Форуми ҷавонон: «Барои сулҳ, ҳамраъйӣ ва адолати иҷтимоӣ»

Форуми ҷавонон: «Барои сулҳ, ҳамраъйӣ ва адолати иҷтимоӣ»

Форуми умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён таърихи тӯлонӣ дошта, дар муттаҳид намудани тамоми ҷавонони ҷаҳон нақши муассир мебозад.

Баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ (октябр — ноябри соли 1945) дар шаҳри Лондон конфронси ҷавонон барои сулҳ баргузор гардид. Дар он Федератсияи демократии умумиҷаҳонии ҷавонон таъсис ёфт ва ба гузаронидани Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён замина гузошта шуд. Аввалин Форуми умумиҷаҳонии ҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён соли 1947 дар Прага гузаронида шуд, ки аз ҳама дарозтарин ва тӯлонитарин форум дар таърих мебошад (6 ҳафта идома ёфт). Дар он аз 71 давлат 17 ҳазор ҷавону донишҷӯ  иштирок карданд. Сипас, дар шаҳрҳои Будапешт (1949), Берлин (1951), Бухарест (1953) Варшава (1955) Форуми умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён баргузор шуданд. Аввалҳо дар ду сол як маротиба форуми мазкур гузаронида мешуд. Охири солҳои чилум ва аввали солҳои 50-уми асри гузашта теъдоди иштирокдорони форум афзуд.

6-умин Форуми умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён  соли 1957 дар шаҳри Москва гузаронида шуд. Дар он аз 134 давлати дунё 34 ҳазор нафар иштирок карданд, ки ин теъдод рекордӣ буд. Аз солҳои 60-ум фосилаи гузаронидани форум зиёд гардид.

Соли 1957 7-умин Форуми умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён  дар пойтахти Австрия — шаҳри Вена баргузор шуд. Форумҳои минбаъда дар шаҳрҳои Хелсинки (1962) ва София (1968) ба вуқӯъ пайвастанд. Соли 1973 10-умин Форуми умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён бори дуюм дар шаҳри Берлин барпо гашт. Соли 1978 бори аввал форуми мазкур  дар қитъаи Амрико –пойтахти Куба шаҳри Гавана гузаронида шуд. Дар соли 1985 дар шаҳри Москва 12-умин  форум гузаронида шуд, ки дар он 26 ҳазор  нафар аз 157 давлати дунё иштирок карданд.

Соли 1989 13-умин форуми умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён дар қитъаи Осиё –Ҷумҳурии халқӣ-демократии Корея —  шаҳри Пхенян  гузаронида шуд. Охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-уми асри гузашта  форум аз фаъолият бозмонд. Бо ташаббуси узви форум ва яке аз таъсисдиҳандагони он, собиқ Президенти Куба Фидел Каст-ро фаъолияти форум аз нав барқарор карда шуд ва соли 1997 14-умин форум дар Гавана гузаронида шуд.

Соли 2001 бори аввал дар қитъаи Африқо  15 –умин форум  дар Алҷазоир ба вуқӯъ пайваст. Дар он теъдоди хеле ками ҷавонон — 6500 нафар иштирок карданд, ки дар таърихи форум аз ҳама камтарин ба ҳисоб меравад. 14-умин фестивал дар шаҳри Каракасеи Венесуэла дар соли 2005 баргузор гашт, ки дар он 17 ҳазор нафар аз 144 давлати дунё иштирок карданд. 17-умин форум дар соли 2010 дар Африқои Ҷанубӣ ба вуқӯъ омад. 18 — умин форум дар Эквадор декабри соли 2013 гузашт, ки дар он 8 ҳазор нафар аз 88 мамлакат иштирок карданд.

19-умин Форуми ҷавонон ва донишҷӯён 15-22 октябри соли равон дар шаҳрҳои Москва ва Сочии Федератсияи Россия баргузор гардид. Дар он беш аз 30 ҳазор нафар ҷавону донишҷӯ аз 188 давлати дунё ширкат намуда, 5000 ҳазор нафар  ихтиёриён (волонтёр) хидмат расониданд, ки дар қатори онҳо донишҷӯёни  тоҷике, ки дар Федератсияи Россия таҳсил доштанд, фаъолияти хуб нишон доданд.

Бояд қайд кард, ки барои гузаронидани форум Кумитаи байналмилалии омодагӣ ва Кумитаи миллии омодагӣ дар давлати баргузоршаванда таъсис дода мешавад. Дар форуми мазкур бори аввал беш аз 80 ҷавону донишҷӯи фаъоли тоҷик  иштирок карданд. 19-умин Форуми умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён бо шиори «Барои сулҳ, ҳамраъйӣ ва адолати иҷтимоӣ, ба муқобили империализм – ба гузашта эҳтиром дорем, ояндаро месозем» амал кард.

Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозоралӣ Одиназода, ки роҳбарии ҳайати Тоҷикистонро ба уҳда дошт, бардошти хешро аз ин форуми бонуфуз чунин иброз дошт: — Воқеан, аз  иштирок дар Форуми байналмилалии ҷавонон ва донишҷӯён таассуроти нек  бардоштем. Дар он бо таъриху фарҳанги ҷаҳон бештар ошноӣ пайдо намудем ва равобити донишҷӯёну ҷавонони тоҷик бо тамоми ҷаҳон вусъати тоза пайдо кард.  Ин форум ба мо имкон дод, ки дар баробари ошноӣ пайдо кардан ва равобити дӯстии донишҷӯёну ҷавонон, инчунин, дастоварду пешравӣ ва фарҳанги Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Ҳамчунин, дар ҳошияи баргузории форум мулоқоти ҷавонон дар доираи давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар он намояндагони ҷавонони Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Белорус, Қазоқистон, Турк-манистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон иштирок намуданд. Дар мулоқоти мазкур масъалаҳои марбут ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар кишварҳои узви ИДМ, рушди маърифати ҳуқуқиву сиёсии ҷавонон ва дастгирии соҳибкорони ҷавон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зикр гардид, ки  яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонони Тоҷикистон  дуруст тарбия намудани насли наврас мебошад. Аз ин рӯ, бо назардошти нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа ва ғамхории бештар нисбат ба ин қишри фаъол аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон гардид. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кӯшиш менамояд, ки шароиту имконоти беҳтарро барои ҷавонони  таъмин намояд.

Дар  мулоқот ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароии ҷаҳонӣ, қочоқи маводи мухаддир миёни ин насл ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Зикр шуд, ки ҷавонон бояд бо корҳои манфиатовар ба худ ва ҷомеа машғул шаванд, худро аз ҳар гуна хатарҳои ҷаҳонӣ эмин нигоҳ дошта, дар пешравии кишварҳои хеш саҳмгузорӣ намоянд. Дар ин самт иштирокдорон, ҳамчунин, ба масъалаи рушди фаъолияти волонтёрӣ дар кишварҳои худ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Таъкид шуд, ки мактаби волонтёрӣ бояд ба муҳаррики самтбахши ҷавонон табдил дода шавад. Волонтёрони кишварҳои зикршуда дар пешбурди сиёсати давлат саҳми назаррас доранд, аммо дар роҳи пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ саҳлангориҳо дида мешаванд. Албатта, дар ин роҳ мо – масъулин бояд корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем, то волонтёрон омӯзанд ва ҷасурона дар ин самт саҳмгузор бошанд.

Бояд қайд кард, ки  мулоқоти намояндагони ҷавонони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳошияи Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён  бо пешниҳоди Тоҷикистон ташкил ва баргузор карда шуд.

Шоистаи таъкид аст, ки форум бо 6 забон амал кард, ки  дар он беш аз 1000 нафар спикерон (баромадкунандагон) аз тамоми дунё суханронӣ карданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозоралӣ Одиназода — муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши илмҳои навин ва ояндабинии иқтисодиёти ҷаҳон баъд аз соли 2030  ва дар бахши варзиш Назаров Дилшод-муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  баромад карданд.

Форум аз бахшҳои иқтисодиёти ҷаҳон баъд аз 2030, илм ва фановариҳо, нанотехнология, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ҳифзи муҳити зист, тибби навин, сиёсати ҷаҳонӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, терроризм ва роҳҳои пешгирии он, фарҳанг ва варзиш иборат буд. Намояндагони Тоҷикистон дар ҳамаи бахшҳои фестивал иштироки фаъол доштанд. Ҳамзамон, барои иштироки фаъол дар қисматҳои илмию омӯзишӣ намояндагони Точикистон сазовори роҳхати алоҳида барои таҷрибаомузӣ ба муассисаҳои олии Россия гаштанд. Дар бахши варзиш ҷавонони тоҷик фаъолияти хуб нишон дода, сазовори Ифтихорнома ва туҳфаҳо гардиданд.

 

Насриддин Охунзода,

“Омӯзгор”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*