Омӯзиш зарур аст

Бо ибтикории шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и Ҷамоати деҳоти Ватан семинар – машварат бо иштироки директорони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид.

Мудири шуъбаи маориф Ғазалшо Сафарзода дар мавзӯи «Баланд бардоштани маҳорати касбии директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, томактабӣ ва таҳсилоти иловагӣ» суханронӣ намуд. Сипас, директори муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия Севарой Сафарзода дар мавзӯи «Роҳҳои ба меҳнат ва касбҳои коргарӣ тайёр намудани хонандагон дар маҳфилҳои фаннӣ» маърӯза кард. Дар қисмати дуюми семинар – машварат директорони муассисаҳои таълимӣ баромад карда, фикру мулоҳизаҳои худро оид ба роҳҳои баланд бардоштани маҳорати касбӣ, сифати таълиму тарбия ва сатҳи дониши хонандагон баён намуданд.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*