқот аз омӯзиши пешрафти иҷтимоӣ ва рушди он дар сатҳи байналмилалӣ иборат аст.

 

АМИТ «Ховар»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*