Худаттестатсия — омили бартараф намудани камбудиҳо

Худаттестатсия — омили бартараф намудани камбудиҳо

Кормандони масъули шуъбаи маориф ва бахши Хадамоти давлатии назорати соҳаи маориф бояд роҳбарияти муассисаи аттес-татсияшавандаро пешакӣ огоҳ  намоянд, ки барои гузаштан аз аттестатсия омодагӣ гирад. Дар ин маврид роҳбарияти муассисаи таълимии аттестатсияшаванда бояд бо мақсади омодагӣ ба аттес-татсияи асосӣ аттестатсия дохилӣ ва ё худ худаттестатсия ташкил намояд. Худаттестатсияро бо қарори шӯрои омӯзгорӣ, ки дар асоси он фармони роҳбари таълимгоҳ дар хусуси муҳлати гузаронидан ва ҳайати комиссия оид ба гузаронидани худаттестатсия бароварда мешавад, гузаронидан ба мақсад мувофиқ аст.

Раиси комиссияи худаттестатсия ба зиммаи директори таълимгоҳ ё муовини ӯ оид ба корҳои таълим  вогузор карда мешавад. Ба ҳайати комиссияи худаттестатсия омӯзгорони пешқадам ва таҷрибадори худи таълимгоҳ, омӯзгорони беруна, мушовири минтақавӣ (дар мувофиқа бо шуъбаи маориф) ва ғайраро шомил намудан мумкин аст.

Худаттестатсия бояд 2 моҳ пеш аз аттестатсияи асосӣ гузаронида шавад. Барои гузаронидани худаттестатсия роҳбарият бояд дар асоси барномаи санҷишии мактабҳои таҳсилоти умумие, ки аз тарафи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, шуъба (бахш)-ҳои назди раёсат (шуъба)-и маорифи вилоят (шаҳр, ноҳия) омода намудааст, барномаи санҷишӣ таҳия ва тасдиқ намуда, тибқи он кори комиссияро ба роҳ монад.

Барномаи худаттестатсия бояд чунин фаслҳоро дар бар гирад:

1.Маълумоти умумӣ дар бораи муассисаи таълимӣ ва дурустии ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии он. Рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарорҳое, ки асосан ба соҳаи маориф нигаронида шудаанд), нишондод ва дастурҳои Президенти мамлакат, иҷрои қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои қарорҳои мақомоти маҳаллии хокимияти давлатӣ, иҷрои қарорҳои мушовараи (шӯрои) раёсат, шуъбаҳои маориф  ва ғайра.

  1. Таҳлили заминаҳои моддию техникӣ.
  2. Таҳлили таъминоти кадрӣ.
  3. Банақшагирӣ, ташкили ҷараёни таълим, шӯрои омӯзгорӣ, ҷамъомади назди директор ва шӯрои методӣ.
  4. Ҳолати таълим ва сифати дониши хонандагон.
  5. Корҳои тарбиявӣ, фаъолияти кори китобхона ва таъминоти китоби дарсӣ.
  6. Татбиқи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ».
  7. Ташкили корҳои касбин-тихобкунӣ.
  8. Шароити маишию исти-роҳатии хонандагон.

Мавриди таҳлили фаслҳо бояд ба чунин масъалаҳо аҳамият дода шавад:

— ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи фаъолияти муассисаи таълимӣ, низомнома, оиннома, соли таъсисёбӣ ва асоси таъсисёбии таълимгоҳ, тобеияти идорӣ, мавҷуд будани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳокимияти давлатии маҳаллӣ), теъдоди умумии хонандагон, шумораи хонандагоне, ки дар панҷ соли охир таълимгоҳро хатм намудаанд, фаъолияти минбаъдаи хатмкунандагон, ҳуҷҷатгузории таълимгоҳ (китоби  қайди хонандагон, кормандони омӯзгорӣ, ҳисобот, тарификатсия);

— нақшаҳои чорабиниҳои иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  (қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба соҳаи маориф тааллуқ дорад), ҳокимияти маҳаллӣ, нишондод ва дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсат ва шуъбаҳои маориф;

— тавсифи биноҳои маъмурию таълимӣ, ёрирасон, масоҳати умумӣ, масоҳати таълимии ба сари ҳар як хонанда ростоянда, миқдори синфхонаҳо (кабинетҳо), лабораторияҳо (озмоишгоҳҳо), устохона, синфхонаи компютерӣ, миқдори воситаҳои техникӣ (коршоям, корношоям), қитъаи таҷрибавии таълимгоҳ (агар мавҷуд бошад);

— мавҷудияти ҷадвали штатӣ, маълумот дар бораи омӯзгорон (миқдори омӯзгорони штатӣ, ҳамкор ва соатбайъ), парвандаҳои омӯзгорон, аз такмили ихтисос гузаронидани омӯзгорон тибқи нақшаи панҷсола ва солона, аттестатсияи омӯзгорон, шароити кори омӯзгорон, аз кор рафтани омӯзгорон ва сабабҳои он, ҳолати таъминоти кадрӣ ва ғайра;

— мавҷудияти нақшаи кории панҷсола ва солона, моҳона ва ҳафтаина, тадбирҳои андешидашуда оид ба раванди таълим, рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон, Паём ва дастурҳои Президенти кишвар дар нақшаи чорабиниҳо, рафти татбиқи нақшаи таълимӣ ва мавҷудияти барномаҳои таълимӣ, устувории ҷадвали дарсӣ, нақшаҳои дарсии омӯзгорон ва мувофиқатии онҳо ба нақша ва барномаҳои таълимӣ, фаъолияти шӯрои омӯзгорӣ ва масъалаҳои банақшагирифтаи шӯро, рафти иҷрои қарорҳои шӯрои омӯзгорӣ, кори иттиҳодияҳои методӣ, машғулияти методӣ, фаъолияти кори эҷодии омӯзгорон, ба дарсҳои ҳамдигар даромадани омӯзгорон, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, дарсҳои кушод, фаъолияти омӯзгорони ҷавон ва вобаста шудани онҳо бо омӯзгорони таҷрибанок, фаъолияти шӯрои методӣ ва мавзӯъҳои интихобнамудаи он ва ба инҳо монанд;

— сифати  гузаронидани дарсҳо, ҳолати журналдорӣ, таҳлили сифати дониши хонандагон вобаста ба ҷамъбасти нимсола ва солона (ҳар синф алоҳида), рафти корҳои озмоишӣ (лабораторӣ), ҳолати дафтардории хонандагон, иҷрои корҳои хаттии ҳатмӣ (аз фанҳои забони тоҷикӣ, адабиёти тоҷик, забони русӣ, алгебра, забони англисӣ, физика ва химия), фаъолияти маҳфилҳои фаннӣ, иҷрои барномаҳои таълимӣ, гирифтани корҳои хаттӣ аз фанҳои таълимӣ, саҳми омӯзгорон дар баланд бардоштани дониши хонандагон ва ғайра;

-мавҷудияти нақшаи корҳои тарбиявӣ, ба шохаҳо ҷудо карда шудани тарбия, рафти иҷрои корҳои банақшагирифташуда, мавқеи роҳбарони синф, китобдор, ташкилоти ҷамъиятӣ дар ташкил ва гузаронидани корҳои тарбиявӣ, иштироки хонандагон дар ҳуҷҷатгузориҳои созмонҳои талабагӣ, рафти корҳои эҷодии хонандагон, фаъолияти шӯроҳои духтарон, сарпарастон, Ассотсиатсияи падару модарон, иттифоқи касаба, созмонҳои талабагӣ, риояи либоси ягонаи мактабӣ, ҳолати рӯзномадорӣ, гӯшаҳои синфӣ, маҷлисҳои синфӣ, падару модарон, шароити дарстайёркунии хонандагон ва ғайра маълумот дар бораи корманди китобхона, таҷҳизоти китобхона, миқдори китобҳои мавҷуда (бадеӣ, таълимӣ, методӣ ва ғайра), хариди китобҳои нав дар панҷ соли охир, таъминоти хонандагон бо китобҳои дарсӣ, фаъолияти шӯрои китобхона, фаъолони китобхона, усули китобдиҳӣ ба хонандагон ва роҳҳои қабули китоб аз хонандагон, рафти гардиши китобҳои бадеӣ дар давоми як сол, феҳрасти китобҳо, мавҷудияти асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра;

— вазъи коргузорӣ тибқи Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», комиссияи татбиқи қонун, нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои талаботи қонун, мавқеи кабинети забон ва адабиёти тоҷик дар татбиқи Қонун, вазъи ҳафтаҳои забони тоҷикӣ, озмунҳои фаннӣ, вохӯриҳо, ташкили саволу ҷавобҳо, саҳми китобхона оид ба татбиқи қонун, нақши кабинетҳои забони русӣ ва англисӣ доир ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.12.2003, №508 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014»;

— мавҷудияти гӯшаҳои касбинтихобкунӣ, гузаронидани вохӯриҳо бо собиқадорони меҳнате, ки касбу корҳои гуногун доранд, суҳбатҳо оид ба интихоби касб, ташкили озмуни иншоҳо оид ба мавзӯи «Касби дӯстдоштаи ман» ва ғайра;

— тақсимоти вазифаҳо байни роҳбарият, натиҷаи санҷишҳои назоратӣ, иҷрои вазифаҳо аз рӯйи тақсимоти вазифаҳо, фаъолияти гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот ва ҳисоботи он, ҳисоботи комиссияи назоратӣ дар назди коллективи педагогӣ ва монанди инҳо.

Баъд аз анҷом додани худ-аттестатсия натиҷаи он дар шӯрои педагогӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, оид ба камбудиҳои ошкоргардида нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ намудан  ба манфиати кор аст. Бояд барои татбиқи нақшаи чорабиниҳо ва назорати рафти иҷрои он аз ҳисоби роҳбарият комиссияи назоратӣ созмон дода шавад ва ин комиссия вазифадор карда шавад, ки иҷрои камбудиҳоро дар муҳлати муайянгардида талаб намуда, сифати иҷрои онро таҳти назорати доимӣ гирад.

Маводи худаттестатсия мавриди аттестатсияи асосӣ ба комиссияи аттестатсионӣ пешниҳод карда мешавад ва комиссияи аттестатсионӣ дар асоси маводи пешниҳодгардида муътамаднокӣ ва воқеияти худаттестатсияро як бори дигар санҷида, натиҷаи ниҳоии онро дар мушовараи раёсати вилоятҳо ва ё ҷаласаи шӯрои шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор дода, хулосаи ниҳоӣ мебарорад ва барои ислоҳи камбудиҳо ба роҳбарият ва шахсони масъули таълимгоҳ супоришҳои мушаххас пешниҳод менамояд.

Бобо МИРЗОЕВ,

сардори шуъбаи аттестатсия, аккредитатсия  ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии томактабӣ,  таҳсилоти умумии Хадамоти давлатии назорат дар

соҳаи маориф

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*