Таҳсилоти фосилавӣ: дастовард ва мушкилот

Таҳсилоти фосилавӣ: дастовард ва мушкилот

Таҳсилоти фосилавӣ низоми наве маҳсуб меёбад, ки дар аксари мактабҳои олии  давлатҳои  дунё ба таври густурда роҳандозӣ шудааст. Омӯзиши фосилавӣ бо истифодаи шабакаи Интернет амалӣ мешавад ва потенсиали веб-технологияҳо диққати омӯзгорони тамоми ҷаҳонро ба худ ҷалб намудааст, зеро васоити технологии мазкур  захираҳои таълимиро, ки дар тамоми ҷаҳон мавҷуд аст, муттаҳид мекунад.

Барномаи таълимӣ  дар асоси веб-технологияҳо асинхронӣ буда, иштироки яквақтаи омӯзгор ва донишҷӯро таъмин мекунанд. Лексияҳое, ки пешакӣ дар шабака ҷой дода мешаванд ва донишҷӯ метавонад ҳама гуна фанҳоро дар вақти бо худ муносиб  омӯзад. Ғайр аз ин, донишҷӯ имкони додани саволро ба омӯзгор тавассути почтаи электронӣ дорад.

Вобаста ба амалӣ гардидани ин низом, дастовардҳо ва мушкилоти он суҳбате доштем бо муовини вазири мариф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозоралӣ Одиназода, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.

— Муҳтарам Бозоралӣ Одиназода! ҷорӣ намудани низоми таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами навбатӣ барои воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Нахуст дар бораи мазмуну моҳияти низоми мазкур маълумот медодед.

— Таҳсилоти фосилавӣ яке аз шаклҳои нисбатан пешқадами таълим дар шароити муосир мебошад. Имрӯз дар ҷаҳон беш аз 200 миллион муҳассил тавассути низоми таҳсилоти фосилавӣ таҳсил мекунанд. Танҳо дар Федератсияи Россия 1200 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таҳсилро тибқи ин низом ба роҳ мондааст. Низоми зикршуда, ба хусус, дар Ҷумҳурии мардумии Чин хеле хуб роҳандозӣ шудааст.

Ин низом барои ҳалли масоили муҳими иҷтимоӣ, аз қабили баланд бардоштани дараҷаи саводнокии аҳли ҷомеа, сатҳи иҷтимоӣ, фаъолияти соҳибкорӣ, дараҷаи худшиносӣ ва ҷаҳонбинии шаҳрвандон ва рушди фазои ягонаи таълимӣ дар чаҳорчӯбаи ҷомеаи умумиҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Дар асноди меъёрию ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти касбии кишвар таҳсилоти фосилавӣ ба маънии ташкил ва гузаронидани корҳои таълимӣ бо истифодаи технологияи муосири иттилоотию иртиботие, ки дар фосилаи муайян  татбиқ намудани раванди таълимро имконпазир мегардонад, тавсиф дода шудааст.

Низоми таҳсилоти фосилавӣ дастрасии таҳсилоти олии касбиро новобаста аз мавқеи ҷойгиршавии муассисаҳои таълимӣ ва субъектҳои раванди таълим бо истифодаи усулҳои муосири тайёр кардани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ ва ба талаботи бозори дохилӣ ва берунии меҳнат ҷавобгӯ будани онҳо таъмин менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки мақсади асосии амалигардонӣ ва рушди таълими фосилавӣ ба шаҳрвандон дар ҳама гӯшаю канори кишвар ва хориҷ аз он пешниҳод намудани шароити таълими яксон, ҳамчунин, баланд бардоштани дараҷаи маълумот аз ҳисоби истифодаи иқтидори илмӣ ва таълимии донишгоҳҳо, академияҳо, донишкадаҳо, марказҳои такмили ихтисос ва азнавтайёркунии мутахассисон ва дигар шаклҳои таълимӣ мебошад. Инчунин, таълими фосилавӣ барои бевосита аз худ кардани барномаҳои асосӣ ва ё таҳсилоти иловагии касбӣ, таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дар ҷои истиқомат ва ё истиқомати муваққатӣ ба таълимгирандагон имкон медиҳад.

Ва ҳамзамон, корҳои таълимӣ дар низоми таҳсилоти фосилавӣ дар шакли ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои аудитории ҳузурӣ, корҳои мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор ва корҳои мустақилонаи донишҷӯ ба роҳ монда мешаванд.

Тибқи талаботи муайяншуда ҳадди ақали ҳаҷми машғулиятҳои аудитории ҳузурӣ дар ин низом барои як соли таҳсил на камтар аз 6 кредит муқаррар карда мешавад ва донишҷӯён бояд зимни баргузории сессияҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ на камтар аз ду ҳафта ба машғулиятҳои дарсӣ ҷалб карда шаванд.

Дар баробари ин, бо мақсади самаранок ташкил намудани раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо донишҷӯёни соли аввали таҳсил то оғози даври академии якум бояд курси муқаддимавӣ оид ба истифодаи технологияи таҳсилоти фосилавӣ баргузор карда шавад. Курси номбурда масъалаҳои ташкил ва омӯзонидани низоми таҳсил бо истифода аз технологияи таҳсилоти фосилавиро дар бар мегирад. Зимни курси мазкур бо мақсади ба роҳ мондани табодули иттилоот байни донишҷӯён ва омӯзгорон, донишҷӯён ва кафедра, садорати факулта, раёсати таълим ва дигар воҳидҳои сохтории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ омӯзиш ва шарҳи технологияи таҳсилоти фосилавӣ ба роҳ монда мешавад. Инчунин, донишҷӯён бо тартиби ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои аудитории ҳузурӣ, корҳои мустақилонаи донишҷӯ, қабули имтиҳонҳои фосилавӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба низоми таҳсилоти фосилавӣ шинос карда мешаванд.

Ҳамин тавр, маҷмӯи ягонаи таълими фосилавӣ қонеъ намудани талабот ва ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсилот мебошад. Маҷмӯи ягонаи раванди таълими фосилавӣ хилофи маҷмӯи амалкунандаи шакли таълими рӯзона ва ғоибона намебошад. Вай ба тарзи табиӣ бо ин маҷмӯъҳо якҷоя мегардад, онҳоро мукаммал мегардонад, барои якҷоя гаштани сохторҳои таълимии гуногун ва рушди таълимоти мукаммали шаҳрвандон мусоидат менамояд.

— Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ бахшида ба Рӯзи дониш ва 70-солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1.09.2015) дар бораи зарурати ҷорӣ намудани низоми таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъкид карда буданд. Дар ин самт аз тарафи Вазорати маориф ва илм чӣ корҳо ба сомон расонида шудааст?

— Воқеан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ бахшида ба Рӯзи дониш ва 70-солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1.09.2015) бо мақсади суръат бахшидан ба воридшавии меъёрҳои таҳсилоти олии сатҳи байналмилалӣ, вусъати мубодилаи донишҷӯёну омӯзгорон миёни муассисаҳои таълимӣ ва ба рақобати бозори меҳнат омода намудани мутахассисон масъулону сарварони соҳаи маориф ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро вазифадор намуданд, ки ҳамаи чораҳои заруриро ҷиҳати ҳарчи зудтар ба фазои таҳсилоти ягонаи ҷаҳонӣ ворид гардидани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ андешанд. Дар робита ба ин, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кайҳо фаро расидани замони татбиқи низоми таҳсилоти фосилавиро махсус таъкид намуда, ба Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки аз соли таҳсили 2017-2018 таҳсилоти фосилавиро дар донишгоҳу донишкадаҳо ба роҳ монда, маводи зарурии таълим ва барномаҳои таълими электрониро омода намояд.

Ҷиҳати иҷрои ин дастуру супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисони Вазорати маориф ва илм, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ ва ноибони ректор оид ба таълими муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъсис ёфт, ки мақсади он таҷдиди назар ва дар таҳрири нав пешниҳод кардани «Низомнома оид ба ташкили ҷараёни таълим дар шароити низоми таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм аз 7 феврали соли  2015, №3/1) ва «Низомнома оид ба Маркази таҳсилоти фосилавӣ» (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм аз 7.02.2015, №3/6) буд.

Ҳамзамон, масъалаи мазкур дар ҷаласаи Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (11.01.2017) бо иштироки тамоми ректорони муассисаҳои таълимӣ, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, роҳбарони сохторҳои тобеи он мавриди баррасӣ ва таҳлили ҳамаҷониба қарор дода шуд, ки зимни баррасии масъалаи мазкур ба раёсату шуъбаҳои дахлдори Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои татбиқи низоми технологияи таҳсили фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷиҳати анҷом додани як қатор корҳо, аз қабили таҳияи нақшаҳои таълимӣ оид ба ҳар як ихтисос, пурра таъмин намудани ҷараёни таълим бо маводи таълимию методӣ ва воситаҳои таълими фосилавӣ, таҳияи барномаи ягонаи идоракунии раванди таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, харидорӣ ва насби портали таҳсилоти фосилавӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Инчунин, бо мақсади ҷорӣ намудани таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар нақшаи қабули донишҷӯён тавассути низоми нави таҳсилот ва нақшаи намунавии он таҳия ва қабул гардид.

Бо ин мақсад дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Таҳсилоти фосилавӣ» доир гардид. Дар кори семинар роҳбарони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд ва омӯзгорони донишгоҳҳо ширкат доштанд. Як ҷанбаи фарқкунандаи семинар он буд, ки масъулини Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон тариқи интернет ба таври мустақим ба кори семинар пайваст шуданд.

Инчунин, дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон семинар -тренинг дар мавзӯи «Татбиқи низоми таҳсилоти фосилавӣ тавассути истифодаи технологияи инноватсионии муосир дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» бо иштироки коршиносон аз Донишгоҳи кооператсияи матлуботи Сибири Федератсияи Россия, муовинони ректор оид ба таълим, сардорони раёсати таълим, кормандон ва шахсони маъмурии марказҳои таҳсилоти фосилавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар анҷоми он 38 нафар корманд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ соҳиби сертификати намунаи давлатии Федератсияи Россия гардиданд

— Масъалаи гузариши муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба низоми таҳсилоти фосилавӣ аз заминаҳои моддию техникии онҳо вобастагии калон дорад. Лутфан мегуфтед, ки айни ҳол дар татбиқи ин низом кадом муассисаҳои таълимӣ пешгоманд ва он муассисаҳое, ки ақиб мондаанд, кадом корҳоро бояд анҷом диҳанд?

— Дар воқеъ, талаботи асосии ташкили раванди таълим дар низоми таҳсилоти фосилавӣ мавҷуд будани заминаи моддию техникӣ ва барномаи электронии идоракунии раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад.

Имрӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 560 китобхонаи электронӣ, 462 синфхонаи компютерӣ бо 8766 компютери корӣ фаъол аст. Дар муассисаҳои таълимӣ 9311 компютер бо интернет пайваст мебошад.

Ҳамзамон, Барномаи ягонаи идоракунии раванди таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи низомҳои таҳсилоти кредитӣ ва фосилавӣ, ҳамчунин, нишондиҳандаҳои дигари танзимкунандаи раванди таълим ва назорати сатҳи сифати таҳсилот омода ва мавриди истифодаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар қарор дорад.

Зеро муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд низоми назорат ва баҳодиҳӣ ба натиҷаи корҳои мустақилонаи донишҷӯро бо роҳбарии омӯзгор (дарсҳои лексионӣ ва корҳои ғайриаудитории фосилавӣ) ва корҳои мустақилонаи донишҷӯён (корҳои ғайриаудитории фосилавӣ)-ро пурра бо истифода аз ин барномаи идоракунӣ амалӣ гардонанд.

Бояд тазаккур дод, ки низоми таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар заминаи холӣ ба вуҷуд намеояд. Ин низом дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб бомуваффаққият амал намуда истодааст. Дар баробари ин, раванди таҳия ва тасдиқи нақшаҳои таълимии тахсилоти фосилавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ зери назорати доимӣ қарор дорад.

Дар ин радиф, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ дар заминаи талаботи «Консепсияи таҳияи барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методии насли нав аз фанҳои таълимии бахшҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва табиатшиносию риёзӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Низомномаи таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.05.2017, №7/35) нақшаҳои таълимии пешниҳодшударо баррасӣ намуда, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои таълимии 171 ихтисос аз 15 муассисаи таҳсилоти олии касбиро барои тасдиқ манзур намуд. Нақшаҳои таълимии мазкур тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ карда шуданд.

Мутаассифона, 8 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара) то ҳол нақшаҳои таълимии фосилавиро барои  тасдиқ пешниҳод накардаанд.

Бояд қайд намуд, ки бо мақсади ташкили ҷараёни таълим дар шароити низоми таҳсилоти фосилавӣ ва гузариши пурраи шакли таҳсили ғоибона ба ин низом муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф гардида буданд, ки Барномаи ягонаи идоракунии раванди таҳсилоти фосилавиро харидорӣ ва насб намоянд.

То ба имрӯз аз 28 муассисаи таълимии дорои низоми таҳсилоти фосилавӣ Барномаи ягонаи идоракунии раванди таҳсилоти фосилавиро 17 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ харидорӣ ва насб намудааст. Мутаассифона, бо вуҷуди таъкидҳои вазорат то ба имрӯз 7 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам) то ҳол Барномаи ягонаи идоракунии раванди таҳсилоти фосилавиро харидорӣ ва насб накардаанд.

— Андӯхтани таҷрибаи донишгоҳу донишкадаҳои давлатҳои пешрафта ё худ мутараққӣ дар мавриди татбиқи низоми таҳсилоти фосилавӣ ба манфиати кор аст. Дар ин робита, ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар чӣ гуна роҳандозӣ гардидааст?

— Дар ин самт корҳои анҷомдода дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон назаррасанд. Донишгоҳи мазкур бо Донишгоҳи савдо ва иқтисоди кооператсияи матлуботи Белорус ва Донишгоҳи тиҷорати Сибири Федератсияи Россия шартнома оид ба хизматрасонии таълимиро ба имзо расонидааст, ки тибқи қарордоди мазкур ин муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ хизматрасонии таҳсилоти фосилавиро ҷиҳати тайёр кардани мутахассисони дорои маълумоти олии касбӣ анҷом медиҳанд.

Бояд қайд кард, ки бо мақсади баланд бардоштани самаранокии раванди таълим ва сифати таҳсилоти донишҷӯён ва магистрҳо бе кандашавӣ аз истеҳсолот тавассути истифодаи технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маркази маводи электронӣ таъсис ёфт, ки барои татбиқи технологияи таҳсилоти фосилавӣ дар зинаҳои таҳсилот аз рӯи ихтисос ва барномаҳои таълимии донишгоҳ мусоидат менамояд.

Вазорати маориф ва илм бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот, ҷорӣ намудани меъёрҳои таҳсилоти олии сатҳи байналмилалӣ, вусъати мубодилаи донишҷӯёну омӯзгорон миёни муассисаҳои таълимӣ ва ба фазои таҳсилоти ягонаи ҷаҳонӣ ворид гардидани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳамкориҳои судмандро бо ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таҳким бахшида истодааст. Дар ин самт, лоиҳаи муштараки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ «Рушди таҳсилоти олӣ»-ро мехоҳам махсус таъкид намоям. Дар доираи лоиҳаи мазкур диққати асосӣ ба рушди ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбӣ, истифодаи усулҳои пешқадаму муосири таълим ва воситаҳои иттилоотиву иртиботӣ дар ҷараёни таълим дода мешавад.

 

Мусоҳибон

Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА,

Насриддин ОХУНЗОДА,

“Омӯзгор”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*