Фаъолияти марказро тақвият бояд бахшид

Фаъолияти марказро тақвият бояд бахшид

Ҷаласаи васеи машваратӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Маркази миллии тестӣ ва сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ

29 ноябри соли 2017 дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия бо иштироки А.Раҳмонзода-ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, С.Давлатзода-сардори раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуриддин Саид-вазири моариф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Х.Икромӣ-директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони вазир, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарону кормандони муассисаҳои тобеи вазорат, ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, сардорони раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ва кормандони Маркази миллии тестӣ ҷаласаи васеи машваратӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Маркази миллии тестӣ ва сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи умумӣ  баргузор гардид.

Ҷаласаро А.Раҳмонзода ифтитоҳ намуда, аз ҷумла, гуфт:

— Мақсад аз ҷаласаи имрӯза як навъ натиҷагирӣ аз фаъолияти чорсолаи Маркази миллии тестӣ, ҳамзамон, муайян кардани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ва нишон додани роҳҳои бартараф намудани онҳо мебошад.

Х.Икромӣ, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба натиҷаҳои фаъолияти марказ дар чор сол, аз ҷумла, вобаста ба интихоби ихтисосҳо аз ҷониби довталабон, ҳозиршавӣ ба имтиҳонот, иштирок дар тақсимоти такрорӣ, истифода аз кабинети инфиродӣ, бақайдгирии довталабон, баъд аз тақсимот ҳозиршавии довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҳисоботи муфассал дод.

— Дар соли 2017 барои фаҳмидани ҷавобҳо  аз кабинети инфиродӣ 63590 нафар довталаб истифода бурдааст,- қайд кард Х.Икромӣ. -Ҳамчунин, Маркази миллии тестӣ барномаи  ройгони «Худро бисанҷ» ташкил  намудааст. 28737 нафар ба он дохил шудаанд, ки хеле кам мебошад.

Ҳамчунин, Х.Икромӣ аз раванди ҳуҷҷатсупории духтарон дар баъзе шаҳру ноҳияҳо изҳори нигаронӣ намуда, аз ҷумла, қайд кард, ки ин раванд дар ноҳияи Тоҷикобод 6 %, Лахш 9 %, Кӯҳистони Мастчоҳ 10% — ро ташкил додааст. Довталабон, дар маҷмӯъ, бештар ба кластерҳои фанҳои гуманитарӣ таваҷҷуҳ доранд.

Дар идома, А.Расулзода-сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф вобаста ба таҳлили вазъи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар курсҳои 1 оид ба навиштани эссе, муовини вазири маориф ва илм Б.Одиназода оид ба қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тариқи Маркази миллии тестӣ, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон М.Имомзода оид ба қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестӣ, муовини вазири маориф ва илм Л.Назирӣ оид ба сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар асоси нишондоди дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестӣ   суханронӣ намуданд.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон М.Имомзода аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки дар Маркази миллии тестӣ ҳангоми бақайдгирии довталабон ба шароити иҷтимоии довталаб диққати ҷиддӣ дода намешавад.

— Масалан, довталаб ятими кулл, нимятим ва ё аз оилаҳои камбизоат асту дар гурӯҳи шартномавӣ донишҷӯ мешавад. Ӯ баъд аз як моҳ ба унвони ректор ариза пешниҳод мекунад, ки маро ба ин ё он сабаб аз пардохти маблағи шартнома озод кунед, -қайд кард М.Имомзода.-Аз ин рӯ, масъулинро зарур аст, ки ҳангоми қабули ҳуҷҷатҳо ва тақсимоти довталабон ба ин масъалаҳо диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Вазири  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид аз ҳамкориҳои судманди Маркази миллии тестӣ бо вазорат изҳори қаноатмандӣ намуд. Баргузор намудани мизҳои мудаввар ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба қабул ва санҷиши имтиҳонҳо тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондани корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати интихоби дурусти ихтисосҳо, ҷудо намудани қабули имтиҳонҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дар сомонаи Маркази миллии тестӣ ва сомонаи Вазорати маориф ва илм ҷой намудани тамоми саволномаҳои тестӣ, таҳия ва дастраси хонандагону омӯзгорон гардонидани дастурамал оид ба методология ва тарзи навиштани эссе,  таҳия ва дастраси хонандагону омӯзгорон гардонидани дастурамал оид ба методология ва арзёбии эссе, дар муассисаҳои таълимӣ, дар ҳаҷми 6 соат ба роҳ мондани омӯзиши тарзи навиштани эссе барои хонандагон, ба барномаҳои таълимӣ мувофиқ намудани саволномаҳои тестии Маркази миллии тестӣ ва дар ҳар шаҳру ноҳия кушодани нуқтаи бақайдгирии довталабон аз ҷумлаи пешниҳодҳое буданд, ки вазири маориф ва илм Нуриддин Саид манзур намуд.

Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷаласаро ҷамъбаст намуда, доир ба масъалаҳои баррасишуда ба масъулин дастуру супоришҳо  дод. Аз ҷумла, дастур дода шуд, ки натиҷаи қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ барои соли таҳсили 2017-2018 дар ҷаласаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шавад.

— Дар муассисаҳои таълимӣ ва нуқтаҳои бақайдгирие, ки раванди бақайдгирӣ ва имтиҳонот ба роҳ монда мешавад, теъдоди камераҳои мушоҳидавию назоратӣ зиёд карда шавад. Инчунин, ҷиҳати таҳлилу баррасии проблемаву мушкилот ва дастовардҳои Маркази миллии тестӣ ҳафтае як маротиба дар телевизиони кӯдакон ва наврасон-«Баҳористон» барномаи алоҳидаи телевизионӣ таъсис дода шавад. Гузашта аз ин, раванди тақсимоти довталабон дар Маркази миллии тестӣ дар ду давра ба роҳ монда, натиҷаи он хулосагирӣ карда шавад,-зикр кард А.Раҳмонзода.

Эҳсони Хушбахт,

ҳотами ҳомид,

“Омӯзгор”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*