Мактаб бину ҳол пурс!

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Восеъ яке аз мактабҳои куҳантарини ноҳия буда, таърихи 89 — сола дорад. То имрӯз ҳазорон нафар дар ин даргоҳи маърифат  таҳсил намудаанд. Мутаассифона, таълимгоҳ  ҳоло дар вазъи ногувори садамавӣ қарор  дошта, таҳсил дар синфхонаҳои таълимгоҳ хатарнок аст.

Бинои аввалаи муассиса, ки  солҳои 1928-29  барои 25-30 хонанда сохта шуда буд, бо мурури вақт аз байн рафтааст. Масоҳати умумии ҳозираи мактаб 1га заминро ташкил медиҳад. Айни замон таълимгоҳи мазкур аз чор бинои асосӣ, ки дар солҳои гуногун сохта шудааст, иборат аст.  Дар  он  940 хонанда дар ду баст таҳсил менамоянд, ки ба онҳо 56 омӯзгор дарс медиҳанд. Як бинои муассиса, ки аз 12 синфхона иборат буда, соли 2006 ба истифода дода шудааст,  дар ҳолати нисбатан хуб қарор дорад. Се бинои дигар солҳои 1960-1970 сохта шуда,    қисмати берунии онҳо харобу валангор гаштааст. 6 синфхонае, ки дар он  имконияти дарс гузаштан мавҷуд нест, баста шудааст.

Сақфҳои хароб, фаршҳои фарсуда ва деворҳои рутубатзада  аз корношоям шудани бинои  мактаб дарак медиҳанд. Рутубат ва намнокии зиёд ҳавои синфхонаҳоро вазнин кардааст. Директори муассиса Баҳодур Рафиев мегӯяд, ки  боми мактаб ба воситаи маблағҳои хайриявии падару модарон ва шахсони саховатпеша таъмиру азнавсозӣ гардид. Деворҳои бино, ки аз тахтаву фанер бо усули финӣ  сохта шудаанд, пӯсидаанд. Ҳангоми заминларза ва боришоти зиёди барфу борон ба дохили синфхонаҳо об медарояд. Б.Рафиев афзуд, ки ҳамасола дар нақшаи хароҷоти мактаб барои таъмири бино ва зимистонгузаронии муассиса  ягон маблағ ҷудо намешавад. Бо маблағи ночизи ҷамъоварӣ намудаи волидон тармими бинои фарсудаи мактаб имконнопазир аст.  Мо бо қувваи кормандони хоҷагии мактаб зуд-зуд девору роҳравҳои таълимгоҳро таъмир мекунем. Ба суҳбати мо омӯзгори собиқадори мактаб Мустафо Исҳоқӣ  ҳамроҳ шуда мегӯяд, ки ман аз давраи ҷавониям  дар ҳамин мактаб фаъолият мекунам. Ёд надорам, ки дар ин муддат боре мактабро таъмири фарогир карда бошанд. Сол то сол вазъ бадтар мешаваду беҳтар не. Баъди давутоз ва муроҷиатҳои омӯзгорону волидони хонандагон  соли 2012  бо дастгирии раиси вақти вилоят ва маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои хонандагони деҳа сохтмони бинои дуошёна барои 240 хонанда оғоз гардид. Пас аз бунёди ошёнаи дуюм аз сабаби  ҷудо нагардидани маблағ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон корҳои сохтмонӣ, ки аз тарафи пудратчӣ ҶДММ «Ҳасанбегӣ» (роҳбараш Аловиддин Шернаев) иҷро мешуд, қатъ гардид. Аз сабаби болопӯш надоштани бино деворҳои он аз боду борон зарар диданд. Бо дастгирии раиси ноҳия ва соҳибкорони маҳаллӣ боми бино пӯшонида  шуд. Дар қисмати дохил ва беруни бино корҳои нотамоми зиёд мондааст. Мутаассифона, мутасаддиёни сохтмон аз сабаби ҷудо нагардидани маблағҳои зарурӣ корро ба имрӯзу фардо вогузор кардаанд.

 

Шариф  АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*