ДДК соҳиби сертификати байналмилалии сифати Аврупо гардид!

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолияти хешро дар самти татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтаршавии сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва боло бурдани сатҳу сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ ва дурӣ ҷустан аз зуҳуроти номатлуб равона намуда истодааст. Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ куҳантарин донишгоҳ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон маҳсуб ёфта, дар омода кардани мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ саҳми шоиста гузоштааст ва имрӯз низ ин анъана давом дорад. Айни ҳол зиёда аз 10000 донишҷӯ дар ин боргоҳи илму маърифат таҳсили илм намуда, баҳри ободии кишвар бо дониши хубу ахлоқи намунавӣ дар донишгоҳ таҳсил карда истодаанд.

Бо Қарори Ташкилоти байналмилалии сертификати сифати аврупоии Институти шведсариягӣ (Донишгоҳи Оксфорди Британияи Кабир) Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи  Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳлати эътиборнокияш аз 30 08.2017 то 30.08.2018 соҳиби иҷозатнома (литсензия ва Сертификати байналмилалии сифати Аврупо (Ҷоиза) гардид.

Ин иҷозатнома ва ҷоиза бар пояи  саҳми назарраси донишгоҳҳо дар сатҳи байналмилалӣ ва ширкати кормандон дар лоиҳаҳои таълимӣ, чопи мақолаҳо дар маҷаллаҳои хориҷи кишвар тақдим гардида, мавқеъ, нуфуз ва рейтинги  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро боз ҳам баландтар гардонид.

 

“Омӯзгор”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*