Ғолиби озмуни «Барномасози беҳтарин»

Ғолиби озмуни «Барномасози беҳтарин»

Бо ташаббуси раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд бахшида ба Соли ҷавонон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон озмуни «Беҳтарин барномасоз» миёни муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар озмун 20 нафар омӯзгори ҷавон, магистрантони соҳибзавқ, навовар ва соҳибҳунар, ки қобилияти ихтироъкорӣ ва сохтани барномаҳои муосиру ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеаро доранд, ширкат варзиданд.

Иштирокчиёни озмун лоиҳаҳои худро пешниҳоди ҳакамон намуданд Аз Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  9 нафар омӯзгори ҷавон, донишҷӯёни фаъол дар ин озмуни бонуфуз иштирок намуданд. Дар натиҷа Абдунабӣ Қосимов, омӯзгори ҷавони кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ бо лоиҳаи худ «Методика ва комплекси барномаҳо барои муайян кардани муаллифи матни номаълум» сазовори ҷойи аввал гардида, барандаи озмуни «Барномасози беҳтарин» гардид. Ҷои дуюмро  магистранти соли 2 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров – Н.Азамов ва  ҷои сеюмро магистранти курси 1 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон А.Кушнерюк ишғол намуданд.

 

Нуъмон Раҷабзода,

«Омӯзгор»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*