“Омӯзиш барои ҳаёт”

“Омӯзиш барои ҳаёт”

Бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар доираи Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат дар самтҳои такмили ихтисоси омӯзгорон, арзёбии таълим, банақшагирӣ, таҳияи куррикулум, буҷет ва мониторинг дар толори меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе бо иштироки зиёда 170 мутахассис аз муассисаҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, ноҳиявӣ тайи ду рӯз семинари омӯзишӣ таҳти унвони “Омӯзиш барои ҳаёт” баргузор гардид. Дар кори семинар  вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мачея Мадаминский, роҳбари Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат, доктор Майкл Лайтфут ширкат варзиданд.

Тавре дар оғози кори семинар вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид иброз дошт, соҳаи маориф ҳамчун соҳаи калидӣ яке аз муҳимтарин самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шудааст. Агар ба арсаи таърих назар кунем, миллати тоҷик ба майдони илму адаб шахсиятҳоеро рӯйи кор овардааст, ки хизматҳои онҳо аслан аз соҳаи маориф маншаъ мегиранд, шоистаи таҳсину офаринанд. Аз ин рӯ, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ислоҳоти соҳа, бахусус, дар самти таъмини сифати таҳсилот ва баланд бардоштани таълиму тарбия ҳамчун омили асосӣ ва ташаккули шахсияти ҳамаҷониба рушдёфта таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир мекунад. Биноан, дар заминаи ислоҳоти соҳа роҳандозии муносибати босалоҳият ба таълим мавқеи хоса касб кардааст. Айни замон татбиқи ин иқдом дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бомаром ҷараён дорад. Дар ҷараёни татбиқи гузариш ба муносибати босалоҳият ба таълим 30 ҳазор омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ва як қисми омӯзгорони синфҳои болоӣ аз курси такмили ихтисос гузаронида шуданд. Ҳамчунин, аз муҳимтарин корҳое, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдом кардааст, дар баробари таҳияи китобҳои дарсӣ, таҳияи стандартҳои фаннӣ, барномаҳои такмилёфтаи таълим ва таҳияи роҳнамоҳои омӯзгор аз фанҳои мактабӣ аст ва ин, албатта, фаъ-олияти омӯзгорон ёрии амалӣ мерасонад.

Дар идомаи суханронӣ Нуриддин Саид, ҳамчунин, иброз дошт, ки тибқи дурнамо то соли 2020 бояд дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ муносибати босалоҳият ба таълим татбиқ карда шавад.   Дар амалӣ шудани ин ҳадафҳо вазири маориф ва илм ба шарикони ҳамкор, бахусус, ба Иттиҳоди Аврупо барои дастгириашон изҳори миннатдорӣ намуда, пешниҳод кард, ки чунин семинарҳои омӯзишӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ бо иштироки мутахассисони варзида баргузор гарданд. Дар он сурат дар самти вусъат бахшидани ислоҳоти соҳа ба муваффақиятҳои бештар ноил хоҳем гашт.

Дар идома, ҳамчунин, намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мачея Мадаминский аз иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ислоҳоти соҳа изҳори назар карда, ба кори семинар муваффақиятҳо орзу намуд.

Майкл Лайтфут, роҳбари Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат, дар гузориши хеш роҷеъ ба муносибати босалоҳият ба таълим ҳамчун падидаи нав дар таҳсилоти ҷаҳонӣ суханронӣ кард.

Сипас аз ҷониби мутахассисони соҳа дар машғулиятҳо масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд: “Доираи салоҳиятҳои омӯзгор”, “Салоҳиятҳои таълимии хонандагон”, “Арзёбӣ ба муносибати босалоҳият ба таълим”, “Омӯзиш бо мақсади ташаккули салоҳиятнокии хонандагон”, “Таъмини сифат ва мониторинг дар муносибати босалоҳият ба таълим”, “Идоракунии татбиқи ислоҳот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ”.

Дар рӯзи дуюми семинар машғулиятҳое, ки гузаронида шуданд, аз ҷониби гурӯҳҳои экспертӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, дар доираи суолу ҷавоб натиҷагирӣ шуданд.

Дар анҷом иштирокдорон дар бораи мафҳуми “салоҳиятнокӣ”, фаҳмиши дақиқи фарогирии ислоҳоти навбатӣ дар ин самт, инчунин, саҳми муассисаҳои зерсохтор дар ин раванд иттилои пурра гирифта, барои масъалаҳои матраҳшударо шарҳ додан ба кормандони дигари алоқаманд муваззаф гардиданд.

 

Саида НАБИЗОДА,

“Омӯзгор”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*